Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот ба сокинон: "Садақаи Фитрро ба имомҳо диҳед". ВИДЕО


Дар Тоҷикистон аз сокинон талаб шудааст, ки садақаи фитрро ба раисони маҳалла ё имомони масҷидҳо супоранд. Мақомот гуфтанд, ки кумисюни махсус дар маҳалҳо садақаи фитрро ба дасти афроди камбизоат хоҳад расонд.

“Худам медонам, ки дар деҳа кӣ камбағал аст”

Худамон медонем, ки дар деҳа кӣ камбизоат аст ва кӣ бой. Ин кори шахсӣ аст ва то ба ин дараҷа дахолат кардан аз рӯи адолат нест

Мирзораҳим Қозиев, як сокини вилояти Суғд, рӯзи 7-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, раиси маҳалла ва чанд нафари ба хонааш омада ва аз ӯ хостаанд, фитри рӯзаашро бидиҳанд. Дар масҷид ҳам имом-хатиб эълон кардааст, ки Қозиев ва дигар аҳли деҳа, фитри рӯза, як навъ хайрот дар моҳи Рамазонро ба дасти раиси маҳалла ё масҷид супоранд. Ин сокини вилояти Суғд мегӯяд, ба онҳо гуфта шудааст, агар фитри рӯзаашонро ба дигар кас бидиҳанд, бояд масъулони масҷид дар ҷараён бошанд.

Садақаро ба кӣ диҳем?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

"Ба ин ягон зарурат надорад. Садақаи фитрро хеле пештар ба яке аз наздиконам, ки тифлони ятим дорад, бурда додам. Худамон медонем, ки дар деҳа кӣ камбизоат аст ва кӣ бой. Ин кори шахсӣ аст ва то ба ин дараҷа дахолат кардан аз рӯи адолат нест", - гуфт Қозиев.

Мирзораҳим Қозиев пинҳон намекунад, ки аз шаффофияти кори кумисюн шубҳа дорад. Ӯ гуфт, агар хайроташро ба раиси маҳалла ва ё масҷид бидиҳад, бовар надорад, ки он ба дасти шахсони воқеан ниёзманд мерасад.

"Мо ихтиёри садақаро аз мардум нагирифтем"

Тасмими ҷамъоварии фитри рӯза аз мардум аз 6-уми июн эълон шудааст. Аз шоми он рӯз аллакай имомхатибҳо дар масҷид эълон кардаанд, ки садақаи фитр ба онҳо ё раисони маҳаллаҳо супорида шавад. Аммо мақомот мегӯянд, ин кор маҷбурӣ нест ва ихтиёри ба кӣ додани садақаро аз мардум нагирифтаанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ мегӯяд, ин тасмим ба хотири он гирифта шуд, ки раисони маҳаллаҳо аз вазъи хонаводаҳои ниёзманд ба хубӣ огоҳанд. Танҳо ба ин хотир, ба қавли ин масъули Кумитаи дин, аз сокинон даъват шудааст, фитри рӯзаашонро дар ихтиёри раисони маҳалла гузоранд.

Афшини Муқим рӯзи 7-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, даъвати мардум барои супоридани фитри рӯза амали сирф тавсиявӣ буда, маҷбурӣ нест. Ӯ афзуд, "додани садақа хоҳишмандӣ аст ва мардум худаш ҳам метавонад фитри рӯзаро ба касе хоҳад, бидиҳад. Аммо ҳастанд оилаҳое, ки муроҷиат мекунанд, мо фитри рӯзаро ба куҷо супорем. Солҳои гузашта ҳамин ҳолат дар баъзе минтақаҳо ба назар мерасид, аммо имсол дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамингуна як корҳои тавсиявӣ аз ҷониби раисони маҳаллаҳо ба роҳ монда шудааст", - афзуд Афшини Муқим.

  • Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12-уми май дар мулоқоти пеш аз моҳи Рамазон бо имомхатибҳо гуфт, садақаи фитр набояд ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба хешу табори наздики эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва мусофирону камбизоатҳо дода шавад.

