Ширкати "Тоҷикфилм" тарҳи созишномаи ҳамкорӣ бо Узбекистонро таҳия карда, Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон коргардонҳои кишвари ҳамсояро барои табодули таҷриба бо ҳамтоёни тоҷик ба Душанбе даъват кардааст. Ин дар ҳолест, ки ҳарчанд дар гузашта синамогарони ду кишвар ҳамкории зиёд доштанд, аммо ҳоло бештаре аз овозхонҳои тоҷик барои таҳияи клипҳои худ озими Тошканд мешаванд.
Дар соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби рӯзҳои фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон ва баръакс рӯзҳои намоиши филмҳои ду кишвар баргузор шуданд.
Толиб Раҳматуллоев, муовини аввали мудири киностудияи "Тоҷикфилм" рӯзи 1-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо беҳбуди робитаҳои миёни Тоҷикистон ва Узбекистон онҳо тасмим гирифтаанд ҳамкориҳо бо синамогарони кишвари ҳамсояро азсар бигиранд.
Ба гуфтаи вай, ҳоло мақомоти тоҷик ба эҳёи синамои Тоҷикистон алоқаманд аст ва яке аз роҳҳо дар ин амр азсаргирии ҳамкориҳо бо ҳамтоёни кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Узбекистон мебошад. Вай бо ишора ба таҷрибаи ҳамкориҳои қаблӣ бо синамогарони узбек гуфт, ки таҳияи филмҳои муштарак метавонад ба рушди кинои тоҷик мусоидат кунад.
Толиб Раҳматуллоев афзуд, онҳо тарҳи созишномаи ҳамкорӣ бо синамогарони Узбекистонро омода карда, ба сохторҳои зирабт супорданд ва мутмаинанд, ки минбаъд коргардонҳои ду кишвар метавонанд дар "Тоҷикфилм" ё "Узбеккино" машғули таҳияи филмҳо шаванд. "Метавонем филмҳои муштарак таҳия кунем ё ҳунармандони мо дар филмҳои Узбекистон нақш офаранд ва баръакс",-афзуд вай.
Дар посух ба ин савол, ки оё "Тоҷикфилм" барои таҳияи филмҳои муштарак бо Узбекистон сармояи зарурӣ дар ихтиёр дорад, Толиб Раҳматуллоев гуфт, ки соли гузашта президенти Тоҷикистон Барномаи рушди синамо дар кишвар то соли 2023-ро имзо кард ва ҳамасола барои фаъолияти "Тоҷикфилм", дақиқтараш барои таҳияи филмҳо аз будҷаи Тоҷикистон то 3 миллион сомонӣ ихтисос мешавад.
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ҷаноби Раҳматуллоев, "Тоҷикфилм" барномаеро таҳия кардааст, ки тибқи он ҳамасола ҷалби то 500 ҳазор доллар барои ҳамкориҳои хориҷиро дар назар дорад. Вай афзуд, ки ҳамкориҳои синамогарон танҳо ба ҷанбаи молӣ марбут нест. Муҳим ин, ки ҳунармондони ду кишвар минбаъд бидуни монеа метавонанд дар филмсозии ҳамдигар нақш дошта бошанд. Толиб Раҳматуллоев афзуд, ки ҳоло "Тоҷикфилм" бо дастури ҳукумат таҷҳизоти муосири филмсозӣ харидорӣ мекунад ва минбаъд метавонад филмҳои дорои сифати баланди синамогароиро омода созад.
Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ мегӯяд, ки ҳадафҳои барномаи ҳукуматии рушди кинои тоҷик санади хубест, аммо дар иҷрои он шакк дорад. Ба эътиқоди Сафари Ҳақдод иҷрои муваффқиятомези ин барнома бо "агарҳое" вобаста аст: "Ин барнома чанд агар дорад. Яъне, агар мудирияти муосир дошта бошад, агар сармоягузории зарурӣ ихтисос шавад ва агарҳои дигари зиёде вуҷуд доранд."
Сафарбеки Солеҳ, коргардони машҳури тоҷик бошад, мӯътақид аст, ки азсаргирии ҳамкориҳо миёни "Тоҷикфилм" ва "Узбеккино" ояндаи нек дорад. Зеро, Узбекистон дар таҳияи филмҳо имкониятҳои бештар дорад ва ҳунармандони тоҷик метавонанд дар онҳо нақш офаранд.
