Дар маркази вилояти Суғд намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ шурӯъ шуд. Рӯзи 6-уми июл дар толори намоишгоҳ беш аз 200 ширкат аз Тоҷикистону Узбекистон намунаи маҳсулоти худро ба тамошо ва фурӯш гузошта буданд. Тоҷирони тоҷик асосан барои меваю сабзавот, шарбату шириниҳо, қолин, матоъву либос аз пахтаву абрешим харидор меҷӯянд.
"Баракат-Исфара" харидорони нав меҷӯяд
"Баракат-Исфара" -- бузургтарин корхонаи коркарди меваю сабзавоти маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки намунаҳои маҳсулоти навашро ба намоиш гузоштааст. Ин корхона дар ҳоли ҳозир моҳе 250 тонна меваю сабзавотро коркард менамояд.
Имсол дар Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ дар Хуҷанд, Узбекистон барои бори дувум иштирок кард ва ҳудуди 40 ширкат аз ин кишвар бо маҳсулоти худ иштирок доштанд.
Азимхон Тӯраев, менеҷери корхонаи "Баракат" гуфт, "дар хатти дувуми корхонаамон истеҳсоли снэк (ширинӣ)-ҳои мевагиро ба роҳ мондем. То ҳозир дар мағозаҳои бузурги Душанбеву Хуҷанд ба фурӯш гузоштем. Талош дорем дар кишварҳои дигар низ харидор ёбем, умедворем дар ин намоишгоҳ харидор меёбем ва шартнома мебандем."
Меваҳои тару хушки Суғд дар бозорҳои ҷаҳон
Фурӯшандаҳои меваҳои тару хушки Тоҷикистон дар Русияву Қазоқистон харидорони анъанавии худ доранд. Танҳо дар вилояти Суғд солона ҳудуди 100 ҳазор тонна меваи хушк ба даст оварда мешавад, вале содироти он муназзам ба роҳ монда нашудааст.
Тоҷирони тоҷик ба бозори кишварҳои ғарбӣ ва хориҷаи дур роҳи мустақими баромад надоранд ва ҳоло тавассути кишварҳои сеюм роҳ меҷӯянд. Молашон аз нигоҳи намуд бозоргиру рақобатпазир нест ва дар гирифтани сифатномаҳои байнулмилалӣ низ мушкил доранд. Вале харидорони хориҷӣ мегӯянд, пешрафтҳоеро дар Намоишгоҳи 5-уми тиҷоратӣ дар Хуҷанд мушоҳида кардаанд.
Геннадий Гончаров, намояндаи Палатаи савдо ва саноати Русия дар ин ҳамоиш гуфт, "қаблан дар толори намоишгоҳ бештар мева ва зардолуро дида мешуд. Вале имсол дар баробари зардолуи тар ва хушк, ки як бренди меваи хушсифати Тоҷкикистон аст, маҳсулоти саноати сабук пайдо шудааст. Маълум, ки минтақа рӯ ба рушд дорад. Ва мо бо қаноатмандии бузург дар Хуҷанд барномаи навсозии хати троллейбусро рӯи даст дорем."
Ҷаноби Гончаров афзуд, ки ҳамчунин дар ин намоишгоҳ дастгоҳи босифат хушк кардани мева, аз ҷумла зардолуро, ки мутахассисони як ширкати Русия сохтаанд, ба деҳқонон ва мутахассисони тоҷик муаррифӣ хоҳанд кард.
40 ширкат аз Узбекистон дар намоишгоҳи Хуҷанд
Имсол дар Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ дар Хуҷанд Узбекистон барои бори дувум иштирок кард. Соли гузашта ҳудуди 30 ширкат аз Узбекистон бо маҳсулоти худ иштирок доштанд. Имсол 40 ширкат аз ин кишвар, умдатан аз минтақаҳои Тошканд ва Фарғона маҳсулоти худро ба маърази намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Дилшод Менглиев, муовини раҳбари Палатаи савдо ва саноати Узбекистон гуфт, "мо дар Тошканд корхонаи трасформаторбарорӣ дорем ва пешниҳод гирифтем, ки чунин корхонаи муштаракро дар Тоҷикистон низ боз кунем. Ҳамчунин дар бахши саноати сабук, дар истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёт ва нассоҷӣ низ пешниҳодҳо барои ҳамкориро гирифтем."
Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ соли панҷум аст дар вилояти Суғд доир мегардад. Ин маҳфилҳо тақрибан ягона имкониятест, ки тавлидкунандагону фурӯшандагон ва харидорону шарикони ҳамкориро аз Тоҷикистону Русия ва Узбакистон чандин кишвари дигари пасошӯравӣ бо ҳам рӯ ба рӯ мекунад.