Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон зане дар саҳни таваллудхона кӯдаки худро ба дунё овард. Тибқи хабарҳо, бинои таваллудхонаи №2 он замон ба далели ҷараён доштани корҳои бозсозӣ, баста будааст.
Сардухтури таваллудхона Азамат Олимбоев гуфт, дарди зоиш занро якбора фаро гирифтааст ва бинобар ин ӯ натавонистааст ба бинои беморхона ворид шавад.
"Зоишгоҳи мо ба далели ҷараён доштани корҳои бозсозӣ бастааст. Вале табибон ба зан кӯмак расонданд. Ҳоло вазъи модару кӯдак муътадил аст", - изҳор дошт сардухтур. Дар Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтанд, ки роҷеъ ба ин ҳодиса тафтиши хидматӣ оғоз шудааст.