Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд грамм нону... гӯшт. Тоҷикон дар як рӯз бояд чӣ хӯранд?


Дар Тоҷикистон меъёри тавсиявии истеъмоли маҳсулоти асосии ғизоиро барои ҳар як сокини кишвар муайян карданд.

Бар асоси ин меъёр, ҳар як шаҳрванди кишвар дар як рӯз бояд 112 грамм гӯшт, 405 грамм нон, 25 грамм моҳӣ, 316 грамм шир, 46 грамм равған, 55 грамм шакар, 455 грамм сабзавот, 340 грамм мева, 252 грамм картошка ва ним тухм истеъмол кунад.

Дар сурати лозимӣ, вазоратҳои дахлдори Тоҷикистон ба меъёрҳои мазкур тағйиру иловаҳо ворид хоҳанд кард.

Ба гуфтаи мансабдорони тоҷик, дар меъёрҳои тавсиявӣ ҳадди ақали маҳсулоти асосии ғизоӣ гуфта шудааст ва ин пеш аз ҳама барои вазоратхонаҳои марбутаи кишвар лозим аст, ки тавонанд, хароҷоти зиндагии мардумро зуд ва осонтар муайян кунанд.

Олимҷон Бобоев, вакили Маҷлиси намояндагон аз Кумитаи умури иқтисодӣ ва молия мегӯяд, ин меъёрҳо кори мақомотро барои муайян кардани норасоии кадом маҳсулот ва тақвияти корҳо дар кадом бахш осон мекунад. Сокинони Тоҷикистон дар як назарпурсии Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамеша талош мекунанд, сарфаҷӯӣ кунанд ва маҳсулотеро, ки муҳлати истифодааш дароз аст, пештар мехаранд.

Бино ба иттилои барномаи ҷаҳонии ғизои СММ, ҳудуди 30%-и тоҷикистониён аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд. Ин теъдод асосан сокинони деҳотанд, ки серфарзанд буда, дар онҷо истеҳсолот вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG