Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои ротаҳои низомӣ 5 сарбозро ба зиндон бурд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе панҷ сарбози тоҷикро барои бадрафторӣ бо ҳамхидматонашон ва риоя накардани ойинномаи ҳарбӣ ба зиндон маҳкум кардааст.

Маҷбур мекунанд баъзе корҳоеро бикунӣ, ки дар хонаат намекунӣ. Ё агар иҷро ҳам кунӣ, гаштаву баргашта камбуд мекобанд ва азият медиҳанд. Онҳо чунин рафторро зӯрӣ ва бузургӣ медонанд

Ҳукми додгоҳ моҳи июл содир шудааст. Ду сарбози воҳиди низомии 15426-и Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб барои кордкашӣ ба сари ҳамхидматон ва се нафари дигар аз ҳамин қисми ҳарбӣ барои латту кӯб ваё, ба гуфтаи мақомоти додгоҳ, “нишон додани бартарии худ аз дигарон” ҷазо гирифтаанд.

Нусхаи ҳукми Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми сентябр дастраси Радиои Озодӣ шуд. Бино ба он, панҷ сарбоз бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибати байниҳамдигарии хидматчиёни ҳарбӣ” ва “шарикӣ дар ҷиноят” – муҷрим шинохта шуда, ҳар кадом ба 2-солии зиндон маҳкум гардидаанд.

Баъди ду сол дар артиш, ду соли дигар дар зиндон

Дар ҳоли ҳозир назари хонавода ва вакилони мудофеи маҳкумшудаҳо дастрас нестанд. Вале дар Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми сарбозон ба иҷро даромад.

Мақомоти Додгоҳи низомии Душанбе гуфтанд, ҳодиса баҳори имсол, пас аз он рух дод, ки сарбози “ротаи тирандози савора” Фарид Мунавваров ҳамхидматаш Муҳибулло Билоловро аз “ротаи батареяи омехта” ба фаршшӯӣ маҷбур кардааст. “Мунавваров, ки барои анҷоми хидматаш як моҳ монда буд, аз ин тариқ мехост, бартарии худро нишон бидиҳад. Аммо иҷро нашудани супориш аз тарафи дувумӣ хашми ӯро барангехтааст”, - гуфтанд дар додгоҳ.

Мурғоб
Мурғоб

Фарид Мунавваров зодаи шаҳри Турсунзода буда, баҳори соли 2016 ба хидмати сарбозӣ рафтааст. Вай бояд моҳи апрели соли 2018 аз хидмат озод ва ба хонаашон бармегашт. Аммо бархӯрд бо сарбозони аз худаш хурдтар ӯро ба мушкил печонд. Бино ба санаде, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст, “Фарид Мунавваров чанд дафъа ба пои чап ва пушти Билолов зада, баъдан бо шариконаш Исмоил Раҳматов ва Неъмат Ишматов ба қафаси синаи Нурмуҳаммад Сафаров аз “ротаи батареяи омехта” чанд мушт фаровардаанд. Онҳо, ҳамчунин, ба пову қафаси синаи Баҳром Аланазаров ва сари Ромиз Раҳмонов бо камарбанд зада, таҳдид кардаанд, ки “Шумо танҳо ҳамин шаб ҳаёт доред”.

Хусрав Давлатзода, муовини раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе дар шарҳи ҳукми додрас гуфтааст, ин ҳолат хусумати байни “ротаи батареяи омехта” ва “ротаи тирандози савора”-ро ба вуҷуд овардааст. Ба қавли ӯ, Сайфиддин Раҳимов ва Шаҳбоз Ёрматов, намояндагони “ротаи батареяи омехта” барои ситондани қасоси ҳамхидматони худ бо корд ба қафаси синаи Фарид Мунавваров се зарба задаанд.

“Шаҳбоз Ёрматов бо кордчаи хоҷагидорӣ сарбози қатории ротаи тирандози савора ба тахтапушти Ғуфрон Қурбонзода се зарба задааст”, - афзудааст ӯ.

Дар паи ин моҷаро кор ба додгоҳ рафт ва моҳи июли имсол додгоҳи низомии Душанбе Садриддин Раҳимову Шаҳбоз Ёрматов аз ротаи батареяи омехта ва Фарид Мунавваров, Неъмат Ишматов ва Исмоил Раҳматовро аз ротаи тирандози савора айбдор донист ва ба зиндон маҳкум кард.

"Мероси хидмат"

Шириншоҳи Одил, сарбози собиқи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки хидматашро дар наздикии шаҳри Душанбе гузарондааст, мегӯяд, аксар вақт ҷанҷол аз бетаваҷҷуҳии хурдон ба супориши “бузургон” сар мезанад. “Хуни ҳамаи ҷавонҳо дар ҷӯш аст. Маҷбур мекунанд баъзе корҳоеро бикунӣ, ки дар хонаат намекунӣ. Ё агар иҷро ҳам кунӣ, гаштаву баргашта камбуд мекобанд ва азият медиҳанд. Онҳо чунин рафторро зӯрӣ ва бузургӣ медонанд. Мутаассифона, ин рафтор аз як насл ба насл дар артиш ба мерос мемонад. Касе чунин азият дидааст, аз худ хурду заифро ҳамингуна азият мекунад ва ин як ё ду ҳолат нест”, - гуфт ӯ.

Мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки дар пайи барномаҳои вижаи тарбиявӣ ва фарҳангии онҳо дар қисмҳои низомӣ як пешравие дар амри таҳрири вазъ дар артиш ҳосил шудааст. Вале боз ҳам ҳодисаҳои хушунат дар артиш сабт мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар як гузориши худ охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтааст.

Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳидниз то 18-уми майи соли 2019 ба Тоҷикистон фурсат додааст, ки дар баробари шиканҷа, дар бораи ислоҳи ҳолатҳои “дедовшина”, муносибати дағалона ва шиканҷа дар сафи нирӯҳои мусаллаҳ низ ба онҳо гузориш бидиҳад. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад. Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ аз соли 2014 ба ин сӯ ҳадди ақал 8 ҳодисаи марги сарбозонро дар артиш сабт кардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG