Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cе нигоҳ аз Душанбе ба пирӯзии Пашинян дар Арманистон. 2 ВИДЕО


Сиёстмадорон ва коршиносони тоҷик пирӯзии Никол Пашинян дар интихоботи нахуствазири Арманистонро ба гунаи мухталиф арзёбӣ мекунанд. Порлумони Арманистон раҳбари мухолифони он кишвар Никол Пашинянро 8-уми май нахуствазир ё раҳбари ин кишвар интихоб кард.

8-уми май ба ҷонибдории Никол Пашинян дар порлумони Арманистон 59 вакил раъй дод ва 42 нафар мухолифат кард. Ҳамакнун Никол Пашинян баъд аз муборизаҳои хиёбонии мардум бо ҳизби ҳоким, раҳбари Арманистон интихоб шуд.

Эътирозҳои густурдаи мухолифон алайҳи Серж Саркисян боис шуд, то вай аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳад. Оқои Саркисян 10 сол раиси ҷумҳури Арманистон буд ва бо тағйири Қонуни Асосӣ дар охирин соли раёсати ҷумҳуриаш, ихтиёроти мақоми нахуствазириро бештар кард.

Раъдиҳии рӯзи 8-уми май дар порлумони Арманистон дар ҳоле сурат гирифт, ки раҳбари гурӯҳи порлумонии ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳи Арманистон Ваҳрам Багдасарян эълон кард, ки 11 вакили ин ҳизб ба ҷонибдори оқои Пашинян раъй медиҳанд ва ин оро кофӣ хоҳад буд, то раҳбари мухолифин ба мақоми нахуствазирии Арманистон бирасад.

Эътирозҳои густурдаи мухолифон алайҳи Серж Саркисян боис шуд, то вай аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳад. Оқои Саркисян 10 сол раиси ҷумҳури Арманистон буд ва бо тағйири Қонуни Асосӣ дар охирин соли раёсати ҷумҳуриаш, ихтиёроти мақоми нахуствазириро бештар кард.

"Мухолифи расидан ба қудрат тариқи фишор мебошем"

Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон ва узви Кумитаи робитаҳои байналмиллалии Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ пирӯзии оқои Пашинян барои курсии раҳбари Арманистонро бо дарназардошти наҳваи ба сари қудрат расидани вай, оғози давраи мушкилоти ин кишвар унвон кард. Ба эътиқоди ин вакили порлумони Тоҷикистон, Ҳизби демократ мухолифи дастрасӣ ба қудрат аз тариқи фишор ва эътирозҳои хиёбонӣ мебошад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон.
Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон.

Вай афзуд: "Мо то ҳол ҳеҷ як муваффақияти Пашинян дар мақоми давлатиро мушоҳида накардаем. Мутмаинам, ки ҳамакнун эътидоле, ки то ҳол хоси Арманистон буд, ранги дигар касб мекунад. Сиёсати хориҷии Арманистон тағйир меёбад. Интихоби Пашинян ба раҳбарии Арманистон ҳеҷ тағйироти ҷиддие дар ин кишварро ба дунбол нахоҳад дошт".

Сиёсати хориҷии Арманистон чӣ хоҳад буд?

Қабл аз раъйдиҳӣ Пашинён дар порлумон таъкид кард, ки Арманистон дар оянда низ узви созмони иқтисодии Авруосиё хоҳад монд ва ба ҳамкориҳои низомии худ бо Русия, ки дар ин кишвар пойгоҳи низомӣ дорад, идома медиҳад.

“Муносибатҳои шарикӣ бо Русия бояд бар асоси баробарӣ, рафоқат ва хоҳиши дуҷониба барои ҳалли мушкилот бунёд ёбад”,-афзуд Пашинян. "Мо ҳамкории низомӣ бо Русияро яке аз омилҳои замонатдиҳандаи суботи Арманистон медонем",-афзуд ҷаноби Пашинян.

