Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Диловар Гуловро додситонии Душанбе баррасӣ мекунад


Додситонии куллии Тоҷикистон мегӯяд, ки парвандаи Диловар Гуловро додситонии шаҳри Душанбе баррасӣ менамояд. Як мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҷузъиёти ин парванда пас аз анҷоми он шарҳ дода мешавад.

Диловар Гулов, писари Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика, ки дар латукӯби як корманди пулис гумонбар мешавад, баъд аз ду рӯзи бозпурсӣ озод шудааст. Ҳодисаи латукӯби Дилшод Нарзуллозода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона шоми 8-уми июл рух дод ва як рӯзи баъд Диловар Гулов худро ба мақомот таслим кард.

Номи Диловар Гулов моҳи марти имсол сари забони расонаҳо шуд. Ӯро рӯзи 10-уми март бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт карданд.

Ӯ барои чунин қонуншиканӣ ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум шуд. Як ҳафта баъд аз раҳоӣ дигарбора гузориш расид, ки Диловар Гулов барои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаи мошинаш ҷарима шудааст.

XS
SM
MD
LG