Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – гуфт, ки даҳҳо ҷангҷӯи тоҷик пас аз саркӯби гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз Ироқу Сурия ба Афғонистон “кӯчида”, дар ҳудуди он кишвар ҷобаҷо шудаанд. Ӯ рӯзи 12-уми май дар мулоқоти пеш аз моҳи Рамазон бо аҳли дину зиёиҳо рақами мушаххасеро ба забон наовард, аммо гуфт, дар миёни онҳо ҷангҷӯёни кишварҳои дигари пасошӯравӣ низ ҳастанд.
Аксар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ, маросими ҳаҷ, инчунин, таҳсили ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб ва шомил шудаанд
Ду ҳафта пеш Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар нишасти минтақавие дар бораи таъмини амнияти марзҳо гуфта буд, ки Толибон дар сарҳад бо Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор ҷангҷӯ ва 29 пойгоҳи омӯзишии худро ҷойгузин кардаанд.
Аҳмад Файсал Бекзод, раис вилояти Бадахшони Афғонистон, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир танҳо дар қаламрави ин вилоят ҳудуди 2000 ҷангӣ ҷамъ омадаанд, ки 350 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистон, Чеченистон ва уйғурҳои Чин ҳастанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
"Беш аз панҷсад ҷангҷӯ кушта шудааст"
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шанбе дар суҳбат бо аҳли дин ва зиёиҳо гуфт, то кунун дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, беш аз шашсад нафари дигар дастгир гардиданд. Ӯ аз он нигаронӣ кард, ки баъзе аз мардон ҳамроҳи худ зану фарзандонашонро низ ба майдонҳои ҷанг бурда буданд ва пас аз кушта шуданашон онҳо саргардон мондаанд.
“Бояд гуфт, аксар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми қарор доштан дар муҳоҷирати меҳнатӣ, як қисми онҳо дар ҷараёни адо намудани маросими ҳаҷ, инчунин, дар муддати таҳсилоти ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб ва шомил шудаанд”, - афзуд раиси ҷумҳур.
Гила аз имом-хатибҳо
Президент Эмомалӣ Раҳмон барои муаррифии исломи воқеӣ ба мардум, махсусан ҷавонон нақши имом-хатибҳоро муҳим донист, аммо дар айни замон аз баъзеи онҳо ба хотири пайравӣ ва тарғиби ақидаҳои ифротӣ интиқод кард. Дар давоми чанд соли охир 23 хатиб ва ноибонашон, ки ба қавли раиси ҷумҳур “аъзои ниҳодҳои террористиву ифротгароӣ буданд”, боздошт шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханрониаш ба вазъи, ба қавли ӯ мураккаби ҷаҳон ҳам ишора кард ва вазъият дар Афғонистони ҳамсояро “нигаронкунанда” номид. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, барои чунин вазъи ниҳоят сангин мардуми Афғонистон гуноҳ надоранд.
АКСҲОИ БЕШТАР ДАР ИНҶОСТ:
"Бетараф буда наметавонем"
“Зеро қариб чил сол аст, ки бар асари рақобат ва мудохилаи қудратҳои ҷаҳонӣ сарзамини онҳо ба майдони ҷанги харобиовар табдил ёфтааст. Тавре ки мебинем, нерӯҳои муштараки чандин кишвари пешрафтаи олам вазъиятро ба эътидол оварда наметавонанд. Мо чунин мешуморем, ки халқи Афғонистон тақдирашро худаш бояд ҳал намояд ва дар ин амр бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми ин кишвар ҳамаҷониба кумак расонад”, - афзуд ӯ.
Дар ин бора бештар бихонед:
Генерал Вотел аз Тоҷикистон ба Толибон паём дод
Вай гуфт, бо таваҷҷуҳ ба инки таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо вазъи Афғонистон робитаи бевосита дорад, "мо ба ин масъала бетараф буда наметавонем".
Шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, моҳҳои ахир маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо дастаҳоест, ки ба қавли мақомоти Кобул, аз тундгароёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ иборатанд. Миёни ин афрод аъзои гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" низ кам нестанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта дар марзи кишвар 18 қочоқбарро аз байн бурданд ва 20 нафари дигарро дастгир кардаанд. Зимни натиҷагирӣ аз кори марзбонони тоҷик дар соли 2017 дар як ҷаласае гуфта шуд, ки дар ин сол дар марз бо Афғонистон 31 маротиба задӯхурди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастааст.