Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони молии Русия нархи моли қурбониро дар Тоҷикистон боло бурд. ВИДЕО


Коҳиши қурби рубли русӣ ва поин рафтани даромади муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия, аксари хонаводаҳои Тоҷикистонро маҷбур кардааст, ки барои қурбонӣ дар Иди Қурбон, чорвои хурдтар бихаранд.

Сокинон, махсусан, афроде, ки мехоҳанд барои қурбонӣ чаҳорпое бихаранд, аз он шикоят доранд, ки қимати махсусан бузу гӯсфанд нисбат ба иди як соли пеш, хеле боло рафтааст. Онҳо мегӯянд, ин қиматҳо махсусан дар бозорҳои минтақаҳои атрофи пойтахт, хеле гарон шудааст.

Мақомот ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз оростани дастархони бошукӯҳи идона худдорӣ намоянд ва як ҳиссаи гӯшти чорвои қурбонии худро, махсусан ба сокинони ниёзманд, хайр кунанд.

Рустам Шарипов, сокини шаҳри Душанбе гуфт, ки солҳои гузашта фарзандони муҳоҷирашон аз берун пул мефиристоданд ва бе ҳеҷ мушкиле моли қурбонӣ мехарид. Аммо ба гуфта ин сокини Душанбе, ҳоло вазъ фарқ мекунад ва нархҳо боло рафтаанд ва тавони хариди чорвои калонтарро надоранд.

Дар бозорҳои чорвофурӯшии атрофи Душанбе як сирка ва ё гӯсфанди хуб аз 2 то 2, 500 сомонӣ арзиш дорад. Тоҷирон ва чорводорон ин қиматҳоро то чанд ҳафта қабл аз фарорасии Иди Қурбон ҳамингуна муқаррар карда буданд.

Шоҳмансур Наботов, чорвопарвар аз ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ки сабаби гаронии чорво дар бозор ин афзудани хароҷоти роҳ мебошад. Ӯ гуфт, ки масалан, солҳои гузашта мошин бори онҳоро дар 1000 сомонӣ ба Душанбе мерасонданд, аммо имсол барои ин кор 3000 сомонӣ талаб карданд.

Тафовути нархи моли қурбонӣ дар Душанбе аз ноҳияҳои атроф
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Бо манзури коҳиши ин қиматҳо, шаҳрдории Душанбе сар аз рӯзи ҷумъа дар ду нуқтаи пойтахт ярмаркаи фурӯши чорвои хурдро фаъол кардааст. Илҳом Сафаров, як тоҷир дар ярмаркаи фурӯши чорвои хурд дар Душанбе гуфт, ки моли онҳо назар ба соли гузашта 200 сомонӣ арзонтар мебошад ва онро бо нархи дастрас ба фурӯш мегузоранд.

Шаҳрдории Душанбе соли дуввум аст, ки ба хотири истиқбол аз иди саиди Қурбон ярмаркаи фурӯши чорвои хурд таъсис медиҳад. Соли гузашта дар чунин ярмакаҳо дар ду нуқтаи пойтахт, ҳудуди ҳазор гӯсфанд барои қурбонӣ ба фурӯш рафта буд.

Муҳаммадюнус Амонов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ба бозорҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор барои хариди чорвои қурбонӣ сар зад, аммо бинобар қимати боло, тавонашон барои харидорӣ нарасид. Ӯ ба барае, ки дар дасташ буд, ишора кард, ки дар ярмаркаи фурӯши чорво дар Душанбе онро бо 550 сомонӣ харида буд. Ба гуфтаи вай, дар бозорҳои атрофи шаҳр, ин мол аз 1000 то 1200 сомонӣ ба фурӯш меравад.

Шаҳрдории Душанбе тасмим дорад, ки дар чаҳор рӯзи оянда дар ду нуқтаи шаҳр -- ноҳияи Фирдавсӣ ва ноҳияи Сино ҳудуди 2500 сар чорво, аксаран гӯсфандро ба фурӯш гузорад. Ин дар ҳолест, ки мақомот ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз оростани дастархони бошукӯҳи идона худдорӣ намоянд ва як ҳиссаи гӯшти чорвои қурбонии худро, махсусан ба сокинони ниёзманд, хайр кунанд.

Муҳоҷират як ҷузъи ҷудоинопазири иқтисоди Тоҷикистон шудааст, чун солона як миллион нафар аз аҳолӣ барои кор ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд ва танҳо соли 2017 ба Тоҷикистон бештар аз 2 миллиард доллар фиристодаанд. Тоҷикистон ҳоло дар садри он кишварҳои ҷаҳон қарор дорад, ки иқтисодашон сахт пойбанди пули муҳоҷирони корӣ аст.

XS
SM
MD
LG