Ширкати IRS муттассадии яке аз роҳҳои муҳимтарини Тоҷикистон эълон кард, ки сар аз 1-уми май ҳаракати мошинҳои борбар дар ин роҳро маҳдуд мекунад.
Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рӯзи 23-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки бинобар вайрон шудани баъзе аз қитъаҳои ин роҳ дар натиҷаи ҳаракати мошинҳои вазнин, аз моҳи оянда то охири тобистон мошинҳои борбари вазнин ҳақ надоранд, аз ин роҳ аз соати 10-и рӯз то соати 8-и шом ҳаракат кунанд.
Маҳдудият аз рӯзи 1-уми май то рӯзи 31-уми август идома мекунад. “Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст” -омадааст, дар баёнияи ширкат.
Ба гуфтаи IRS, ҳадаф аз ин кор, эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт аст.
Роҳи Душанбе-Чаноқ, ки роҳи пулакӣ аст, пойтахти кишварро ба шимол бо вилояти Суғд мепайвандад ва як шоҳраги муҳими нақлиётӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.