Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия тӯли 15 рӯз идома кард, бо як маросими пуршукӯҳ шоми якшанбеи 2-юми сентябр ба анҷом расид. Дар ин бозиҳо беш аз 11 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора иштирок доштанд.
- Дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар варзишгоҳи «Gelora Bung Karno Main Stadium»-и Ҷакарта барпо гардид, ҳозирин аз тамошои барномаи ҷолиби фарҳангиву консертӣ лаззат бурданд.
Раиси кумитаи тадорукоти Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ Эрик Тоҳир ширкаткунандагонро бо анҷоми муваффақонаи бозиҳо табрик кард. Шайх Аҳмад Ал-Сабоҳ Ал-Фаҳад, раиси Шӯрои олимпии Осиё (ШОО), ба мизбонон ва ҳамаи онҳое, ки дар баргузории ин чорабинии бузурги варзишӣ саҳми арзанда гузоштанд, изҳори сипос намуд.
Парчами Шӯрои олимпии Осиё, ташкилкунандаи ин бозиҳо, поён фароварда шуд ва онро раиси ШОО ба президенти Кумитаи миллии олимпии Чин супурд.
Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ соли 2022 дар шаҳри Ҳуангжоуи Чин баргузор мешаванд. Ҳамин тариқ, оташи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар варзишгоҳи «Gelora Bung Karno Main Stadium»-и Ҷакарта хомӯш гардид.
Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуданд, варзишгарон барои 465 маҷмӯи медалҳо оид ба 40 намуди варзиш рақобат карданд.
Дар ин бозиҳо мунтахаби Чин дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби 289 медал (132 тилло, 92 нуқра ва 65 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намуд. Ҷопон бо касби 205 медал (75-56-74) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 177 медал (49-58-70) дар мақоми севум қарор гирифтанд.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин, Индонезия бо касби 98 медал (31-24-43), Узбекистон бо касби 70 медал (21-24-25), Эрон бо касби 62 медал (20-20-22), Тайбейи Чин бо касби 67 медал (17-19-31), Ҳиндустон бо касби 69 медал (15-24-30), Қазоқистон бо касби 76 медал (15-17-44) ва Кореяи Шимолӣ бо касби 37 медал (12-12-13) дохил шуданд.
Умуман, варзишгарони 37 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 29 кишвар нишонҳои тилло ба даст оварданд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Узбекистон бо касби 70 медал (21-24-25) дар ҷойи 5-ум, Қазоқистон бо касби 76 медал (15 тилло, 16 нуқра ва 44 биринҷӣ) дар ҷойи 9-ум, Қирғизистон бо касби 20 медал (2 тилло, 6 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи 22-юм, Тоҷикистон бо касби 7 медал (4 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ) дар ҷойи 30-юм ва Туркманистон бо касби 3 медал (1 медали нуқра ва 2 нишони биринҷӣ) дар ҷойи 32-юм қарор гирифтанд.
Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ мунтахаби Қазоқистон бо шумули 440 варзишгар, аз он ҷумла 404 нафар барои медалҳо дар 25 намуди варзиши олимпӣ оид ба 37 навъи рақобатҳо ширкат дошт. Вале мунтахаби Қазоқистон дар ҳисоби умумидастаӣ барои бори аввал ба панҷгонаи беҳтарин дохил нашуд. Соли 2014 Қазоқистон дар Бозиҳои осиёӣ дар Инчон бо 28 медали тилло мақоми чорумро касб карда буд.
Узбекистонро 232 варзишгар оид ба 30 намуди варзиш намояндагӣ кард. Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби Узбекистон ба натиҷаҳои беҳтарин ноил шуд. Мунтахаби Узбекистон ҳам аз ҷиҳати сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар таърихи ширкати худ дар Бозиҳои осиёӣ рекорд гузошт ва аввалин бор дар ҳисоби умумидастаӣ ба панҷгонаи беҳтарин дохил шуд.
