Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси доғ. Чаро тарбузу харбуза гарон шуд? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тайи як ҳафтаи ахир дар бозорҳои Тоҷикистон нархи тарбузу харбуза рӯ ба болоравӣ ниҳодааст. То як ҳафта пеш сокинон як тарбузи то 15 килоиро то 8 сомонӣ мехариданд, ҳоло айни тарбузро бо қимати бештар аз 20 сомонӣ мехаранд.

Деҳқонони минтақаи Кӯлоб мегӯянд, иллати боло рафтани қимати тарбузу харбуза хушк шудани ниҳолҳо аз гармии тоқатфарсо ва боло рафтани маводи сӯхту нуриҳои минералӣ аст.

Насимҷон Бобоқулов яке аз деҳқонони деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ниҳоли тарбузҳо ҳашароти зиёновар осеб расонд ва палакҳои зиёде дар ҳоли хушк шудан ҳастанд. Ӯ тавонистааст, бо истифода дору ба зидди ҳашарот андаке аз ниҳолҳои тарбузро эмин нигаҳ дорад.

Баъд аз он сабаб нархи тарбуз боло рафт, ки нархи сузишворӣ дар бозор ду баробар қиммат шуд.

“Ман худам дар як ҳафта се бор дору мезанам, агар назанӣ тортанак несташ мекунад ва палак хушк мешавад. Баъд аз он сабаб нархи тарбуз боло рафт, ки нархи сузишворӣ дар бозор ду баробар қиммат шуд. Масъулони кишоварзӣ як бор ҳам намеоянд, ки машварат диҳанд, ки кадом ҳашарот зарар мерасонад. Деҳқон худаш чӣ гуна дору овард, ҳамонгуна мезанад, агар рост омад, палакаш мешавад, наомад месӯзад”- гуфт, мусоҳиби мо.

Сокинони деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор аз замони шӯравӣ тарбузу харбуза кишт мекунанд. Дар ин деҳа ҳудуди 300 гектар замин ҳар сол палаки тарбуз харбуза мешуд, имсол камтар кишт кардаанд. Азбаски соли гузашта қимати тарбуз поин буд, мардум кишти онро коҳиш додаанд.

Чаро қимати тарбуз дар Тоҷикистон парвоз кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Аҳмадҷони Аминҷон, деҳқони дигари Сурхоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имсол то 12 ҳазор тарбуз фурӯхт ва фоида гирифт. Соли гузашта ҳеҷ фоида ба даст наовардааст ва “тарбузу харбузаҳояш дар заминҳо пӯсиданд ва ё говҳо хӯрданд”. Ӯ мегӯяд, имсол баръакс шуд.

“Соли гузашта, тарбуз шуд, аммо харидор набуд, тарбуз то 50 дирам дар сари палак арзон шуд. Қариб ҳамаи деҳқонони минтақаи мо зарар диданд. Имсол аксарашон кишт накарданд. Аммо онҳое, ки кишт карданд, аз ҳашарот зиён мебинанд. Ҳоло тарбузро аз сари замин қимат мехаранд” - гуфт Аҳмадҷони Аминҷон.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Харидорони тарбузу харбузаи Сурхоб имсол бештар аз вилоятҳои Суғду Бадахшон будаанд.

Аз инҷо ба Қирғизистон ҳам мебаранд. Нархи тарбузу харбуза дар Тоҷикистон ҳоло ба яке аз мавзӯъҳои асосии баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтааст.

Аз ҷумла хабарнигори тоҷик Хилватшо Хоҷаев навиштааст, “Арзиши 1 дона харбуза дар Душанбе (пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистони офтобрӯя ва сермеваву серҳосилу сертарбузу серхарбуза) ба 30-33 сомонӣ (240-250 рубли русӣ, ё муодили 3,4-3,5 доллари амрикоӣ) баробар шуд.


Дар ҳамин ҳол, нархи 1 дона харбуза дар сардтарин, хунуктарин, сершамолтарин, бемеватарин минтақаи Русия - Ҷумҳурии Ёқутистон ҳамагӣ 100 рубли русӣ (ё 14,7 сомонӣ, баробар ба 1,6 доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад.”

Шумо ҳам назаратонро нависед

XS
SM
MD
LG