«Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар бозии охирини даври ёздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ бар тими «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Дар ин бозӣ, ки 9-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид, ҳарсе гол дар нимаи дувум зада шуд. Ҳисобро бозигари мизбонон Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 57-ум аз пеналтӣ боз кард. Баъдан Хайриддин Турахонов дар дақиқаи 70-ум ва Ҳасан Холов дар дақиқаи 73-юм ба дарвозаи “Барқчӣ” ду гол зада, бозиро ба нафъи “Панҷшер” анҷом доданд.
Зимнан, ин пирӯзии дувуми “Панҷшер” ва бохти нӯҳуми “Барқчӣ” дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба шумор меравад.
Имрӯз, 10-уми июн, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии мавқуфгузоштаи даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни ду дастаи шаҳри Душанбе - ССКА «Помир» ва «Истиқлол» - соати 19:10 оғоз меёбад.
Ёдовар мешавем, ССКА «Помир»-и Душанбе, ки 5-уми июн дар бозии даври ёздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, бо 17 имтиёз дар ҷадвал ба зинаи севум баромад.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи дигаи олӣ “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо 24 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 23 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии охирини даври 11-ум
9 июн (шанбе)
«Барқчӣ» – «Панҷшер» – 1:2
Голҳо: Ваҳдат Ханонов, 57 – аз пеналтӣ (1:0). Хайриддин Турахонов, 70 (1:1). Ҳасан Холов, 73 (1:2).
«Барқчӣ» (Ҳисор): Шоҳрух Қирғизбоев, Султоншо Мирзоев (Маҳмадзарифи Абдураҳим, 68), Ваҳдат Ханонов, Оятулло Сафаров, Ҳусейн Нурматов, Шервонӣ Мабатшоев, Абдулмуъмин Забиров, Саидмухтор Азимов, Далер Ёдгоров, Шаҳром Самиев (Зиёвуддин Фузайлов, 75), Нуриддин Ҳамроқулов.
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Куайе Годсон, Хушвахт Миров, Равшан Азизов, Алишери Ҳотам, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, Сорбон Авғонов, Маҳмуд Ғаюров (Саламшо Ашӯрмамадов, 90+3), Мунир Давлатбеков, Ҳасан Холов, Саидакбар Юнусов (Маҳмадраҷаб Ҷобиров, 90), Хайриддин Турахонов (Фаррух Фузайлов, 90+4).
Огоҳӣ: Шаҳром Самиев («Барқчӣ»).
Бозигари беҳтарини дидор: Ҳасан Холов («Панҷшер»).
Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
9 июн. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.
Бозии мавқуфгузоштаи даври 8-ум
10 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:10
ССКА «Помир» — «Истиқлол»
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
11 |
7 |
3 |
1 |
22-11 |
24 |
2 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
10 |
7 |
2 |
1 |
19-10 |
23 |
3 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
10 |
4 |
5 |
1 |
14-13 |
17 |
4 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
11 |
4 |
3 |
4 |
13-16 |
15 |
5 |
«Хатлон» (Бохтар) |
11 |
4 |
1 |
6 |
13-15 |
13 |
6 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
11 |
3 |
4 |
4 |
15-14 |
13 |
7 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
11 |
2 |
3 |
6 |
7-15 |
9 |
8 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
11 |
1 |
1 |
9 |
5-14 |
4 |
Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 6 тӯб, Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 5 тӯб, Шериддин Бобоев, Дилшод Восиев (ҳарду – «Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Абдухалил Боронов (ССКА «Помир»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ») – 4-тӯбӣ.