Ба ҳайати варзишии Қирғизистон ҳудуди 100 кас дохил буд. Варзишгарони қирғиз дар 29 намуд рақобат карданд. Мунтахаби Қирғизистон дар Бозиҳои осиёии соли 2018 натиҷаҳояшро хеле беҳтар намуд ва соҳиби 20 медал, аз он ҷумла 2 медали тилло гардид. Варзишгарони қирғиз дар Бозиҳои осиёӣ соли 2014 ҳамагӣ 6 медал (2 нуқраву 4 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Туркманистонро дар ин бозиҳо 65 варзишгар дар даҳ намуд намояндагӣ кард. Натиҷаи имсолаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои осиёӣ нисбат ба соли 2014 пасттар аст. Дар Инчон варзишгарони туркман 6 медал (1 нуқраву 5 биринҷӣ) гирифта буданд.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ бештар аз 100 касро ташкил медод, ки 81 нафарашон варзишгар буданд. Онҳо дар мусобиқот оид ба 16 намуд – бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, гуштии озод ва юнониву румӣ, камонварӣ, каратэ, кураш, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, самбо, таэквондо WTF, тирандозӣ, ушу, футбол, ҷудо, ҷиу-ҷитсу ва шиноварӣ - ширкат варзиданд.
Чор медали нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр, Беҳрӯзи Хоҷазода дар намуди гуштии кураш дар вазни зери 81 кило, Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи инфиродии қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо натиҷаи 4:05.950 ва Умед Ҳасанбеков дар риштаи самбо дар вазни беш аз 100 кило оварданд.
Аз се медали биринҷӣ дутоашро Комроншоҳи Устопириён дар риштаҳои ҷудо ва самбо дар вазни зери 90 кило ва яктоашро Шакармамад Мирмамадов оид ба ҷудо дар вазни беш аз 100 кило соҳиб шуданд.
Варзишгарони тоҷик - ҷоизадорони Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия - бо мукофотҳои пулӣ сарфароз хоҳанд шуд. Бар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 №493 ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиё мукофотпулиҳои Ҷоизаи президенти Тоҷикистон муқаррар шудааст: барои медали тилло - 150000 сомонӣ (наздики 16 ҳазор доллари ИМА), барои медали нуқра - 100000 сомонӣ (бештар аз 10 ҳазор доллари ИМА) ва барои медали биринҷӣ - 50000 сомонӣ (бештар аз 5 ҳазор доллари ИМА).
Вале натиҷаҳои ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVIII осиёӣ дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия нисбат ба Бозиҳои XVII осиёӣ, ки соли 2014 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буданд, аз ҷиҳати сифати медалҳо пасттар мебошад. Ҳарчанд шумораи медалҳои ба даст овардаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои охирин нисбат ба чаҳор соли пеш ду адад зиёд аст, вале ин дафъа варзишгарони тоҷик медали тилло ба даст оварда натавонистанд.
Бинобар ин, мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVIII осиёӣ нисбат ба Бозиҳои XVII осиёӣ дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо ҳафт зина поён шуд. Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ аз соли 1994 то кунун ҷойи 23-юм дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон мебошад.
Дар Бозиҳои Инчон Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 77 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашта буд. Вале ин дафъа ӯ натавонист медали чаҳоруми тиллоии Бозиҳои осиёиро ба даст оварад. Зимнан, ӯ аз мухлисонаш дар саҳифаи фейсбукии худ маъзарат хостааст.
Дар Бозиҳои Инчон аз панҷ медали варзишгарони тоҷик яктоашро намояндаи ҷинси латиф - Моҳрӯ Ҳалимова – дар риштаи таэквондо WTF миёни занон дар вазни беш аз 73 кило ба даст оварда буд. Вале ин дафъа варзишгарзанони тоҷик аз медалҳои Бозиҳои осиёӣ бенасиб монданд.
Аз 81 варзишгари тоҷик, ки дар Бозиҳои XVIII осиёӣ ширкат дошт, 28 нафарашон занон буданд. Онҳо дар ҳашт намуд иштирок карданд:18 нафар дар мусобиқаи футболи занона, дунафарӣ дар риштаҳои бокс, камонварӣ ва шиноварӣ, якнафарӣ оид ба варзиши сабук, каратэ, тирандозӣ ва ҷудо.
Натиҷаҳои нишондодаи дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ боиси нигаронии мутахассисону ҳаводорони футбол гардид. Мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳи “В” дар ду бозӣ аз дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Чин бо ҳисоби якхелаи 0:16 ва дар бозии севумаш аз тими Ҳонконг бо ҳисоби 1:6 мағлуб гашт.