Пашинян ба таҷлили пирӯзиаш дар интихоботи нахуствазирӣ ҳамроҳ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

Нахуствазири тозаинтихоби Арманистон ҳамчунин ваъда дод, ки кишвараш бо Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Эрон, Гурҷистон, Чин ва Ҳинд ҳамкориҳои ҳасана ва зич ба роҳ хоҳад монд. Оқои Пашинян дар робита ба Қарабоғи кӯҳӣ -- минтақаи мавриди низоъ бо Озарбойҷон гуфт, ки омодаи ҳалли мусолиматомези ин қазия "бар асоси баробарии мардум ва худмухторӣ" аст.

"Мушкилоти оппозитсияи Арманистон ҳанӯз дар пеш аст"

Раҳматyлло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки мухолифини Арманистон дар ду марҳила пирӯз шуданд, аммо мушкилоти оппозитсияи ин кишвар ҳанӯз дар пеш аст. Ба гуфтаи ҷаноби Зойиров, раҳбари собиқи Арманистон тими бузурги ҷонибдоронашро дорад ва дар фаъолияти худ аз нерӯи онҳо истифода мекард.

Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон.
Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон.

Раҳматилло Зойиров афзуд: “Тими ҳамакнун мухолифини Арманистон талош мекунад, ки дар кори Пашинян мушкилиҳоеро эҷод созад. Саргисян зимни раҳбариаш барои Арманистон мушкилоти зиёдеро ба мерос мондааст. Барои таъсиррасонӣ ба нахуствазири собиқ Пашинян кӯтоҳдаст хоҳад буд. Гузашта аз ин, то ҳол мо дар бораи тими Пашинян ҳеҷ иттилое дар даст надорем ва намедонем, ки он ба чӣ қодир аст."

Дар ҳоле, ки раҳбари мухолифон ва дигар вакилон рӯзи 8-уми май дар порлумон суханронӣ мекарданд, ҳазорон нафар бо даъвати Никол Пашинян дар Майдони Ҷумҳурии Ереван ҷамъ омад буданд, то ба ҳизби ҳоким фишор биоранд, ки ба ҷонибдорӣ аз раҳбари онҳо раъй бидиҳад. Вай аз тарафдорони худ хоста буд, ки бо нофармонии маданӣ ҳама хадамоти умумӣ, аз ҷумла мактабҳо, фурудгоҳҳо, кӯчаҳоро бибанданд.

Пас аз эълони раъйдиҳӣ дар порлумон ба нафъи Пашинян, ҷонибдорони ӯ дар майдон ба рақсу шодӣ пардохтанд ва пирӯзии худро ҷашн гирифтанд.

Майдони марказии Ереван пирӯзии Пашинянро дар интихобот истиқбол кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:45 0:00

Коршинос: "Ин як падидаи нодир аст"

Аммо Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик аз пирӯзии мухолифон дар Арманистон истиқбол кард ва гуфт, ки бори нахуст дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ интиқоли қудрат дар як кишвар бо роҳи осоишта ва бидуни хунрезӣ анҷом ёфт.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик.

Вай афзуд: "Ин як падидаи нодир барои кишварҳои пасошӯравӣ аст. Ин намунаи тағйири ҳокимият бидуни хунрезӣ ба як сохти демократӣ мебошад. Яъне, бо хости мардум ҳокимият бидуни фишору хунрезӣ ва нақзи ҳуқуқи башар тағйир ёфт”.

Эътирозҳои густурдаи мухолифон алайҳи Серж Саркисян, нахуствазир ва раиси ҷумҳури собиқи Арманистон боис шуд, то вай аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳад. Оқои Саркисян 10 сол раиси ҷумҳури Арманистон буд ва бо тағйири Қонуни Асосӣ дар охирин соли раёсати ҷумҳуриаш, ихтиёроти мақоми нахуствазириро бештар кард ва дақиқан як ҳафта баъд аз тарки мақоми раёсати ҷумҳурӣ, порлумони ин кишвар вайро ба унвони нахуствазир интихоб намуд.

То он замон Никол Пашинян аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии Арманистон дониста намешуд. Дар гузашта вай барои таъсиси гирдиҳамоии мухолифон барои 7 сол ба зиндон маҳкум шуда, вале бо гузашти як сол ба озодӣ баромад.

XS
SM
MD
LG