Пахши барномае аз телевизиони давлатии Эрон дар бораи "эътирофҳо"-и чанд нафар аз боздоштшудаҳое, ки видеои рақси худро дар "Инстаграм" нашр карда буданд, бо мавҷе аз вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст.
Дар ин барномаи тақрибан 20-дақиқаӣ, ки шоми ҷумъаи 6-уми июл бо номи "Мустанади бероҳа" аз Шабакаи якуми телевизиони Эрон пахш шуд, ҳадди ақал се духтар ва як писар, ки чеҳраҳояшон нишон дода намешавад, дар бораи фаъолиятҳояшон дар "Инстаграм" ба пурсишҳои муҷрӣ посух медиҳанд ва гоҳе дар ҳангоми посух додан ба суолҳо, ба гиря меафтанд.
Ниҳодҳои байналмилалӣ дар солҳои ахир ҳамвора Эронро яке аз "душманони аслӣ"-и интернет ва фазои маҷозӣ, хондаанд.
Дар ин барномаи телевизионӣ номи боздоштшудаҳо зикр намешавад, аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро Моида, Алноз Қосимӣ, Шодоб ва Комӣ, муаррифӣ карданд. Бинобар гузоришҳо, ин чанд нафар муддате пас аз боздошт ба васиқа озод шуданд, аммо сафҳаҳои онҳо дар "Инстаграм" ҳазф шудааст. Тибқи бархе аз гузоришҳо, бархе аз онҳо ба зиндон маҳкум шудаанд.
Пас аз пахши ин барномаи телевизионӣ, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш нишон дода ва ба вижа дар бораи гиряи яке аз духтарон, ки Моида муаррифӣ шудааст, навиштанд. Илова бар корбарони оддӣ, шуморе аз мақомҳои феълӣ ва пешини Ҷумҳурии исломӣ, рӯзноманигорон ва зиндониёни собиқи сиёсӣ низ дар бораи ин масъала навиштанд.
Ҳудуди ду моҳ пеш Камол Ҳодиёнфар, раиси вақти пулис дар яке аз минтақаҳои Теҳрон гуфта буд, ки нерӯҳои вижа дар ҳоли баррасии 51 ҳазор сафҳаи "Инстаграм" ҳастанд. Тураҷ Козимӣ, раиси феълии ин ниҳоди интизомӣ низ ба хабаргузориҳои он кишвар гуфтааст, то ба ҳол аз се як ҳиссаи парвандаҳои вобаста ба "шохҳои Истаграм", ба натиҷа расидааст."
Дар солҳои ахир Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ибтидо дар чорчӯбаи тарҳе бо номи "Анкабут 1" дар чаҳори соли пеш шуморе аз корбарони шабакаи иҷтимоии "Фейсбук"-ро боздошт ва онҳоро ба "тарвиҷи фасод" ва "нодида гирифтани сабки зиндагии эронӣ", муттаҳам кард.
Маркази баррасии ҷиноятҳои созмонёфтаи Сипоҳи посдорони Эрон бори дигар ду сол пеш дар чаҳорчӯбаи тарҳи "Анкабут 2" даҳҳо тани дигар аз корбарони шабакаҳои мухталифи иҷтимоиро боздошт кард.
Ниҳодҳои байналмилалӣ дар солҳои ахир ҳамвора Эронро яке аз "душманони аслӣ"-и интернет ва фазои маҷозӣ, хондаанд. Аз ҷумла, Созмони гузоришгарони бидуни марз дар гузоришҳояш ҳукумати Эронро дар канори чанд ҳукумати дигар, "душмани интернет" хонда ва созмони "Хонаи озодӣ" низ дар яке аз охирин гузоришҳояш Ҷумҳурии исломии Эронро дар яке аз зинаҳои поёнии "озодии интернет" қарор додааст.