Рустам Саъдиев, коргардони машҳури кинои Узбекистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо онҳо истиқбол кард ва гуфт, ки дар гузашта бархе аз филмҳои сохти коргардонҳои узбек ба хотири зебогии табиати Тоҷикистон дар ин кишвар ба навор гирифта шудааст. Вай мӯътақид аст, ки оғози марҳилаи ҷадиди ҳамкорӣ ба рушди арсаи кинои ду кишвар мусоидат мекунад.
Вай гуфт: "Ман ҳафтаи оянда ба наворбардории филми нав шурӯъ мекунам, ки феълан "Домоди дурӯғин" номгузорӣ мешавад. Барои офаридани нақшҳо ман чаҳор ҳунарманди тоҷикро даъват кардаам, ки бояд ҳафтаи дигар вориди Тошканд шаванд. Дар сурати азсар гирифтани ҳамкориҳо, мо имкон пайдо мекунем, ки аз ҳунари бузурги актёрҳои тоҷик дар таҳияи филмҳо истифода кунем”.
Ҳарчанд дар солҳои раҳбарии Ислом Каримов дар Узбекистон ҳамкориҳои синамогарони ду кишвар то ҳадди ниҳоӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо ҳамкориҳо дар арсаи филмсозии тиҷоратӣ, яъне таҳияи клипҳои видеоии овозхонҳои тоҷик идома дошт. Бештаре аз овозхонҳои саршиноси тоҷик ба мисли Ҷонибек Муродов, Садриддини Наҷмиддин, Сироҷиддин Фозилов, Меҳрнигори Рустам, Нигина Амонқулова ва дигарон барои таҳияи клипҳои видеоӣ озими Узбекистон мешуданд.
Азим Ҳикматуллоев, раҳбари ширкати "Азим продакшн" мегӯяд, ки ҳарчанд ширкатҳои наворбардории Тоҷикистон низ зарфияти таҳияи чунин клипҳоро доранд, вале овозхонҳо сабти он дар кишвари ҳамсояро тарҷеҳ медиҳанд. Ҷаноби Ҳикматуллоев сабабҳои ин амрро чунин шарҳ дод ва гуфт, дар Узбекистон шароити кории таҳияи клипҳо бамаротиб беҳтар аз Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон низ дастгоҳҳои муосири наворбардорӣ вуҷуд доранд, аммо тартиби клипсозӣ ба танзим дароварда нашудааст. Ӯ мегӯяд, дар Узбекистон пайдо кардани либоси вобаста ба мавзӯи суруди овозхон мушкиле надорад ва ҳунармандон ва раққосаҳо дар соати муайяшуда барои наворгирӣ ҳозир мешаванд.
"Мутаассифона, дар мо чунин нест. Раққоса ё ҳунарманд ҳатто агар маблағаш пардохт шуда бошад ҳам, ҳамеша бо таъхир барои наворбардорӣ меоянд. Ба ин далел, бештаре аз овозхонҳо барои наворбардории клипҳои худ дар Узбекистон алоқаманд ҳастанд ва маблағҳои бузургеро пардохт мекунанд",-афзуд вай
Зимнан, дар соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби рӯзҳои фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон ва баръакс рӯзҳои намоиши филмҳои ду кишвар баргузор шуданд. Дар солҳои охир, дақиқтараш солҳои 1995 ва 1997 танҳо коргардони тоҷик Бақо Содиқов тавонист дар Узбекистон ду филми "Имом ал-Бухороӣ" ва "Буюқ Амир Темур"-ро ба навор бигирад. Бақо Содиқов, ки зодаи шаҳри Бухоро мебошад, вале солҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон ба офаридани филмҳо машғул буд, дар аввали соли ҷорӣ бо фармони раиси ҷумҳури Узбекистон шиносномаи ин кишварро пайдо кард.
Комил Ёрматов, ки бунёдгузори синамои Узбекистон дониста мешавад, дар солҳои 1930 нахустин филмҳои худро дар студияи "Тоҷикфилм" таҳия карда буд. Бештаре аз шоҳкориҳои коргардонҳои тоҷик Борис Кимёгаров ва Тоҳир Собиров дар қаламрави Узбекистон ва бо ширкати ҳунармандони узбек таҳия шудаанд, зеро бештаре аз мавзӯҳои ин филмҳо ба таърихи тоҷикон, аз ҷумла шаҳрҳои бостонии Бухорову Самарқанд иртибот доштанд.
Баъд аз сафари "таърихӣ"-и Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ раванди ҳамкориҳои мухталифи ду кишвар азсар гирифта шуданд. Аз ҷумла, муқаррароти виза барои омаду рафти сокинони ду кишвар барои 30 рӯз бекор карда шуд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ дубора эҳё шуданд.