Дилмурод Раҳматуллоев, ҳокими шаҳри Андиҷон, ки дар матбуоти мустақил бештар ҳамчун як раҳбари баддаҳон ном баровардааст, ин навбат низ баъзе аз идораҳои давлатиро барои камфаъолиятӣ дашномҳои қабеҳ додааст.
Сабти нави ҳақоратҳои ҳокими Андиҷон рӯзи 12-уми июни имсол дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд.
Агар шахси мансабдор баъди ҷазои маъмурӣ гирифтан ба ҳақорат идома диҳад, бар асоси моддаи 140-уми Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.
Ба камияш бори панҷум аст, ки сабти дашномҳои Дилмурод Раҳматуллоев расонаӣ мешавад. Соли гузашта Додситонии кулли Узбекистон ӯро барои истифода аз алфози қабеҳ ба маблағи панҷ миллион сӯм, муодили беш аз шашсад доллар, ҷарима карда буд.
Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ҳокими Андиҷон барои дашномҳои батакрор бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Худи мақомот ин вазъиятро шарҳ надодаанд. Талошҳои Радиои Озодлик барои тамос бо Дилмурод Раҳматуллоев низ бенатиҷа буд.
Аммо бар асоси сабте, ки дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, Раҳматуллоев дар ҷаласаи охири шаҳрдорӣ масъулони Фонди нафақа ва Палатаи савдо ва саноати Андиҷонро ҳақорат кардааст. Аз ҷумла, ӯ нисбат ба раиси Фонди нафақа гуфтааст, "ана, (Фонди) нафақа ба мо ва ба ҳама туф кардааст. Ман ба болои ӯ мем...м ва мер... м”.
Дар идома Саидаббос Аббосов, раиси Утоқи савдо ва саноати Андиҷонро ҳам зери бори танқид гирифта, нисбат ба ӯ аз дашномҳои қабеҳ истифода кардааст. Дилмурод Раҳматуллоев дар ин сабт мегӯяд, "эй Палатаи савдо ва саноати ифлос! (Ҳақорат мекунад). Кор кунӣ, кор кун, накунӣ, пошел на ...! Мисли кӯдак, хоҳӣ, кор меоӣ, нахоҳӣ не. Эй ифлос, агар хоҳӣ, биё. Агар нахоҳӣ, пошел на ... Эй ифлос".
Аббосов талош мекунад, сабаби як дафъа ба ҷаласа ҳозир нашуданашро шарҳ диҳад ва лаб ба гуфтор мекушояд: "Ба Палатаи савдо ва саноати вилоят рафта будам, ҳамон ҷо кор доштам, банд будам..."
"Бирав, дар ҳамон вилоят кор кун, дигар ба пеши ман наё. Ҳей, забонатро канда дар к...т мезанам ҳозир. Ту ифлос, баъди ба кор омаданат ягон хел ёрӣ накардӣ. Ҳамчун раҳбар ва ҳам ҳамчун инсон ба ман даркор нестӣ", - мегӯяд ҳокими шаҳри Андиҷон.
Истифодаи дашномҳои қабеҳ аз тарафи ҳокими шаҳри Андиҷонро се раиси идораи давлатӣ тасдиқ карданд ва сабти садои онҳо дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст. Садриддини Ашӯр, шореҳи бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, бархӯрди номуносиби ҳокимони шаҳру минтақаҳои Узбекистон аз даврони раёсати Ислом Каримов боқӣ мондааст. Ӯ гуфт, духӯрагии раиси ҷумҳури кунунӣ Шавкат Мирзиёев сабаб шудааст, то ҳокимон шеваи рафтори худро тағйир надиҳанд.
"Раиси ҷумҳур аз як сӯ мегӯяд, касоне, ки ба ходимони худаш муносибати бад ё ҳақорат мекунад, вай ба сиёсати президент зид аст. Аммо аз тарафи дигар ба ҳокимони вилояту ноҳияҳо ваколати мутлақ додааст. Гуфтааст, ҳокимонро ман таъйин кардаам ва касе ҳақ надорад, ба кори онҳо дахолат кунад ва ба ҷавобгарӣ кашад. Агар инҳоро ба ҷавобгарӣ кашед, ман худи Шуморо ҳабс мекунам", - шарҳ дод ӯ.
Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, Дилмурод Раҳматуллоев ба камияш ду дафъа огоҳӣ гирифта ва ҷарима шудааст ва дар сурати такрори чунин рафтораш бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Яке аз ҳуқуқшиносон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, "агар шахси мансабдор баъди ҷазои маъмурӣ
гирифтан ба ҳақорат идома диҳад, бар асоси моддаи 140-уми Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд. Бар асоси моддаи 327-и Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ дар ин ҳолат даъвогар зарур нест. Агар ин ҳақоратҳо дар матбуот чоп шуда бошад, додситонӣ бояд парвандаи ҷиноӣ боз кунад."
Моҳи ноябри соли 2017 хабар расид, ки ҳокими Андиҷон мудирони мактабҳо ва коллеҷҳоро бо баҳонаи ба пахтачинӣ нафиристодани шумори кофии одамон "шағол, ҳайвон ва ифлос" номидааст. Дар як ҷаласаи дигар ин ҳоким рӯзи 18-уми ноябри соли гузашта омӯзгори 64-соларо "ифлос" ва "гов" номид.
Пас аз ин ҳодиса Додситонии кулли Узбекистон гуфт, дар рафтори ҳоким нишони ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дида мешавад. 18-уми декабри соли гузашта парвандаи ҳоким ба додгоҳ рафт ва охири соли 2017 додгоҳ ӯро 5 миллион сӯм - муодили 650 доллар - ҷарима баст.
Аммо дар як ҷаласа ибтидои моҳи феврали имсол Дилмурод Раҳматуллоев роҳбарони созмонҳои маҳаллиро, ки нақшаи супоридани оҳанпора ва ҷамъоварии маблағ ба фонди рушди варзиши кӯдаконаро иҷро накарданд, бори дигар "ифлос, шағол, ҳайвон ва гов" номид.
Ба дунбол, сарвазир Абдулло Орипов рӯзи 17-уми апрел барои маҷбур кардани муаллимон ва табибон ба меҳнат ба Дилмурод Раҳматуллоев огоҳии охиринро дода буд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, Раҳматуллоев рӯзи 15-уми майи имсол боз раҳбарони идораҳо ва раисони маҳаллаҳоро “ифлос, худозада, мараз, пес, махов, ҳаром ва латта” гуфт.