Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мегӯяд, қабул дорад, ки Русия дар интихоботи соли 2016 дахолат кардааст


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбеи 17-уми июл гуфтааст, натиҷагирии ниҳодҳои истихбороти Амрико дар бораи дахолати Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2016-ро қабул дорад. Трамп дар ҳамин ҳол таъкид кардааст, ки ин дахолат таъсире ба натиҷаҳои интихоботи президентии Амрико надоштааст.

Изҳороти рӯзи душанбеи Доналд Трамп дар ҷараёни нишасти хабарии муштарак бо Владимир Путин дар Ҳелсинки -- пойтахти Финландия, вокунишҳои зиёдеро дар пай доштааст. Раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, иштибоҳи лафзӣ ҳини баёни изҳороташ дар конфронси хабарии рӯзи душанбе боис шуд, ки суханонаш маънии комилан баръакс пайдо кунад.

Вазири амнияти дохилии Амрико ба нақл аз мақомҳои кишвараш гуфтааст, Русия бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва имкониятҳои дигар, ба талошҳои худ барои эҷоди "тафриқа" миёни шаҳрвандони амрикоӣ, идома медиҳад.

Доналд Трамп рӯзи сешанбе гуфтааст, манзураш ин будааст, ки ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки Русия дар интихоботи Амрико дахолат накарда бошад. Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин таъкид кардааст, ки ба ниҳодҳои истихборотии Амрико боварии комил дорад ва аз онҳо ҳимоят мекунад. Вай дар идома гуфтааст, ки ҳукумати Амрико ба ҳар гуна талошҳо барои дахолат дар интихоботи Конгресии ИМА дар соли 2018, муқобила хоҳад кард.

Ҳамзамон бо изҳороти Доналд Трамп, Митч Макконнел, раҳбари ҷумҳурихоҳон дар Сенати Амрико ба Русия ҳушдор додааст, ки дар интихоботи соли ҷории Амрико дахолат накунад. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки Сенат эҳтимолан санади наверо дар бораи сахттар кардани таҳримҳои Русия ироа хоҳад кард. Интихоботи Маҷлиси намояндагон ва миёндавраии Сенати Амрико дар моҳи ноябри имсол баргузор мешавад.

Митч Макконнел ҳамчунин гуфтааст, ки Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО муҳимтарин муттаҳиди Амрико аст. Вай изофа кардааст, "кишварҳои аврупоӣ дӯстони мо ҳастанд ва русҳо дӯстони мо нестанд."

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати адлияи Амрико рӯзи ҷумъаи гузашта 12 афсари хадамоти ҷосусии Русияро ба ҳакки компютери Ҳиллари Клинтон ва Ҳизби демократ дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дар соли 2016, муттаҳам кард.

Дар ҳамин бора, вазири амнияти дохилии Амрико низ ба нақл аз мақомҳои кишвараш гуфтааст, Русия бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва имкониятҳои дигар, ба талошҳои худ барои эҷоди "тафриқа" миёни шаҳрвандони амрикоӣ, идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG