Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: "Бо шеваҳои кӯҳна намешавад бо ифротиён мубориза кард"


Ҳамлаи маргбор ба ҳафт ҷаҳонгарди хориҷӣ, ки рӯзи 29-уми июл дар ноҳияи Данғара рух дод, чаҳор кушта ва се нафарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Сайёҳонони хориҷӣ, ки шаҳрвандони Амрико, Ҳолланд ва Швейтсария буданд, замоне мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки савори велосипед аз ҳудуди ноҳияи Данғара убур мекарданд.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт ва навореро ҳам ба нашр расонд, ки дар он 5 нафар ҷавони тоҷик пеш аз ҳамла вафодории худро ба ин гурӯҳи даҳшатафкан эълон мекунанд.

Чӣ гуна ин ҷавонон аз Тоҷикистон бо ДИИШ пайвастанд?

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ дар Тоҷикистон дар як гуфтугӯи ихтисосӣ дар оғоз ба ин пурсиш, ки дар шароите, ки зоҳиран мақомот ҳама чизро зери назорат доранд, чӣ гуна ин ҷавонон дар Тоҷикистон бо ДОИШ иртибот барқарор карда, муҷиби чунин ҷиноят шуданд, гуфт:

"Он таблиғоте, ки ҳукумат пеш мебарад, монандаи таблиғоти солҳои 1930-и асри гузашта аст ва хеле кӯҳна шудааст."

Фаридун Ҳодизода: Ман боварии комил дорам, ҷавононе, ки ба сайёҳон ҳамла карданд, амали хешро пешакӣ тариқи мессенҷерҳо ва ё радиоканали Zello ҳамоҳанг кардаанд. Чун чанде пеш дар расонаҳо хабаре нашр шуда буд, ки чанд ҷавоне дар ноҳияи Панҷакент маҳз тавассути радио-канали Zello аз ифротгароён дарси тайёр кардани маводи таркандаро омӯхтаанд. Бар замми ин, хабаре ҳам расида буд, ки чанд ҷавони 17-18 сола дар ин авохир кӯшиш доштанд тариқи марз гузашта ба Афғонистон раванд ва ба ифротгароён пайванданд. Хушбахтона, мақомот онҳоро ҳам дастгир карданд.

Радиои Озодӣ: Бубинед, пайравони ДОИШ дар ҳоле сар бароварданд, ки мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон зоҳиран ҳама чизро зери назорат доранд - шурӯъ аз ҳаётӣ динӣ то шабакаҳои иҷтимоиву мессенҷерҳо. Чӣ гуна дар чунин шароити назорати фарогир ифротиён сар боло карданд?

"Шеваи мубориза бо терроризмро аз Исроил бояд омӯзем"

Фаридун Ҳодизода: Ҳамаи ин фактҳо баёнгари он аст, ки мақомоти интизомӣ қудрати назорат кардани ҳама чизро надоранд. Ин ғайриимкон аст. Қудратмандтарин хадамоти иктишофии дунё ҳам аз ӯҳдаи ин чиз намебароянд ва ин аст, ки кишварҳои пешрафтаи дунё ҳам аз хавфи терроризм эмин нестанд. Агар тавассути назорати шабакаҳои итимоӣ ва мессенҷерҳо пешгирӣ кардани террактҳо имконпазир мебуд, Амрико ҳамла ба ҳамин ду шаҳрвандашро дар Тоҷикистон пешгирӣ мекард. Вале ҳамаро назорат кардану гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ имкон надорад.

Фаридун Ҳодизода.
Фаридун Ҳодизода.

Дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ бояд агентура ва кори аналитикӣ тақвият дода шавад. Мо дар масъалаи назорати ифротгароён ва мубориза бо терроризмро аз Исроил бояд омӯзем. Онҳо дар ин масъала хеле устокорона кор мебаранд. Як дӯсти исроилии ман боре гуфт: "Мо ба радикалҳо иҷоза медиҳем, озод бошанд, то пайхас накунанд, ки зери назоратанд. Ҳамин, ки ягон нақшаи бадеро тарҳрезӣ карданд, мо зуд онҳоро ошкор мекунем".

Хулоса, дар шароити озодӣ кашф кардани радикалҳо ва нақшаҳои бади онҳо осонтар аст. Вале вақте онҳоро зери назорати шадид қарор доранд, ба пинҳонкорӣ мегузаранад ва аз конспиратсия кор мегиранд. Дар чунин ҳолат ошкор кардани онҳо ниҳоят душвор мешавад.

"Мушкил дар мақомот нест, дар система аст"

Радиои Озодӣ: Ба назари шумо, оё ҳодисае, ки дар Данғара рух дод, чашми мақомоти қудратии Тоҷикистонро ба ин мушкил бештар боз мекунад?

Фаридун Ҳодизода: Мушкил танҳо дар мақомоти қудратӣ нест. Тамоми система бояд ислоҳ шавад. Мо бояд решаи омилҳоеро, ки ҷавонони моро ба доми гурӯҳҳои ифротиву тахрибгар мебарад, беканем.

