Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияро барои муносибат бо расонаҳо сарзаниш карданд


Як созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон мегӯяд, "агенти хориҷӣ" номидани чанде аз хабарнигорон ва блогнависҳо дар Русия қадами дигаре барои монеъ шудан ба нашри хабару иттиллот ва бахше аз “сиёсати усулии” мақомоти он кишвар аст.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон рӯзи 3-юми июл бо нашри баёнияе аз ҳукумати Русия хост, аз ин роҳ баргардад ва бигузорад, ки шаҳрвандони кишвар ба маълумот ва назарҳо аз манобеи гуногун дастрасӣ дошта бошанд.

Аз ин пештар Кумитаи иттилоот ва мухобироти Думаи давлатии Русия тарҳи ислоҳшудаи қонунеро тасвиб кард, ки ба мақомот ҳақ медиҳад, хабарнигорони расонаҳои хориҷиро "маъмурони хориҷӣ" ном баранд.

Бар асоси ин қонун афроде, ки “маъмури хориҷӣ” унвон шудаанд, бояд солона ду бор ба мақомот дар бораи фаъолияташон гузориш бидиҳанд. Солона ҳисоботи молӣ супоранд ва дар ҳар матлабе, ки нашр мекунанд, бояд навиштаи “маъмурони хориҷӣ” дошта бошанд.

Блогнависоне, ки "маълумоти маъмурони хориҷиро бознашр мекунанд”, ҷавобгар намешаванд

Тағйирот ба қонунро пеш аз баррасии дубораи тарҳи қонун пешниҳод кардаанд, ки онро Дума моҳи январи имсол тасвиб кард. Барои ҳукми иҷро гирифтани ин санади баҳсбарангез онро бояд ҳарду палатаи порлумони Русия тасвиб кунанд ва раиси ҷумҳур Владимир Путин имзо бигузорад.

Леонид Левин, раиси Кумитаи иттилоот ва мухобироти Дума, ки аз муаллифони тағйироти охир аст, ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, Вазорати умури хориҷӣ ва Додситонии кулл масъули унвон кардани афрод мешаванд. Блогнависоне, ки “маълумоти маъмурони хориҷиро бознашр мекунанд, ҷавобгар намешаванд", - гуфтааст Леонид Левин.

Вазорати адлияи Русия бояд муайян кунад, ки кадоме аз созмонҳои хориҷӣ ба феҳрасти “маъмурони хориҷӣ” шомил мешаванд. Бино ба гузоришҳо, дар тарҳи қонун омадааст, ки бастани вебсайтҳо ва расонаҳо бе ҳукми додгоҳ мумкин нест.

Тағйиру ислоҳи пешниҳодӣ ин нигарониҳоро барангехт, ки Русия бар иловаи “маъмури хориҷӣ” унвон кардани расонаҳо, хабарнигорони хориҷиеро, ки дар онҷо кор мекунанд, айни унвонро медиҳад.

Владимир Путин
Владимир Путин

Моҳи ноябри соли гузашта Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки бар асоси он вазорати адлия ҳақ дорад, расонаҳои хориҷии мустақар дар Русия ва ё он расонаҳое, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, “маъмури хориҷӣ” унвон диҳад.

Русия мегӯяд, қонуни мазкур посухе ба амалкардҳои давлати Амрико аст, ки расонаҳои русиро дар онҷо зери фишор қарор додааст. Вашингтон мегӯяд, ки иддаои Русия дар бораи фишор ба расонаҳои русӣ беасос аст. Вазорати адлияи Русия моҳи декабри соли гузашта Садои Амрико, Радиои Озодӣ ва чанд расонаи дигарро расман “маъмури хориҷӣ” унвон дод.

Муносиботи байни Русияву Амрико баъди ишғоли нимҷазираи Қрими Украина ва ҳам дахолати эҳтимолии Маскав ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016 бисёр сард шуд.

XS
SM
MD
LG