Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Говҳоямонро дар куҷо забҳ кунем? ВИДЕО


Моҳи август мусалмонон дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин идҳои мазҳабӣ - Иди Қурбонро таҷлил мекунанд ва мисли ҳамеша баъзе аз хонаводаҳо дар ин рӯз чорвоеро қурбонӣ мекунанд. Аммо дар шаҳрҳо мумкин аст, мушкили забҳ пеш ояд, чун ба гуфтаи мақомот, 25 салоҳхона (ҷойи махсуси куштани чорво) эҳтиёҷоти ҳамаи сокинонро бароварда намесозад.

Онҳое, ки дар берун аз салоҳхона чорво мекушанд, мумкин аст аз 8 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима шаванд.

Фарҳод Камолзода, раиси Кумитаи бехатарии хӯрокворӣ рӯзи 17-уми июл дар бораи ин масъала суҳбат кард ва гуфт, "фаъолияти забҳхонаҳо як мушкили ҷиддӣ дар тамоми Тоҷикистон шудааст. Мо аз раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар талаб кардем, ки салоҳхонаҳои қаблиро барқарор созанд". Айни замон ба гуфтаи ӯ, забҳхонаҳои мавҷуд дар Душанбе ва Хуҷанду Бохтару Кӯлоб ҳам ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯ нестанд.

Дар Тоҷикистон куштани чорво дар берун аз маконҳои таъйиншуда ҷарима дорад ва шумораи ками салоҳхонаҳо метавонад, сабаб мешавад, ки мардум қонунро нодида бигиранд ва ҳар ҷое, ки дилашон хост, гов ё гӯсфандеро қурбонӣ кунанд.

Ба гуфтаи Фарҳод Камолзода, ба қонунгузории Тоҷикистон тағйирот дар робита ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуд, ки ситонидани ҷаримаҳои бузург барои забҳи чорво дар ҷойҳои муқаррарнашударо пешбинӣ кардааст.

Говҳоямонро дар куҷо забҳ кунем?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Барои риояти қонун бисёр хонаводаҳо маҷбур мешаванд, барои забҳи чорво даҳҳо километр роҳро тай кунанд. Ба хотири сабуктар шудани кори мардум, ба қавли Камолзода, кумита аз мақомоти маҳаллӣ хостааст, салоҳхонаҳои бештар ташкил кунанд.

Ҳамасола сокинони Тоҷикистон садҳо ҳазор чорвои гуногунро барои баргузории туй ва маросимҳо ва ғизо забҳ мекунанд. Аммо тағйироти соли гузашта ба қонун ҷазоро барои забҳ сахт кард. Онҳое, ки дар берун аз салоҳхона чорво мекушанд, мумкин аст, аз 8 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима шаванд.

Фарҳод Камолзода, раиси Кумитаи бехатарии хӯрокворӣ.
Фарҳод Камолзода, раиси Кумитаи бехатарии хӯрокворӣ.

Мақомот мегӯянд, ки аз ин роҳ мехоҳанд, якбора ба чанд ҳадаф бирасанд: фарҳанги шаҳрдориву покизагии муҳити зист таъмин шавад, куштани чорво танҳо аз ҷониби қассобони касбӣ анҷом шавад ва ҳам атфол саҳнаи хунини гардан задани чорворо набинанду ваҳшатзада нашаванд.

Мустафо Мӯъминов, муовини раиси Кумитаи бехатарии хӯроковорӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар ҳар як салоҳхона байтор фаъолият мекунад, ки сифати гӯшти моли забтшударо месанҷад ва истеъмоли онро иҷоза медиҳад. Дар ғайри ин сурат имкон дорад, гӯшти чорвои бемор, теъдоди зиёдро бемор кунад.

"Мутахассисони мо куллияи чорвои забҳмешударо наметавонанд назорат кунанд. Аммо фаъолияти ҳамаи забҳхонаҳо таҳти назорати кормандони мо қарор дорад. Дар як шабонарӯз танҳо дар Душанбе бо эҳтимоли зиёд садҳо гову гӯсфанду буз забҳ карда мешаванд. Байторони мо аз миёни моли забҳмешуда интихобан намуна гирифта, онро ташхис мекунанд. Аз ин роҳ эҳтимоли роҳ ёфтани гӯшти моли бемор ба муштариён коҳиш меёбад",-гуфт, ӯ.

Ба гуфтаи Мӯъминов, дар Душанбе се салоҳхонаи хусусӣ фаъолият доранд. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба яке аз ин салоҳхонаҳо рафт. Маҳалли забҳхона бо деворҳои баланд иҳота шудааст ва саҳнаи забҳи чорво дида намешавад.

Маълум нест, ки то куҷо даъвати мақомот барои таъсиси салоҳхонаҳо шунида мешавад, вале дар як моҳи аввали ҷорӣ шудани муқаррарот бархе тоҷирон гуфтанд, ки талаботи сокинон ба харидани чорво кам шуда, қиммати он то 30 дарсад дар бозорҳо поин рафт.

XS
SM
MD
LG