Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалнийро озод карданд, тазоҳургарони дигар мондаанд. ВИДЕО


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлати Русия гуфт, ки мақомоти интизомӣ ӯро аз боздошт раҳо кардаанд. Навалнийро рӯзи 6-уми май бо садҳо нафари дигар дар ҷараёни тазоҳуроти саросарӣ ба зидди раиси ҷумҳур Владимир Путин дастгир карданд.

Алексей Навалний рӯзи 6-уми май дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки “Онҳо дар бораи ман ду санад тартиб доданд, ташкили гирдиҳамоӣ ва нофармонӣ ба пулис, вале нимашаб тасмим гирифтанд, ки то замони мурофиа маро озод кунанд.”

Пешвои мухолифони давлати Русия ва садҳо тазоҳургари диггаро рӯзи 5-уми май ҳангоми як гирдиҳамоии бидуни иҷоза дар шаҳри Маскав дастгир карданд.

Онҳо дар бораи ман ду санад тартиб доданд, ташкили гирдиҳамоӣ ва нофармонӣ ба пулис.

Онҳо дар остонаи маросими адои савганди Владимир Путин ба ҳайси раиси ҷумҳур ба зидди ӯ эътироз доштанд. Навалнийро баъди муддати кӯтоҳе аз пайвастанаш ба тазоҳургарон дар майдони Пушкин дастгир карданд. Дар видеои боздошт дида мешавад, ки чӣ гуна маъмурони пулис Алексей Навалнийро аз дасту пояш гирифта ба зӯр мебаранд.

Ӯро то кунун чанд дафъа барои ташкили тазоҳуроти зиддидавлатӣ дастгир кардаву ҷазо додаанд. Бино ба гузоришҳо дар тазоҳурот дар Маскав ҳазорон нафар ширкат доштанд, аммо маъмурони пулис гуфтанд, ки теъдоди тазоҳургарон тақрибан 1500 нафарро ташкил медод. Айни замон мақомоти расмии Русия дар гузашта ҳамеша теъдоди тазоҳургарон дар намоишҳои эътирозиро кам нишон додаанд.

Навалний зиёд дар тазоҳурот намонд, ӯро зуд бурданд.
Навалний зиёд дар тазоҳурот намонд, ӯро зуд бурданд.

“Ба фикри ман, Путин лоиқи раҳбарии ин кишвар нест. Ӯ 18 сол боз раҳбарӣ мекунад ва ҳеҷ кори хубе накардааст” - гуфтааст, Дмитрий Никитенко, як тазоҳургар аз шаҳри Маскав. Никитенко ба хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс” гуфтааст, ки “Агар ӯ биравад, беҳтар аст”.

Ба гуфтаи ОВД-инфо, як гурӯҳи мустақили нозир, мақомоти Русия дар умум дар 26 шаҳри кишвар 1612 нафарро дар робита ба тазоҳуроти зиддидавлатӣ дастгир кардаанд. Баъзе аз боздоштшудагон ноболиғон будаанд.

Танҳо дар шаҳри Маскав 703 нафар ва дар Санкт Петербург 233 нафарро дастгир карданд.

Пулиси Маскав бо нашри як баёния гуфт, дар шаҳри Маскав тақрибан “300 нафар” дастгир шуданд. Рақами умумии боздоштшудагон дар тамоми Русияро нагуфтаанд.

Бино ба гузоришҳо, теъдоди тазоҳургарон ҳазорон нафарро ташкил медод. Маъмурони пулис гуфтанд, ки теъдоди тазоҳургарон дар Маскав 1500 нафарро ташкил медод. Дар Санкт Петербург, 1000 нафар дар гирдиҳамоиҳо ҳузур доштанд.

Дар саросари Русия беш аз 1600 мухолифи Путин дастгир шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Дар остонаи маросими адои савганди раиси ҷумҳур Владимир Путин, ки қарор аст, рӯзи 7-уми май баргузор шавад, Навалнийи 41-сола аз тарафдоронаш хост, ки зери шиори “Путин шоҳи мо нест”, ба тазоҳурот бароянд. Ӯ дар як паёмаш дар Твиттер Путинро “пири тарсу” номид.

Ӯ рӯзи 4-уми май гуфт, “Мо мақомотро, ки аз дузду фиребгарон иборатанд, маҷбур мекунем, ҳаққи миллионҳо шаҳрвандеро ба инобат бигиранд, ки ба Путин раъй надодаанд.”

Путин, ки 18 сол боз Русияро раҳбарӣ мекунад, рӯзи 7-уми май дигарбора ба ҳайси раиси ҷумҳур савганд ёд мекунад. Тарафдоронаш мегӯянд, ки ӯ Русияро “ба по хезонд”, вале мухолифонаш ҳукумати ӯро фосид ва худкома ва дуздсолор меноманд.

Владимир Путинро ба шоҳ монанд мекарданд
Владимир Путинро ба шоҳ монанд мекарданд

Алексей Навалний борҳо тазоҳуроти бузурги ҳукуматӣ ташкил додааст, чандин дафъа гузоришҳоеро ҳам нашр кардааст, ки дар он мақомоти баландпояи Русия ба фасодкорӣ муттаҳам мешаванд. Худашро ба далели тақаллуби молӣ аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум кардаанд. Навалний мегӯяд, ки иттиҳомоти тақаллуби молӣ бофта аст.

Мақомоти Маскав қаблан ба тарафдорони Навалний ҳушдор доданд, ки ширкат дар тазоҳурот “комилан ғайриқонунӣ” хоҳад буд.

Ҳангоми тазоҳурот вақте пулис гирдиҳамомадагонро дастгир мекард, гурӯҳе, ки либоси казакӣ ба тан доштанд, баъзе аз тазоҳургаронро мезаданд.

Дар байни издиҳом дар Майдони Пушкин ҳамчунин гурӯҳе аз тарафдорони Путин ва аксаран ҷавонон буданд, ки “Кишвари мо, қонунҳои мо” ва “Мо тарафдори Путин” шиор медоданд.

Бо нашри видеову аксҳои бархӯрди дурушти пулис бо тазоҳургарони осоишта дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Владимир Черников, сухангӯи пулиси Маскав гуфт, ки “пулис ва сарбозони Горди миллӣ комилан мутобиқи қонун ва масъулонаву ором амал кардаанд.”

Аксари тазоҳургарони боздоштшударо ба “нофармонӣ ба маъмурони пулис” муттаҳам кардаанд. Ҳезер Ноэрт, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри паёме дар Твиттер гуфт, ки Амрико, “боздошти садҳо тазоҳургари осоиштаро маҳкум мекунад ва тақозо дорад, ки онҳо фавран озод шаванд.”

Фредерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳам гуфт, бархӯрди маъмурони пулис “ҳаққи озодии баён, гирдиҳамоӣ ва ҷамъомадро зери хатар бурдааст.”

XS
SM
MD
LG