Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуқтаҳои маводи сӯхт аз "мӯрӣ"-и Кумитаи андоз назорат мешаванд


Кумитаи андоз барои бастани роҳҳои гурез аз пардохти андоз барои ширкатҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон як барномаи воҳиди электрониро дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши бензини шаҳру навоҳии кишвар ба роҳ мемонад.

Татбиқи ин барномаи компютерӣ ба дӯши ширкати "Фароз" вогузор шудааст, ки ба қавли мақомот, дар як тендер барандаи он шудааст. Насби барномаҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шимоли Тоҷикистон - шаҳри Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан ва дар як қисми шаҳри Хуҷанд шурӯъ шудааст, дар дигар манотиқи Тоҷикистон васли фаннии ин барнома идома дорад.

Ширкати "Фароз", ки онро наздик ба ҳукумат меноманд, аз бузургтарин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки
тиҷораташ чандин соҳаҳо-ро дар бар мегирад

Аммо ширкатҳои бензинфурушӣ мегӯянд, агар татбиқи чунин барномаи воҳиди электронӣ аз ҷониби Кумитаи андоз барои пардохти шаффофи молиёт аҳамият дошта бошад, аз сӯи дигар ин ба афзоиши нархи маводи сӯхт дар сартосари кишвар сабаб хоҳад шуд ва бори мушкил аслан болои харидор хоҳад афтод.

Зимнан, дар пайи болоравии тадриҷӣ, рӯзи 13-уми июл арзиши бензин то 8 сомонӣ ва гази моеъ то 5 самонӣ баланд шуд. Болоравии нархи маводи сӯхтро мақомот ба боло рафтани арзиши аввалияи ин мавод дар Русия – кишвари воридкунандаи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон, рабт медиҳанд.

Кумитаи андоз мегӯяд, бар асоси таҷрибаҳои байналмиалии ҷамъоварии андоз, аз технологияҳои электронӣ истифода мекунад. Дастгоҳҳоро аллакай дар шимоли Тоҷикистон васл карданд. Адҳам Содиров, садори яке аз ширкатҳои бензинфурӯшии шаҳри Панҷакент рӯзи 13-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мутахассисони ширкати "Фароз" тайи як ҳафтаи ахир ба системаи пардохти пулии нуқтаҳои фурӯши бензини онҳо низ ин дастгоҳҳоро васл намуданд.

Вай мегӯяд, ин системаи электронӣ имкон медиҳад, ки дар вақти овардани бензин, газ ва ё маводи дигари сӯхт ва замони рехтани он ба бушкаҳои захиравӣ, хабар тариқи компютер ба маркази ягонаи Кумитаи андоз низ расад. Содиров гуфт, ки дар ҷараёни истифода ё масраф шудан, "на танҳо ҳаҷми маводи сӯхт, инчунин дар вақти фурӯши он ҳам ҳаҷми маблағи фурӯш ба Кумитаи андоз маълум мешавад".

Ҳадаф -- шаффофияти ҷамъоварии андоз аст

Дар ҳамин ҳол, масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон ҳарчанд нақши ширкати "Фароз" дар насби ин дастгоҳҳоро шарҳ надоданд, вале ҷорӣ шудани системаи пешрафтаи компютерии қайди масрафоти сӯзишворӣ ба хотири назорати андозро тасдиқ карданд.

Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон.
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон.

Аз ҷумла, Пӯлодҷон Юсуфӣ, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, кумита бар асоси таҷрибаҳои ҷаҳонӣ барои назорати супурдани андозҳо, аз технологияҳои ҳозиразамон истифода мекунад. Вай афзуд, баҳрабардорӣ аз ин технологияҳои электронӣ дар Тоҷикистон бештар шуда, барои назорати мошинҳои хазинавӣ тариқи технологияҳои интиқолдиҳандаи электронӣ истифода мешаванд.

Як масъули дигари Кумитаи андоз ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслӣ – таъмини шафофияти ҷараёни фурӯши маводи сӯхт дар ҳамаи гӯшаҳои кишвар мебошад. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки системаи электронии сарфи сӯзишворӣ пеши роҳи ба таври қочоқӣ фурӯхтани маводи сӯхт ва сарпечӣ аз пардохти андозро хоҳад гирифт.

