Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Русия "дар ҳолати лозим" бомбаборони Идлибро идома медиҳад


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки дар ҳолати зарурӣ ҳавопаймоҳои Русия бомбаборони Идлибро идома медиҳанд. Лавров ҳамзамон таъкид кард, ки низомиёни Русия "мушкили аҳолии мулкӣ"-ро дар назар мегиранд ва барои берун шудани хоҳишмандон аз минтақаи таҳти назари мухолифин долонҳои амниятӣ пешниҳод мекунанд.

Сергей Лавров, ки рӯзи 14 сентябр дар Форуми Русияву Олмон дар Берлин суханронӣ мекард, гуфт, ки ҳавопаймоҳои Русия танҳо пойгоҳҳои ба гуфтаи ӯ "террористҳо", махсусан корхонаҳоеро, ки дар онҳо дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин тавлид мешавад, ҳадаф қарор медиҳанд. Аммо фаъолони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ ба муассисаҳои мулкӣ, бо шумули бемористонҳо анҷом шуданд.

Лавров гуфт, ки нерӯҳои Сурия ҳамлаи Идлибро ҳанӯз оғоз накардаанд. Ӯ таъид кард, ки президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон барои баррасии масъалаи Идлиб бо Владимир Путин, рӯзи 17 сентябр ба Сочӣ меравад.

Дар мулоқоти ахири президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо раисони ҷумҳури Эрон ва Русия дар робита ба Идлиб ихтилофи назар ошкор шуд. Эрдуғон барномаи ҳукумати Сурия ва шариконаш барои ҳамла ба Идлибро ба сароҳат рад кард. Кишварҳои Ғарб, Туркия ва СММ ҳушдор додаанд, ки ҳамла ба Идлиб метавонад ба фоҷеаи инсонӣ расонад. Дар Идлиб то 3 миллион одам зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG