Мақомоти Тоҷикистон тартиби гузоштани санги мазорро муайян кардаанд. Ба қавли онҳо, аз ин ба баъд соҳибони майит дар сари қабри наздикони худ бояд бар асоси ҳамин тартиби муқарраршуда санг фармоиш диҳанд.
Як мақоми Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тартиби нав бар асоси як қарори ҳукумат муайян шудааст. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, тибқи тартиби нав санги мазор набояд бештар аз як метр баландӣ ва аз 50 сантиметр паҳноӣ дошта бошад.
“Якум. Санги мазори уфуқӣ бояд дарозиаш то 1,5 метр, паҳноиаш то як ва баландиаш ним метр бояд бошад. Дувум. Санги мазори амудӣ бояд то як метр баландӣ, ним метр паҳноӣ ва то даҳ сантиметр ғафсӣ дошта бошад”, - шарҳ дод манбаъ.
Ин масъули Кумитаи дин афзуд, намояндагони онҳо дар маҳал ва ҳам шӯроҳои маҳалла иҷро шудани ин тартибро назорат мекунанд. Аммо ӯ гуфт, ки феълан барои нақзи ин тартибот ҷарима муқаррар нашудааст ва танҳо “корҳои фаҳмондадиҳӣ” бурда мешавад.
Баъзе аз сокинон мегӯянд, ки ин тартиб то ҳадде сарватмандиву камбағалиро дар гӯристонҳо аз байн хоҳад бурд. Субҳиддин, як сокини ноҳияи Ашт, гуфт, “баъзе одамони тавоно барои наздиконашон санги бузургу гаронбаҳо фармоиш медиҳанд. дасти одамони камбағал дар ин масъала кӯтоҳ аст. Вақте ба зиёрат меравӣ, дар сари як қабр санги бузург истодааст, дар баъзеи дигар як санги хурдака бо навиштаи ному насаб. Бархеи дигар аслан чизе надоранд. Шояд ин тасмим ба ҳамин хотир будааст, ки ҳама як хел бошанд ваё ҳадди ақалл аз вуҷуди баъзе сангҳои бузургу гаронбаҳо дар мазорҳо ҷилавгирӣ шавад.”
Аммо дар ин миён афроде ҳастанд, ки чунин танзимҳоро, аз тӯю мотам гирифта то дастархони идонаву хӯрду хӯроки мардум, дахолат ба зиндагӣ ва тасмими шахсӣ медонанд. Онҳо мегӯянд, мақомот бояд дар фикри эҷоди ҷои кору маоши баланд бошанд ва шеваи зиндагӣ ва рафтори одамон худ ба худ танзим хоҳад шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта дар бораи “тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо” қарори махсус содир карда буд ва Кумитаи дин масъули назорати иҷрои он шуд. Ин қарор мақомот муфаззаф мекард, ки бояд қабристонҳоро назорат кунанд. Аз ҷумла мақомот бояд аз чарогоҳ шудани қабристонҳо пешгирӣ намоянд.
Мақомот мегӯянд, баъди тасвиби қарори ҳукумат, гирду атрофи қабристонҳо қисман маҳкам карда шуда, китоби сабтиноми майитҳо ташкил карда шудааст.
Тибқи омори расмӣ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 3700 қабристон вуҷуд дорад.