Мунтахаби Хорватия тими милии Аргентинаро ба таври ҳангомавӣ бо ҳисоби калони 3-0 шикаст дод. Касе чунин натиҷаро дар ин дидор пешгӯӣ намекард. Ин бозии марказии даври дуюм дар гурӯҳи D миёни дастаҳои футболи Аргентина ва Хорватия шаби гузашта дар варзишгоҳи шаҳри Нижний Новгород баргузор гардид.
Голи аввалро дар дақиқаи 53-юм бозигари тими миллии Хорватия Анте Ребич ба ҳадаф расонд. Ӯ баъди иштибоҳи дарвозабони мантахаби Аргентина Вилфредо Кабалеро, ки мехост тӯбро ба ҳамдастааш ҳаво диҳад, бо як зарбаи зебо тавонист дарвозаи рақибро рахна кунад.
Баъд аз голи аввал хорватиҳо пурра зимоми бозиро ба даст гирифтанд ва ҳар лаҳза ба ҷониби дарвозаи аргентиниҳо ҳуҷумҳои хатарнок анҷом медоданд. Ҳимоятгарони дастаи Аргентина зиёд ба ҳуҷумҳои ситораҳои футболи Хорватия тоб наоварданд. Дар дақиққаи 80-ум нимҳимоятгари бошгоҳи шоҳонаи "Реал Мадрид" ва капитани мунтахаби Хорватия Лука Модрич аз масофаи дур зарба зад ва тӯбро вориди дарвозаи Кабалеро намуд.
Голи сеюм ва ниҳоиро дар ин бозӣ дар дақиққаи 91-ум нимҳимоятгари бошгоҳи "Барселона" Иван Ракитич баъди партофти зебои Матео Ковачич ба ҳадаф расонд.