"Рӯйхати шахсони ниёзмандро фиристоданд"

Бовар надоштан ба шаффофият дар кори раисони маҳалла ва имомхатибҳо яке аз омилҳои аслиест, ки сокинон мегӯянд маҳз ба ин хотир садақаашонро ба масҷидҳо намедиҳанд. Аммо бархе имомхатибҳо мегӯянд, кори онҳо шаффоф аст ва маблағи садақаи мардумро ба шахсони воқеан ниёзманд мерасонанд.

Азалшо Шарифзода, сархатиби шаҳри Ҳисор, гуфт, дар ихтиёри онҳо рӯйхати шахсони эҳтиёҷманд мавҷуд аст ва маблағи ҷамъшударо барои ин қишр мерасонанд.

Ин имомхатиб афзуд, тартиби тақсими фитри рӯзаи мардум чунин аст, ки яке аз аъзои комиссия масъули ҷамъоварии маблағ шуда, мардум садақаро ба ӯ оварда месупоранд. "Мардуме, ки садақаи фитр медиҳанд, ҳатман назорат мекунанд, ки маблағ ба куҷо меравад. Як маҳал аст, ҳама якдигарро мешиносанд, медонанд, ки ҳамин маблағ барои кӣ рафтагааст", - афзуд имомхатиби шаҳри Ҳисор.

Дар ҳамин ҳол, як имомхатиби дигар аз вилояти Хатлон бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, аз ҷамоатҳо ба онҳо рӯйхати шахсони эҳтиёҷмандро ирсол карданд, ки садақаи фитрро ҷамъ карда, бидиҳанд.

"Коршинос: Чунин тасмим дар асри 21 айб аст"

Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки бархе русуми динӣ аз ҷониби мақомот танзим мешавад. Аз ҷумла, то имрӯз намозгузорӣ, маъракаҳои азо, ҷаноза ва ғайра аз сӯи идораҳои давлатӣ назорат мешавад. Дар Тоҷикистон дин аз давлат ҷудо дониста мешавад, вале ҳукумат назорат бар фаъолиятҳои диниро бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ шадид кардааст. Вале дар ин миён дахолат ба ҳаёти маишии мардум зиёд шудааст.

Далер Шарипов, таҳлилгари тоҷик.
Далер Шарипов, таҳлилгари тоҷик.

Таҳлилгарон мегӯянд, ба кӣ додани садақа аз охирин рукнҳои диние буд, ки дар ихтиёри мардум қарор дошт ва зери назорат гирифтани он нодуруст аст. Далер Шарипов, таҳлилгари тоҷик, гуфт, "дар асри 21 аз мардум талаб кардани садақа кори бисёр айб аст ва ба обрӯи давлатро дар байни ҷомеа коста мекунад".

Ба қавли коршинос, агар мақомот воқеан мехоҳанд хайроти мардум ба ҷойи зарурӣ расад, танҳо тавсия додан кофӣ аст. Аммо Шарипов мегӯяд, вақте ин кор оҳанги маҷбурӣ мегирад, бархе на ба хотири савоб, балки ба хотири шармсор нашудан садақа мекунанд. "Мисол як қуттӣ оварда мемонанд ё хоҳиш мекунанд, ки ҳамин қадар супор. Вақте як нафар мебинад, ки рафиқаш ё ҳамсояаш месупорад, ӯ низ кам наомада на ба хотири савоб, балки ба хотири шарм надоштан пулро месупорад", - афзуд Далер Шарипов.

Фитри рӯза ё садақаи фитр маблағе аст, ки рӯзадорони миёнҳол ва доро тибқи фармудаи дини Ислом муваззафанд дар поёни моҳи Рамазон онро барои афроди нодори ҷомеа пардохт кунанд. Арзиши фитри рӯза барои қишри миёнҳол ба қимати гандум ва барои ашхоси доро бо қимати мавиз ҳисоб карда мешавад. Ҳамасола миқдори фитри рӯзаро Шӯрои уламо муқаррар мекунад ва соли равон ҳадди ақали он барои як нафар 5 сомонӣ таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG