Нурмуҳаммад Сафаров ва Сӯҳроб Лангариев – писар ва домоди Сангак Сафаров – фармондеҳи собиқ Фронти халқӣ аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон “сабукӣ” хостаанд. Онҳо дар як нома ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон ва, инчунин, Вазорати адлия гуфтаанд, ки тайи тақрибан даҳ сол боз дар маҳбаси низомаш сангин ба сар мебаранд ва фурсат расидааст, то ба зиндони низомаш одӣ интиқол ёбанд.
Ҳоло тасмим аст, ки барои чунин зиндониҳо муассисаи алоҳида сохта шавад. Дар он сурат, шароити нигоҳдориашон дигар хоҳад шуд
Ин ду нафар соли 2008 дар пайи задухӯрди 15-соата бо нирӯҳои давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб боздошт шуданд. Пас аз як сол, Додгоҳи олии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Сафаров, фарзанди Сангак Сафаровро якҷо бо домодаш Сӯҳроб Лангариев ва 6 тани дигар бо ҷурми даст доштан дар мухолифати мусаллаҳона алайҳи давлат, қочоқи бузурги маводи мухаддир ва марзшиканӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда буд.
11 муттаҳами дигар дар доираи ин парванда аз 6 то 21 сол ҳукми зиндон гирифтанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар робита ба дархости фарзанд ва домоди раҳбари пешини Фронти халқӣ чизе нагуфтаанд. Аммо ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки танҳо бар асоси бахшиши гуноҳ ва бознигарии парвандаи маҳбусони якумрӣ онҳо ба зиндони низомаш беҳтар интиқол дода хоҳанд шуд.
Наргис Сафарова – духтари Сангак Сафаров ва ҳамсари Сӯҳроб Лангариев – рӯзи 20-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “пас аз сипарӣ шудани панҷ сол аз давраи иҷрои ҷазо дар маҳбаси низомаш сангин бояд онҳо ба шароити андак сабуктар интиқол дода мешуданд. Аммо 10 сол боз дар як ҷо, дар шароити вазнин ба сар мебаранд.”
Ӯ гуфт, дафъаи охир бо шавҳараш аз паси шиша гуфтугӯ кардааст, “дар ҳоле ки қаблан чунин мулоқот рӯбарӯ ва дар ҳузури як намояндаи зиндон сурат мегирифт”.
Додгоҳҳои Тоҷикистон то ба ҳол 80 нафарро ба зиндони якумрӣ маҳкум кардаанд. Дар миёни зиндониҳои якумрӣ Ғаффор Мирзоев – фармондеҳи пешини Горди Миллӣ ва Саидумар Ҳусайниву Маҳмадалии Ҳайит – муовинони раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ низ ҳастанд. Азбаски Тоҷикистон зиндони махсус барои нигоҳдории маҳбусони якумрӣ надорад, онҳо дар боздоштгоҳҳо ваё зиндонҳои низомаш сангин нигаҳдорӣ мешаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, барои бунёди зиндони вижа ба маҳбусони умрбод дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ замин ҷудо кардааст ва интизор меравад сохтмони он ба зудӣ шуруъ шавад. Аммо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯянд, дар чанд соли охир ба маҳбсуони якумрӣ чанд сабукӣ додаанд, ки аз мулоқоти онҳо бо хонавода то дарёфти бастаҳоро дар бар мегирад.
Абубакр Қулматов, ҳуқуқдон ва вакили дифоъ, низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба фарқ аз гузашта маҳбусони якумрӣ дар як сол ду дафъа ҳаққи дидор бо наздиконашонро доранд. “Ҳоло тасмим аст, ки барои чунин зиндониҳо муассисаи алоҳида сохта шавад. Дар он сурат, шароити нигоҳдориашон дигар хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.
Дар гузашта наздикони Нурмуҳаммад Сафаров ва Сӯҳроб Лангариев аз ҳукми абади онҳо ва ҳамчунин шароити нигаҳдории онҳо дар боздошт норозигӣ карда, ба ҳайати мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам шикоят бурда буданд. Аммо ҳайати мушовара бо ишора ба инки гуруҳи Сӯҳроб Лангариев ва Нурмуҳаммад Сафаров ҷиноятҳои сангин содир кардаанд, ҳукми додгоҳро тағйир надод.