Як бинои кӯдакистони собиқ дар маҳаллаи Тиллокон сабаби баҳси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва калисои “Сонмин” дар Додгоҳи олии иқтисодӣ шудааст. Бино аз соли 1995 то 1998 ба факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тааллуқ дошт. Баъди баста шудани факулта , шаҳрдории Хуҷанд онро барои истифода ба муддати 38 сол дар ихтиёри калисои "Сонмин" гузоштааст.
"Сонмин Сунбогим" аз солҳои 90-ум дар Тоҷикистон фаъол аст ва то замони қабули қонуни нави дин дар соли 2009, бештар ба ҳайси созмони миссионерӣ фаъолият дошт.
Дар ҳоли ҳозир дар ин макон калисо фаъол аст ва пайравонаш барои ибодат ҷамъ меоянд. Гуфта мешавад, созмони “Сонмин Сунбогим” ҳудуди 200 пайрав дорад.
Саломат Бобоҷонова, масъули бахши ҳуқуқии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “мо мехоҳем он ҷойро ба донишгоҳ баргардонем".
Баҳси мақомот бо созмони "Сонмин Сунбогим" дар Хуҷанд 4 сол боз идома дорад. Соли 2014 ва ҳамин сол мақомоти шаҳрдории Хуҷанд ва ин навбат Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ду бор баҳси додгоҳиро ба ин созмони кореягӣ бохтанд. Моҳи апрели ҳамин сол Додгоҳи иқтисодии Хуҷанд қарори қаблии Додгоҳи Хуҷандро, ки истифода аз ҷои кӯдакистони собиқро ҳаққи созмони "Сонмин" медонад, бетағйир гузошт ва даъвои донишгоҳро рад кард.
Ҷамшед Носирӣ, додраси Додгоҳи иқтисодии Хуҷанд, дар шарҳи заминаҳои ин баҳс ва қарорҳои додгоҳ гуфт, “соли 1995 раиси онвақтаи шаҳри Хуҷанд ин маконро барои ташкили факултаи тиббӣ ба донишгоҳ дод. Баъд аз онки факултаи тиббӣ барҳам хӯрд, бо қарори дигар як қисми он ҷойро ба созмони "Сонмин Сунбогим", қисми дигарашро ба мактаби туркӣ (ҳоло "Мактаби бачаҳои болаёқат") вогузор кард.”
Аммо ба гуфтаи додраси Додгоҳи иқтисодии Хуҷанд, он замин ва иншоотро пурра ба моликияти "Сонмин" надодаанд, балки барои 38 сол ҷиҳати истифода бурдан дар ихтиёри ин созмон гузоштанд ва ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои бекор кардани ҳамин қарор талош дорад.
Рӯзи 23-юми май, ки ба маркази "Сонмин" дар маҳаллаи Тиллокони Хуҷанд рафтем, танҳо посбон ҳузур дошт. Ӯ гуфт, дар инҷо феълан танҳо калисо фаъол аст, ки сокинон рӯзу соатҳои муайян барои ибодат меоянд. Посбон афзуд, ба ҷуз роҳиби калисо, ки сокини маҳаллӣ аст, дигар касе аз соҳибони кореягиашро надидааст.
"Иҷозаи истифода аз ин заминро дорем"
Илёс Икромов, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз созмони "Сонмин Сунбонгим" намояндагӣ мекунад, рӯзи 23-юми май гуфт, ин созмон қарори ҳаққи истифода аз иншооти мазкур ва иҷозаномаи истифода аз он заминро низ дар даст дорад. Ҳамчунин, ин созмон барои бозсозии ин макон маблағ сарф карда ва дар сурати бекор шудани қарор, намехоҳад зарари молӣ бинад.
Вале Илёс Икромов ба далели инки баҳс ҳанӯз ҳам идома дорад, аз шарҳи бештар худдорӣ варзид. Ба қавли ӯ, Додгоҳи олии иқтисодӣ дар асоси шикояти кассатсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, қарори Додгоҳи иқтисодии Хуҷандро бекор ва аз нав баррасӣ кардани парвандаро таъин кардааст.
Моҷарои молӣ ё...
Баҳси “Сонмин Сунбогим", ки аз он маркази миссионерӣ ном бурда мешавад, бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд зоҳиран моҷарои молӣ ба назар мерасад. Вале ҳабси роҳиби ин созмон Баҳром Холматов ба 3 соли зиндон дар соли гузашта бо ҷурми "барангехтани кинаву адовати динӣ", баҳсҳоеро ҳам ба дунбол овардааст. Бархе афроди наздик ба созмон бар онанд, ки мақомот бо ин роҳ талош доранд ин созмони таблиғотии диниро аз ҷои пой маҳрум ва фаъолияташро маҳдуд кунанд.
Бархе дигар қазияро ба таври дигар шарҳ медиҳанд ва мегӯянд, мақомот имрӯз барои ба асли худ баргардонидани кӯдакистонҳо талош доранд. Дар солҳои 90-уми асри гузашта бидуни барпо кардани ауксионҳову зоҳиран бар ивази ришва бархе муассисаҳои иҷтимоӣ, ба хусус кӯдакистонҳоро афроди мансабдор ва сармоядор аз худ карданд.
"Сонмин" чӣ гуна ба Тоҷикистон омад?
Калисои "Сонмин Сунбогим" аз солҳои 1990-ум дар Тоҷикистон ҳузур дорад ва то замони қабули қонуни нави дин дар соли 2009, бештар ба ҳайси созмони миссионерӣ ё мубаллиғӣ фаъолият дошт. Маркази байналмилалии "Сонмин Сунбогим" дар Сеул бо номи "Йоидо Сунбогим" фаъолият мебарад. Соли 1992 таҳти ин ном намояндагии ин марказ дар шаҳри Ваҳдат ва соле баъд дар Душанбе бо номи "Грейс Сонмин" боз гардид.
Соли 1994 шаҳрванди он вақт 60-солаи Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷон Бун намояндагии маркази ин созмони масеҳӣ дар Хуҷандро ифтитоҳ кард. Хонум Бун соли 2000 дар шаҳри Бӯстон (Чкалови собиқ) Маркази хусусии тиббӣ таъсис дод ва соҳибмулки мактаби хусусии "Файз" ва меҳмонхонаи "Херсон" дар Хуҷанд аст, ки ҳоло низ фаъоланд.
Чанд мавриди қонуншиканиҳои "Сонмин"
Мақомоти тоҷик ин раҳбари маркази "Сонмин Сунбогим" дар Хуҷандро ду бор ба иттиҳомоти "сӯистифода аз ному вазифа", "тақаллуби асноди расмӣ" ва "додани пора ба корманди мақомоти ҳукуматӣ", ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд. Ба қавли мақомот, қаблан дар муассисаҳои раҳбари созмони мазкур дар масъалаи андоз қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Моҳи январи соли 2014 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилое пахш кард, ки Ли Ҷон Бун ҷиҳати рӯйпӯш кардани камбудиҳои корхонааш вақти додани пора ба як корманди раёсати ин ниҳод дар вилояти Суғд ба маблағи 20 ҳазор доллар аз сӯи кормандони раёсати амният ва додситонии Хуҷанд боздошт гардид.
Пас аз ин мақомот ба тафтиши фаъолияти созмони "Сонмимн сунбогим" пардохтанд ва дар ниҳоят раҳбари калисои ин созмон Баҳром Холматов бо ҷурми “барангехтани кинаву адовати динӣ", барои 3 сол паси панҷара рафт.