Дар остонаи сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, ки қарор аст, ҳамин моҳ сурат бигирад, гуруҳе аз хабарнигорони Узбекистон ба Тоҷикистон омадаанд, то ба гуфтаи худашон нишон бидиҳанд, ки дар воқеъ дар Тоҷикистон чӣ мегузарад.
Гуруҳи 13 нафарӣ ва асосан аз расонаҳои давлатӣ дар чанд рӯзи гузашта дар Суғду Хатлон ва Душанбе будаанд ва бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳам дар бораи инъикоси рӯйдодҳои ду кишвар дар матбуоти ҳамдигар изҳори назар кардаанд.
Дар аҳди Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон, ки соли 2016 даргузашт, чунин сафарҳо ё табодули иттилоъ ва ҳамкорӣ тақрибан вуҷуд надошт. Як мавзӯи ҳамешагии мавриди ҳассосияти ҳарду ҷониб - тарҳи бунёди нирӯгоҳи Роғун буд, ки дар матбуоти ҳарду кишвар бештар аз диди манфиатҳои миллӣ ва мавқеи давлат матраҳ мешуд. Ҳоло, ки ҳарду кишвар батаъкид мегӯянд, "дигар масоили мавриди ихтилоф дар равобити ду ҳамсоя мавҷуд нест", журналистон ҳам дар қатори дигар фарҳангиён тавонистанд бо сафари ошноӣ ба Душанбе бираванд.
Ҳадафи асосии мо ҳалли камбудӣ аст
Зебо Тӯхтаева, хабарнигори шабакаи “Узбекистон 24” нахустин бор ба пойтахти Тоҷикистон ташриф омадааст. Вай 9-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди беҳтар шудани робитаҳо байни ду кишвар, то ҳол дар Узбекистон дар бораи рӯйдодҳои Тоҷикистон кам медонанд ва дар бораи ҳамзабононашон ҳам, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, хабари кам доранд.
“Ҳадафи аслии сафари гурӯҳи хабарнигорони Узбекистон ҳалли ин камбудӣ шудааст. Дар гурӯҳи мо асосан хабарнигорон аз расонаҳои давлатии Узбекистон ҳастанд ва мақсад доранд, дар бораи воқеиятҳои Тоҷикистон бештар иттилоъ пайдо карда, ба мухотабонашон дар Узбекистон бирасонанд. Медонем, ки дар Тоҷикистон теъдоди зиёди узбектаборон зиндагӣ мекунанд. Мехоҳем, бо зиндагии онҳо низ ошно шавем” – мегӯяд ӯ.
"Дар Узбекистон ҳамеша таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон зиёд буд"
Шарофат Эрматова, корманди шабакаи телевизиони “Узбекистон” ва раҳбари созмони фарҳангии тоҷикони Узбекистон, ки тӯли 28 соли ахир барномаи тоҷикии “Рангинкамон”-ро таҳия мекунад, мегӯяд, дар ҷомеаи Узбекистон таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти Тоҷикистон ҳамеша буд ва мемонад.
Акнун фурсате фаро расидааст, ки Тоҷикистон ва сокинонаш барои Узбекистон бештар муаррифӣ шавад.
Аз сӯе агар чунин ташнагӣ ба ҳамсояи наздики Узбекистон будани Тоҷикистон бастагӣ дошта бошад, аз сӯи дигар, қаробати фарҳангиву хешигарии ду мардум хабарҳо аз Тоҷикистонро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад.
“Ҳатто дар солҳои гузашта сокинони Узбекистон аз ҳаводиси ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон огаҳӣ доштанд ва бародарвор аз низоъ нигарон буданд. Солҳои баъдӣ аз ҳар як дастоварди Тоҷикистон мо хушҳолӣ мекардем. Акнун фурсате фаро расидааст, ки Тоҷикистон ва сокинонаш барои Узбекистон бештар муаррифӣ шавад" – мегӯяд, ӯ.
Дар Тоҷикистон ва Узбекистон бахше аз шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ ба забони тоҷикӣ ва узбекӣ барномаҳо таҳия мекунанд.
Хабаргузории давлатии “Ховар” чанд моҳи пеш ба нашри хабарҳо ба забони узбекиро шурӯъ кард. Ҳамтоёнашон аз Узбекистон низ ба забони тоҷикӣ матлабҳо нашр мекунанд.
Гуруҳи хабарнигорони Узбекистон ҳам бо барномаву гузоришҳо ба кишварашон бармегарданд ва дар бораи Тоҷикистоне гузориш медиҳанд, ки равуо ба он аз Узбекистон ва ё баръакс бисёр мушкил буд.
Бозгашт ба Узбекистон,вале боэҳтиёт
Дар аҳди Ислом Каримов, ки 25 сол Узбекистонро идора кард, ҷомеа баста буд ва матбуот ҳам ончиро мегуфт, ки ҳукумат мехост. Аммо бо омадани Шавкат Мирзиёев ба сари қудрат, авзоъ тағйир ёфтааст, расонаҳои дохилӣ ҳам корашонро андаке дигар кардаанд ва расонаҳои хориҷӣ ҳам ба Узбекистон роҳ меёбанд.
Онҳо талош мекунанд, дар бораи масоили сиёсӣ гузориш таҳия накунанд
Вале аксари онҳо ба гуфтаи Сироҷиддини Ислом, хабаригори бахши узбекии Радиои Озодӣ саъй мекунанд, ки “ҳукуматро наранҷонанд.” Дар Узбекистон хабарнигорони расонаҳои Қазоқистону Қирғизистон, Русияву Чин фаъол ҳастанд. Аммо онҳо талош мекунанд дар бораи масоили сиёсӣ гузориш таҳия накунанд» - гуфт, ӯ
Дар дохил ҳам чанд шабакаи нави телевизионӣ, ки баъди марги Каримов арзи ҳастӣ кард, ба пӯшиши масоили фарҳангу маданият, таърих ва варзиш машғуланд ва ба масоили сиёсӣ кам дахолат мекунанд.
Дар ҷараёни сафари хабарнигорони Узбекистон ба Тоҷикистон ҳеҷ санади ҳамкорӣ имзо нашуд. Баъд аз анҷоми ин сафар қарор аст хабарнигорони расонаҳои давлатии Узбекистон аз Тошканду Самарқанду Фарғона тавассути нашрияҳо ва шабакаҳои дигар дар бораи Тоҷикистон матлабҳое нашру пахш кунанд.
Сафари хабарнигорони Узбекистон ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ду кишвар аз назари вазъи озодии баён дар феҳрасти созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ дар зинаҳои поёнӣ қарор доранд.
Интиқод аз ҳукумат ва ё амалкардҳои нодурусти он ва ифшои камбудӣ ҳанӯз ҳам метавонад, барои хабарнигоре чӣ дар Тоҷикистон ва ё чӣ Узбекистон дарди сари зиёд эҷод кунад.