Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи телевизионии Ҳусейн Абдусамадов дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ


Акси Ҳусейн Абдусамадов аз барномаи телевизионӣ гирифта шудааст
Акси Ҳусейн Абдусамадов аз барномаи телевизионӣ гирифта шудааст

Ҳусейн Абдусамадов, як сокини Душанбе, ки дар ширкат ба ҳамлаи сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони Данғара рӯзи 29 июл гумонбар мешавад, барои нахустин бор баъди ин ҳодиса дар як барномаи телевизиони давлатӣ зоҳир шуд. Дар барномаи телевизионии “Гирдоб”, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон таҳия ва шоми 4 сентябр дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ намоиш дода шуд, Ҳусейн Абдусамадов гуфт, ки масъулияти раҳбарии гурӯҳи ҳамлагарон ба сайёҳони хориҷиро ба дӯш дошт.

Абдусамадов дар ин барнома гуфт, ки ҳамларо бо супориши шахсе бо номи Қорӣ Носир анҷом додааст. Ӯ инчунин иддао кард, ки нақшаи ташкили ҳамларо раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ кашида ба онҳо супориш додааст, ки “дар Тоҷикистон амалеро анҷом диҳанд, ки хусусияти байналмилалӣ дошта бошад”.

Санҷиши дурустии ҳарфҳои Абдусамадов имкон надорад, чун худи ӯ баъди ҳамла ба сайёҳон дар боздошт ба сар мебарад. Дар гузашта ҲНИТ даст доштанаш дар ҳамла ба сайёҳонро рад карда ин иттиҳомро “бемантиқ” хондааст.

Дар барномаи телевизионии “Гирдоб” инчунин саҳнаи аз бонк пул гирифтани Абдусамадов, ки камераҳои назоратии бонки “Эсхата” дар Норак сабт кардааст, намоиш дода шуд. Тафтишот мегӯяд, ки ин маблағ барои ташкили ҳамла ба хориҷиҳо ирсол шудааст.

Ин нахустин ҳузури Ҳусейн Абдусамадов дар телевизион баъди ҳамлаи маргбор ба 7 сайёҳи хориҷӣ мебошад. Дар он ҳодиса ҳамлагарон савори мошине нахуст ба сайёҳони велосипедсавор ҳамла карда дар пай онҳоро бо корд ба ҳалокат расониданд. Дар натиҷа, 4 нафар шаҳрвандони Амрико, Ҳолланд ва Швейсария кушта шуда, се нафар захмӣ шуданд.

Мақомоти тоҷик масъулияти ин ҳамларо ба дӯши ҲНИТ вогузор карданд, вале дере нагузашта дар интернет саҳнаи ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” савганд ёд кардани афроди гумонбар дар ҳамла нашр шуд. Рӯзи 4 сентябр дар як мусоҳибааш бо “Азия-Плюс” кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфт, ки “методи анҷоми ин ҳамла ба ҷиноятҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” шабоҳат дорад.

Дар изҳороти додситонии кулли Тоҷикистон дар робита бо ин ҳодиса моҳи август гуфт шуд, ки ин ҳамларо Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо (сокинони Норак) анҷом додаанд. Дар амалиёти боздошти ҳамлаварон чаҳор нафари онҳо “безарар гардонда шуда”, танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG