Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 май оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон эълон шуд


Маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, рӯзи аввали моҳи Рамазонро 17-уми май таъйин кард.

Мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 5-уми май хабар доданд, ки ин тасмим дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳо гирифта шудааст. Ин ниҳод гуфт, “рӯзи 29-уми моҳи шаъбон, мутобиқ ба 15-уми май, ҳодисаи “Моҳи нав” рух медиҳад, ки дар ин вақт имкон надорад, дар уфуқ моҳ мушоҳида шавад. Аз ин лиҳоз, моҳи шаъбон 30 рӯз ҳисобида шуда, 16-уми май ба анҷом мерасад ва 17-уми май рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад”.

Маъмулан Рамазон 29 ё 30 рӯз давом мекунад ва нуҷумшиносон мегӯянд, оғозу интиҳои он ба нав шудани моҳ дар осмон иртибот дорад. Ҳар сол рамазон 10 ё 11 рӯз барвақттар оғоз мешавад.

Дар моҳи Рамазон ба мусалмонҳои рӯзадор аз субҳи содиқ то намози шом хӯрдану нӯшидан манъ аст. Дар Тоҷикистон низ дар моҳи Рамазон ба далели рӯзадор будани аксари мардум бахши аъзами тарабхонаву ошхонаҳо тӯли як моҳ кор намекунанд.

Аммо чанд сол пеш шаҳрдории Душанбе аз ҷумла аз моликони меҳмонахонаву тарабхонаҳо ва марказҳои тиҷоратӣ хоста буд, ки бе тағйири реҷа фаъолият намоянд.

XS
SM
MD
LG