Радиои Озодӣ: Мешавад ҳамин "реша"-ҳоро ташхис диҳед, ки кадомҳо ҳастанд?

Фаридун Ҳодизода: Нахуст ин коррупсия. Дигар ин ки, ба фикри ҷавонон адолати иҷтимоӣ нест ва онҳо ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо карда наметавонанд. Асосан ана ҳамин се омил аст, ки ҷавононро дилсард мекунад. Агар ба ҷавонони солҳои 1970-ум назар кунем, мебинем, ки масалан, Лоиқ дар 22-солагиаш нахустин маҷмӯаашро чоп кард, бо Турсунзода сӯҳбат мекард ва тамоми Тоҷикистону берун аз он ӯро мешинохт. Як ҷавоне буд, ки аз як деҳаи дурдасти Панҷакент ба марказ омада буд. Саттор Турсун ҳам ҳамин тавр аз Бойсун дар ҷавонӣ ба марказ омада, ҷойгоҳи худро пайдо кард. Даҳҳо нафаронеро метавон номбар кард, ки дар синеи ҷавонӣ мавқеи худро дар ҷомеа ёфтанд, мавриди эҳтироми ҳамагон гаштанд, аз ҷиҳати молӣ низ хеле таъмин буданд. Аммо мо ҳоло аққалан як мисоле мисли онро дорем? Нафареро дорем, ки дар ҷавонӣ дар ҷомеаи ҳозираи мо мисли онҳо шӯҳратёр шуда, мавқеашро ёфта бошад?

Чаро ҷавонон тундгаро мешаванд?

Радиои Озодӣ: Чаро аслан бархе аз ҷавонон тундгаро мешаванд? Дар ҳоле, ки ҳукумат бо истифода аз ҳама абзорҳо талош дорад онҳоро аз ин гурӯҳҳо эмин дорад?

Фаридун Ҳодизода мегӯяд, он шеваи таблиғе, ки ҳукумат мебарад, дархӯри замони ҳозира нест.
Фаридун Ҳодизода мегӯяд, он шеваи таблиғе, ки ҳукумат мебарад, дархӯри замони ҳозира нест.

Фаридун Ҳодизода: Он таблиғоте, ки ҳукумат пеш мебарад, монандаи таблиғоти солҳои 1930 аст ва хеле кӯҳна шудааст. Чун шароити нав хеле фарқ мекунад, ин қадар воситаҳои мухобироте, ки ҳоло аст, он замон набуд. Мақомоти мо бояд усулҳои навро пиёда кунанд.

Радиои Озодӣ: Ҷавонтар шудани синни ба ДОИШ пайвастагонро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Нафароне, ки дар ҳамлаи охир ширкат карданд, 18-19 сола буданд.

Фаридун Ҳодизода: Бале хеле ҷавон ҳастанд. Медонед, вақте кас ҷавон аст, дар сар ҳавою ҳаваси шпионбозӣ, разведчикӣ, қаҳрамонбозӣ дорад. Муздурони ДОИШ ҳамин заъфи психологии ҷавононро омӯхта онҳоро ба сафи худ ҷалб мекунад. Агар ба ҳамин ҷавонҳое, ҳам ки ахиран дар Данғара ҳамла карданд, нигаред, камбизоат нестанд. Якеашон соҳиби мошин ҳам будааст. Инҳо ҳама дар талоши пайдо кардани як ҷойгоҳе дар ҷомеа ҳастанд. Аммо, мутаассифона, дар ҷомеаи мо барои як ҷавон пайдо кардани мақоми худ бисёр душвор аст. Ҷойи кори хуб, маоши сазоворе нест, ки кор кунанд. Аз ноадолатии иҷтимоӣ ва пайдо накардани мавқеъ дар ҷомеа ҷавонон худро ба ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ мезананд, ки ба онҳо адолати аъло яъне биҳиштро гӯё ваъда мекунанд.

"Ба ҳар гуна ноадолатӣ, аксуламал ба миён меояд"

Радиои Озодӣ: Мушкили бекориву адолати иҷтимоӣ танҳо дар Тоҷикистон нест. Вале ҷавонон саросар пайрави ДОИШ намешаванд?

Фаридун Ҳодизода: На, иштибоҳ мекунед. Ҷавонони Фаронса дар солҳои 1960-ум, масалан даст ба эътирозҳо зада буданд, ҳар рӯз шӯриши онҳоро дар телевизионҳо нишон медоданд. Ҳол он ки зиндагии Фаронсаи он замон ҳам аз шароити ҷавонони мо хеле беҳтар буд. Ё гирем Италияро, ки гурӯҳи "Бригадаи сурх" амал мекард, ки терактҳо ташкил карда буданд. Хулоса, ба ҳар гуна ноадолатӣ аксуламал ба миён меорад. Ҳукумат бояд онро ҳал кунад. Танҳо замоне, ки заминаи беадолатӣ, проблемаҳои иҷтимоӣ аз байн рафт, эътирозу хушунат ҳам кам мешавад.

XS
SM
MD
LG