Мақомоти Тоҷикистон як ҷавони тоҷикро, ки дар видеое тарзи шикори кабк бо телефони мобилро нишон медод, ҷарима кардаанд.
Аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Алиакбари Ҷамолиддинро рӯзи 6-уми июл дар маҳалли зисташ дар ноҳияи Дӯстӣ пайдо карданд ва 150 сомонӣ ҷарима бастанд.
Алиакбари Ҷамолиддин моҳи май дар шабакааш дар Ютуб навори видеоиро нашр кард ва дар он аз аввал то ба охир нишон медод, ки чӣ гуна метавон, кабкеро бо садои телефони "Самсунг" ба дом андохт.
Видеои ӯро дар муддати ду моҳ бештар аз 150 ҳазор нафар тамошо карданд, вале баъди ҷарима ӯ видеоро аз саҳифааш пок кардааст.
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон мегӯяд, бо супориши онҳо милитсияи экологии вазорати умури дохилӣ ба ҷустӯҷуи Алиакбар Ҷамолиддин шурӯъ карданд ва ӯро дар зодгоҳаш деҳаи Умед пайдо карданд.
Ҷарима барои зарар ба "табиати биҳиштосо"
Алиакбар бар асоси Кодекси маъмурӣ “барои зарар расондан ба олами набототу ҳайвонот” дар Тоҷикистон ҷарима шудааст. Ба гуфтаи мақомот, Алиакбар зимни сӯҳбат бо мақомот гуфтааст, ки аҳамияти ҳифзи муҳити зистро дарк мекунад ва аз бинандагони шабакааш мехоҳад, ки “кори ӯро такрор накунанд ва табиати биҳиштосои худ зарар нарасонанд.”
Дар навори сербинанда ба номи “Шикори кабк бо телефон”, ки рӯзи 26-уми майи имсол Алиакбари Ҷамолиддин дар шабакаи Ютюб гузоштааст, ӯ нишон медиҳад, чӣ гуна метавон, паррандаеро бо садои телефони ҳамроҳ ба дом афтонд.
Алиакбар Ҷамолиддин садои кабкро аз телефони ҳамроҳаш баланд мекунад ва телефонро зери алаф ва атрофи он дом мегузорад. Баъди муддати интизорӣ кабки наринае ба назди телефон меояд ва дар ниҳоят ба дом мепечад.
Алиакбар нақл мекунад, ки баъзеҳо барои шикори кабк, бо худ кабкеро дар қафас мегардонанд, то бо садои он кабки дигарро ба дом афтоданд, аммо намедонанд, ки истифодаи телефони ҳамроҳ роҳи осону соддаи шикор аст.
Алиакбар Ҷамолиддин рӯзи 2-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ видео аз ӯст ва дар қаламрави ноҳияи Дӯстӣ ва ё Ҷилликӯли собиқ сабт шудааст. Ӯ гуфт, хуб мебуд агар кабкашро сар медод, вале ин корро накард.
Дар Тоҷикистон барои осеб расондан ба муҳити зист ва шикори ғайриқонунӣ барои афроди алоҳида ва ё ширкатҳо бар асоси қонқн аз 150 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарим пешбинӣ шудааст.