Қарор аст, сармояи оинномавии нирӯгоҳи барқи обии Роғунро афзоиш бидиҳанд. Ин тасмим дар нишасти саҳмдорони нирӯгоҳ рӯзи 15-уми июни имсол дар Душанбе ниҳоӣ хоҳад шуд.
Сармояи оинномаваии Роғун дар соли 2015 14 миллиард сомонӣ эълон шуда буд.
Дар нишасти моҳи июн раҳбарияти нирӯгоҳ аз як соли кораш гузориш дода, хулосаи аудиторон низ шунида мешавад. Ворид кардани “тағйирот ба оинномаи нирӯгоҳ” ва “тасдиқи низомномаи мудирияти истифодабарии Роғун” дар назар аст.
Давлати Тоҷикистон Роғунро тарҳи ҳаёту мамот барои кишвар номидааст ва мегӯяд, қарор аст, ширкати итолиёвии Салини Импреҷило то охири имсол яке аз турбинаҳои онро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад ва истеҳсоли нерӯи барқ дар он шурӯъ шавад.
Роғун дар сурати такмил шудани сохтмонаш метавонад Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад.
Садди нирӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.