Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармии тоқатфарсо модари тоҷикро дар пахтазор кушт


Дар тобистон ҳарорат дар Хатлон аз 40 дараҷа мегузарад
Дар тобистон ҳарорат дар Хатлон аз 40 дараҷа мегузарад

Як зани 57-солаи тоҷик ба сабаби гармии тоқатфарсо дар сари замини пахта ҷон додааст. Сайдинисо Шомирзоева 57-сола, сокини деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор соатҳои 11-и рӯзи 14-уми июл фавтидааст.

Писараш Сафаралӣ Шамсов рӯзи 16-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳи бародару модараш барои сарчин кардани ниҳолҳо ба пахтазор рафтанд ва ӯ ҳангоми кор афтода ҷон додааст.

”Саҳар барвақт хеста, дар саҳро ҳамроҳи бародарам корро оғоз мекунанд, соатҳои 10 ба 11 рӯзи шанбеи 14-уми июл дар сари ҷӯяк афтодааст. Ҳарорат ҳамон лаҳза қариб 45 дараҷа буд. Бародарам аз сари ҷӯяк гирифта, лаби замин овардааст. Ба ман занг зад, ман рафта дидам, ки модарам лабонаш кабуд шудааст ва кайҳо ҷонаш баромадааст. Табиб дид ва гуфт, ки дилаш аз кор мондааст” - гуфт мусоҳиби мо.

Гармии тоқатфарсо модари тоҷикро дар пахтазор кушт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00
Линки мустақим

Табибон ба онҳо гуфтанд, ки дили модарашон ба сабаби гармои тоқатфарсо аз кор мондааст. Сафаралӣ Шамсов, писари Сайдиниссои Шомирзоева, гуфт, модараш беморие надошт ва ҳар субҳ аз хона то сари замин, ки се километр роҳ аст, пиёда меомад.

Сайидниссо модари шаш фарзанд ва аз ҷумла се духтари маъюб буд. Шамсов мегӯяд, ки аз таҷрибаи талхи ба сари модараш омада ба мардум машварат медиҳад, ки дар гармо худро эҳтиёт кунанд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон ҳафтаи гузашта аз шаҳрвандон ва бахусус беморони қалб хостаанд, безарурат аз хона берун наоянд, чун мумкин ҳарорати тоқатфарсо сабаби нафастангӣ ва авҷ гирифтани бемориҳояшон шавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо нашри як баёния рӯзи 5-уми июл гуфт, мумкин аст, ҳарорат дар бисёре аз манотиқи кишвар аз марзи 40 дараҷа бигзарад.

Дар ин баёния омадааст, агар касе ҳам берун ояд, бояд Кӯшиш кунад, ки ҳарчӣ камтар зери нури офтоб бошад. Дар ҳоли зарурат бо худ гирифтани чатр ва ё кулоҳи тобистонаро фаромӯш накунед”

Тавсия ба афроди гирифтори бемории фишори баланд, диққи нафас ва бемории қалб ин аст, ки тибқи тавсияҳои духтурон амал кунанд ва бе зарурат ба кӯча набароянд.

Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, ҳарорат дар вилояти Хатлон ба 43, ноҳияҳои тобеи марказ 42, вилояти Суғд 42, дар шаҳри Душанбе 41 мерасад.

XS
SM
MD
LG