Никки Ҳейли, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбеи 19-уми июн эълон кард, ки ИМА аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хориҷ мешавад. Амрико ин ниҳодро ба риёкорӣ, бетаваҷҷуҳӣ ба нақзи ҳуқуқи башар дар бархе кишварҳо ва гирифтани мавзеъҳои душманона алайҳи Исроил, муттаҳам кард.
Ба гузориши хабаргузориҳо, Никки Ҳейли дар нишасти хабарӣ ҳамроҳ бо вазири хориҷии кишвараш Майк Помпео дар бинои вазорати умури хориҷии Амрико аз иқдомоти Русия, Чин, Куба ва Миср барои пешгирӣ аз талошҳои Амрико ҷиҳати ислоҳи ниҳодҳои ҳуқуқи башари СММ, ба шиддат интиқод кард.
Ҳукумати Амрико дар замони раёсати ҷумҳурии Ҷорҷ Буши писар ба муддати се сол Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро таҳрим кард ва дар соли 2009 ва дар замони президентии Барак Обама дубора ба ин ниҳод пайваст.
Хонум Ҳейли таъкид кард, "муддатҳост, ки Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид тарафдори нақзкунандагони ҳуқуқи башар аст. Нақзкунандагони ҳуқуқи башар ҳамчунон дар ин шӯро ҳузур доранд ва ба узвияти он шомил мешаванд."
Сафири Амрико дар СММ бо ишора ба ҳузури кишварҳое монанди Куба, Венесуэла, Чин ва Ҷумҳурии Конго дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард, "нигоҳе ба аъзои шӯро нишон медиҳад, ки онҳо арзише барои ҳуқуқи ибтидоӣ қоил нестанд."
Вай дар идома ба эътирозҳо дар Эрон дар соли гузашта ишора кард ва гуфт, дар моҳҳои декабр ва январ ҳукумати Эрон садҳо шаҳрвандро бинобар боварҳояшон кушт ва боздошт кард, аммо Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид вокунише нишон надод.
Сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид афзуд, "вақте Шӯрои ба истилоҳ ҳуқуқи башари СММ ба нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон ва Венесуэла расидагӣ намекунад ва Ҷумҳурии Конгоро ба узвият мепазирад, дигар ин шӯро эътибори номашро аз даст додааст."
Вай ҳамчунон гуфт, "тамаркуз бар Исроил ва хусуматин бепоён нисбат ба ин кишвар собит мекунад, ки ин шӯро ангезаҳои сиёсии ҷонибдорона дорад ва ҳадафи он ҳуқуқи башар нест". Дар ҳамин ҳол, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил аз тасмими ҳукумати Амрико барои хуруҷ аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ташаккур кардааст.
Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид 48 узв дорад ва ҳудуди якуним сол аз узвияти сесолаи Амрико дар ин ниҳод мегузарад. Хуруҷи комили Амрико аз ин ниҳод дар ҳолест, ки ин кишвар дар як соли ахир аз паймонҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла тавофуқи иқлимии Порис ва созиши ҳастаӣ бо Эрон, хориҷ шуда буд.
Ҳукумати Амрико дар замони раёсати ҷумҳурии Ҷорҷ Буши писар ба муддати се сол Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро таҳрим кард ва дар соли 2009 ва дар замони президентии Барак Обама дубора ба ин ниҳод пайваст.
Сафири Амрико дар СММ соли гузашта эълом кард, ин кишвар дар ҳоли бозбинии узвияти худ дар Шӯрои ҳуқуқи башар аст ва хостори анҷоми ислоҳоте шуд, ки ба гуфтаи ӯ, "ҷонибдориҳои ниҳодина ва зидди исроилӣ"-и ин ниҳодро аз байн бибарад.
Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ки дар соли 2006 таъсис шудааст, дар мавриди "хушунатҳои Исроил" дар минтақаҳои ишғолии фаластиниён, як ҷаласаи доимӣ дорад, ки Амрико хостори ҳазфи он аст. Ин ниҳод моҳи гузашта бо анҷом додани як таҳқиқот дар мавриди кушта шудани фаластиниён дар Ғаза, Исроилро муттаҳам кард, ки аз нерӯи низомии худ ба таври "номутаносиб" истифода мекунад.