Назорати электронӣ хуб аст, ба шарте ки...

Масъуд Собиров, собиқ раиси Ҳизби демократ ва иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ҷорӣ намудани ситемаи гузоришдиҳии ҳамзамон ба Кумитаи андоз дар бораи сарфу харҷи маводи сӯхт барои шафофияти пардохти молиёт мусоидат мекунад ва аз қочоқи маводи сӯхт пешгирӣ намуда, масъулони ширкатҳоро водор мекунад, ки вобаста ба ҳаҷми фурӯши маводи сӯхт, андозро пардохт кунанд.

Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик.
Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, эҳтимоли ба вуҷуд омадани ба истилоҳ "нуқтаҳои сиёҳ" ё ғайрирасмии фурӯши сӯзишворӣ ҳам бештар мешавад. Вай гуфт, ки “бархе аз ширкатҳо талош мекунанд бо роҳи пинҳонӣ маводи сӯхт ворид кунанд ва ҳаҷми падохти маблағ барои андозро пинҳон кунанд. Системаи нав аз ин чиз ҷилавгирӣ мекунад. Вале аз сӯи дигар, бензинфурушӣ дар кӯчаҳо ва дар сари роҳҳо, ки ба қайд гирифта намешавад, бештар хоҳад шуд".

Масъуд Собиров меафзояд, аз сӯи дигар ширкатҳо талош мекунанд бензину газ ва дигар маводи сӯхтро дар мошинҳои алоҳида ба сари роҳ бароварда ба фурӯш гузоранд.

Маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ва Русия ворид мешавад ва ба қавли мақомот, дар ин бозор дар соли 2017 дар маҷмӯъ 66 ширкат машғули кор буданд. Бузургтарин воридкунандаҳои бензину гази моеъ, ба қавли Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ширкатҳои "Фароз" (12,1 фоизи бозорро дар ихтиёр дорад), "Алфа газ", "Газпромнефт"-и Тоҷикистон ва ширкати "Коир Ко" мебошанд.

Ба иттилои ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, дастгоҳҳои харҷи сӯзишворӣ ва гузоришдиҳӣ ба Кумитаи андозро ширкати “Фароз” қарор аст дар ҳамаи нуқтаҳо анҷом диҳад. Вале худи ширкат рӯзи 13-уми июл омода нашуд, ки ин хабарро шарҳ диҳад. Зуҳуршо Ҳамроев, котиби матбуотии ширкат дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин хабарро на рад ва на тасдиқ кард, вале гуфт, ки ширкат танҳо ба таври хаттӣ омода мешавад ба ин савол посух диҳад.

Ширкати “Фароз”, ки онро наздик ба ҳукумат меноманд, аз бузургтарин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки тиҷораташ чандин соҳаҳо-ро дар бар мегирад. Ин ширкат дар баробари таъмини сӯзишворӣ ба кишвар, тиҷораташро дар арсаи тиб аз ҷамъоварии шираи камол шуруъ кард, ки барои истеҳсоли чандин навъи доруҳо ашёи хом ба ҳисоб меравад. Ин ширкат ҳамчунон дар ҷануби кишвар серпентарий ва ё макони парвариши морҳоро низ дар ихтиёр дорад, ки барои истеҳсоли позаҳрҳо истифода мешавад.

Нашри шаҳодатномаи ронандагӣ, рақами мошин ва таълими маҳорати ронандагӣ дар мактабҳо низ аз тиҷоратҳои пурдаромади “Фароз” ҳастанд.Ширкат маҷмаи лижаронии “Сафеддара” дар ноҳияи Варзобро низ аз давлат харида ва бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ онро бозсозӣ кард. Ширкати “Фароз” исми моликони воқеии худро боре ҳам нашр накардааст, вале расонаҳо борҳо гузориш нашр кардаанд, ки он ба афроди наздик ба хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад.

XS
SM
MD
LG