Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия як фаъоли "Гурӯҳи 24"-ро озод кард


Мақомоти Туркия пас аз таҳқиқи беш аз думоҳаи ду узви фаъоли "Гурӯҳи 24", яке аз онҳоро (Насим Шарифов) раҳо кард. Насим Шарифов ва Сӯҳроби Зафар 19-уми марти соли ҷорӣ дар Истанбул боздошт шуда буданд. Дар пайи ин боздошт, Тоҷикистон барои истирдоди Суҳроби Зафар (Суҳроб Тӯраев) ва Насим Шарипов ба мақомоти Туркия дархост фиристод буд.

Як фаъоли “Гурӯҳи 24” бидуни овардани номаш рӯзи чаҳоршанбеи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Туркия пас аз санҷиши ҳамаҷониба думоҳа Насим Шарифовро аз боздоштгоҳи тафтишотӣ озод намуданд.

Ин манбаъ мегӯяд, дар ояндаи наздик Суҳроби Зафар низ ба озодӣ хоҳад баромад, зеро мӯҳлати тафтишотӣ бар асоси муроҷиати расмии мақомоти Тоҷикистон низ ба поён мерасад. "Вақте, ки мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ масъалаи истирдоди ин ду нафарро карда буданд, Суди конститутсионии Туркия масъалаи ба Тоҷикистон фиристодани онҳоро барои се моҳ мавқуф гузошта буд",-афзуд ин манбаъ.

Қаблан Умарҷони Эмомалӣ, сухангуи Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин ду фаъоли боздоштшудаи "Гурӯҳи 24" таҳти пайгард қарор доштанд ва ба ин хотир барои истирдодашон дархост ирсол шудааст.

Дар қарори Додгоҳи конститутсионии Туркия бо имзои додрас Энгин Йилдирим гуфта шудааст, тасмими боздошта шудани ҷараёни истирдоди ин ду шаҳрванди Тоҷикистон "ба хотири таҳқиқи қазия" гирифта шуда, барои омӯзиши ин парванда маълумот ва санади бештар тақозо мешавад.

Созмони Human Rights Watch низ гуфта буд, аз додгоҳи Туркия хоста шудааст, ба ҳеч ваҷҳ раҳбарони боздоштшудаи “Гурӯҳи 24”-ро ба Тоҷикистон таслим накунанд. Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch гуфт, “онҳо вакилони дифоъ доранд. Ба Додгоҳи Туркия дархост додаанд, ки ин афродро ба Тоҷикистон надиҳанд. Онҳо дар Тоҷикистон бо нақзи густурдаи ҳуқуқашон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.”

Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи "Гуруҳи 24" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори умед карда буд, ки ҳукумати Туркия бо назардошти сиёсӣ будани иттиҳомоти ин ду нафар дар ниҳоят Суҳроби Зафар ва Насим Шариповро озод мекунад.

Суҳроби Зафари 40-сола, ҷияни генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, ки бо тахаллуси “Шом” низ маъруф аст, аз охири соли 2015 ба ин тараф раёсати “Гуруҳи 24”-ро бар ӯҳда дорад. Вай дар пайи як тағйироти кадрӣ, ки онро шохаи дигари “Гуруҳи 24” табаддулот меноманд, ин масъулиятро аз Шарофиддин Гадоев ба ихтиёри худ гирифт.

Суҳроби Зафар бори аввал соли 2014 дар эътирозҳои созмондодаи ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Русия пайдо шуд ва баъдан раҳбари ин гуруҳ Умаралӣ Қувватовро дар Туркия ҳамроҳӣ мекард. Насим Шарипов ҳам, ба гуфтаи Ашӯров, як зодаи вилояти Хатлон буда, узви фаъоли “Гурӯҳи 24” мебошад.

XS
SM
MD
LG