Умуман, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар панҷ намуд ҳафт медал ба даст оварданд. Аз он ҷумла дар се намуди олимпӣ чор медал – варзиши сабук (гурзандозӣ, як медали нуқра), қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ (як медали нуқра), ҷудо (ду медали биринҷӣ) ва дар ду намуди ғайриолимпӣ се медал – кураш (як медали нуқра) ва самбо (як медали нуқра ва як медали биринҷӣ) - гирифтанд.
Вале намояндагони Тоҷикистон дар 11 намуд, аз он ҷумла 9 намуди олимпӣ (бокс, вазнабардорӣ, гуштии озод ва юнониву румӣ, камонварӣ, каратэ, таэквондо WTF, тирандозӣ, шиноварӣ ва футбол), инчунин дар ду намуди ғайриолимпӣ (ҷиу-ҷитсу ва ушу) бе медал монданд.
Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат карданд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 28 медал (4 тилло, 7 нуқра ва 17 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзан Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.
Ба назари коршиносони соҳа натиҷаҳои нишондодаи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ қаноатбахш нест. Бинобар ин, масъалаи натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо бояд дар сатҳи Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ ва баҳогузорӣ карда шавад.
Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ
Ҳисоби медалҳо:
Ҷой |
Кишвар |
Т |
Н |
Б |
Ҳ |
1 |
Чин |
132 |
92 |
65 |
289 |
2 |
Ҷопон |
75 |
56 |
74 |
205 |
3 |
Кореяи Ҷанубӣ |
49 |
58 |
70 |
177 |
4 |
Индонезия |
31 |
24 |
43 |
98 |
5 |
Узбекистон |
21 |
24 |
25 |
70 |
6 |
Эрон |
20 |
20 |
22 |
62 |
7 |
Тайбэйи Чин |
17 |
19 |
31 |
67 |
8 |
Ҳиндустон |
15 |
24 |
30 |
69 |
9 |
Қазоқистон |
15 |
17 |
44 |
76 |
10 |
Кореяи Шимолӣ |
12 |
12 |
13 |
37 |
11 |
Баҳрайн |
12 |
7 |
7 |
26 |
12 |
Тайланд |
11 |
16 |
46 |
73 |
13 |
Ҳонконг, Чин |
8 |
18 |
20 |
46 |
14 |
Малайзия |
7 |
13 |
16 |
36 |
15 |
Қатар |
6 |
4 |
3 |
13 |
16 |
Муғулистон |
5 |
9 |
11 |
25 |
17 |
Ветнам |
4 |
16 |
18 |
38 |
18 |
Сингапур |
4 |
4 |
14 |
22 |
19 |
Филиппин |
4 |
2 |
15 |
21 |
20 |
Имороти Муттаҳидаи Араб |
3 |
6 |
5 |
14 |
21 |
Кувайт |
3 |
1 |
2 |
6 |
22 |
Қирғизистон |
2 |
6 |
12 |
20 |
23 |
Урдун |
2 |
1 |
9 |
12 |
24 |
Камбоҷа |
2 |
0 |
1 |
3 |
25 |
Арабистони Саудӣ |
1 |
2 |
3 |
6 |
26 |
Макао, Чин |
1 |
2 |
2 |
5 |
27 |
Ироқ |
1 |
2 |
0 |
3 |
28 |
Лубнон |
1 |
1 |
2 |
4 |
28 |
Мунтахаби муттаҳидаи Корея |
1 |
1 |
2 |
4 |
30 |
Тоҷикистон |
0 |
4 |
3 |
7 |
31 |
Лаос |
0 |
2 |
3 |
5 |
32 |
Туркманистон |
0 |
1 |
2 |
3 |
33 |
Непал |
0 |
1 |
0 |
1 |
34 |
Покистон |
0 |
0 |
4 |
4 |
35 |
Афғонистон |
0 |
0 |
2 |
2 |
35 |
Мянмар |
0 |
0 |
2 |
2 |
37 |
Сурия |
0 |
0 |
1 |
1 |
- |
Бангладеш |
0 |
0 |
0 |
0 |
- |
Бруней |
0 |
0 |
0 |
0 |
- |
Бутан |
0 |
0 |
0 |
0 |
- |
Тимори Шарқӣ |
0 |
0 |
0 |
0 |
- |
Яман |
0 |
0 |
0 |
0 |
- |
Молдив |
0 |
0 |
0 |
0 |
- |
Умон |
0 |
0 |
0 |
0 |
- |
Фаластин |
0 |
0 |
0 |
0 |
- |
Шри-Ланка |
0 |
0 |
0 |
0 |