Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Восеъ даҳҳо гектар гандумзор ба коми оташ рафт


Дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ҳудуди 25 гектар замини гандум оташ гирифтааст. Оташсӯзии рӯзи 24-уми июн соати 12:20 дақиқа рух дода, то 25 гектар заминҳои ҳудуди ҷамоати Мирзоалӣ Вайсов ва ҳамсояноҳияи Темурмаликро фаро гирифтааст.

Наврӯз Тошматов, роҳбари Хадамоти оташнишонии ноҳияи Восеъ рӯзи 25-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, оташсӯзӣ дар заминҳои гандум соати 12:30 шурӯъ ва бо кӯмаки мардум ва оташнишонҳои се ноҳия хомӯш карда шуд.

"Барои хомӯш кардани сӯхтор оташнишонҳои ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ ва шаҳри Кӯлобро омаданд. Ҳамчунон мардуми атрофро низ ҷалб кардем, ки дар хомӯш кардани оташ кӯмак кунанд",-афзуд вай.

Барои хоҷагидорони ин минтақа, ки аксар заминҳояш обёрӣ намешаванд, гандумкорӣ як манбаи муҳими даромад ба ҳисоб меравад.

Тошматов гуфт, аз 25 гектар заминҳои оташгирифта, 18 гектар ба ҳудуди ноҳияи Темурмалик ва боқимонда ба заминҳои ноҳияи Восеъ тааллуқ доранд. Санҷишҳои мақомоти оташнишонӣ собит кардааст, ки комбайни гандумдаравӣ сабабгори сар задани сӯхтор шудааст.

"Дар ҳамин мавзеъ як комбайн, ки машғули гандумдаравӣ будааст, вайрон мешавад. Ронанда кӯшиш мекунад, ки генератори онро таъмир кунад, аммо он оташ гирифта, ба коҳ мечаспад ва пасон ба дигар минтақаҳо паҳн мешавад",-иброз дошт Тошматов. Ронандаи ин комбайн бо хоҷагиҳои деҳқони атроф ваъда додааст, ки бар ивази зарари расондааш, ду сол ба онҳо ройгон хидмат мерасонад.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз шоҳидони айнии ин оташсӯзӣ мегӯянд, майдони оташгирифта хеле бештар аз 25 гектар буд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин мавзеъ, ки ба заминҳои ноҳия Темурмалик ҳамсарҳад аст, сокинон ҳудуди 800 гектар гандум кишт кардаанд.

Шаҳбон Шарипов, яке аз шоҳидони ин оташсӯзӣ гуфт, сӯхтор тақрибан то ба 300 гектар паҳн гашта, ба хоҷагирдоронӣ ду ноҳия зарари зиёд расонид. Барои хоҷагидорони ин минтақа, ки аксар заминҳояш обёрӣ намешаванд, гандум ва коҳи он, ки хӯроки асоси чорво аст, як манбаи муҳими даромад ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG