Шаҳрванди Тоҷикистон Мирзо Отаҷонов, ки ба қатли Ҷереми Сафран, профессори амрикоӣ айбдор мешавад, дар нахустин мурофеаи додгоҳӣ гуфтааст, нахуст "профессор бо корди ҳарбӣ ба ӯ ҳамла кард" ва ӯ ғайричашмдошт ба ӯ аксуламал нишон дод.
Нашрияи "Ню-Йорк дейли нюс" аз қавли Отаҷонов менависад, профессор ӯро барои анҷом додани баъзе корҳо ба хонааш даъват карда буд. Отаҷонов бо супориши профессор қандили хонаи ӯро таъмир кардааст, аммо бо ин вуҷуд, лампочакаи қандил чашмак (милт- милт) мезадааст. Ин ҷавони тоҷик дар ҳоле ба таъмири қандил пардохтааст, ки худ ихтисоси устои барқ надоштааст.
Ҷониби тафтишот исрор дорад, ки Мирзо Отаҷонов на бо даъвати худи профессор, балки барои ғорату дуздӣ вориди хонаи ӯ шудааст.
Профессор аз дуруст нашудани қандил асабонӣ шуда гуфтааст, "ин кишвар аз муҳоҷирон ҳеҷ суде бардошта наметавонад", ҳарчанд худи ӯ зодаи Канада будааст. Ба гуфтаи Отаҷонов, профессор бо корди ҳарбӣ ба ӯ ҳамла кард ва ӯ аз рӯи "инстинкт амал кард" ва вақте ба худ омад, ки дид профессор дар рӯи фарш мехобад."
Отаҷоновро нозирони пулис аз даруни ҷевони таҳхонаи профессор пайдо карданд, ки дар даст болға дошт. Болғае ки ба иддаои тафтишот, Отаҷонов ба сари профессор зарба задааст. Мирзо Отаҷонов гуфтааст, барои он дар даруни ҷевон пинҳон шуд, ки зани профессор бо саги Пит- булл, ба ӯ ҳамла кард. Аммо бо ин вуҷуд, ҷониби тафтишот исрор дорад, ки Мирзо Отаҷонов на бо даъвати худи профессор, балки барои ғорату дуздӣ вориди хонаи профессор шудааст.
Волидони Мирзо Отаҷонови 28 сола -- Темур Отаҷонов ва Гулчеҳра Низомиддинова, ки ҳарду табиб ҳастанд, соли 2013 баъд аз бурди лотореяи "Green card", ба Амрико кӯч бастаанд. Яке аз пайвандони ин хонавода дар шаҳри Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ба ҷуз аз Мирзо, бародаронаш Искандар ва Малик низ дар Амрико ба сар мебаранд.
Гулчеҳра Низомиддинова -- модари хонавода дар клиникаи исроилӣ дар шаҳри Ню-Йорк ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекардааст. Худи Мирзо Отаҷонов яке аз донишгоҳои шаҳри Ню-Йоркро бо ихтисоси биолог хатм кардааст. Тавре Отаҷонов дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "LinkedIn" навиштааст, ӯ соли 2012 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе хатм карда, дар яке аз бемористонҳои пойтахт ба ҳайси кардиолог фаъолият доштааст.