Мақомоти Тоҷикистон пас аз ду ҳафта далели таъхири раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Наврӯзи шаҳри Панҷакентро эълон карданд. Онҳо гуфтанд, ки ин сафар ба сабаби "роҳгум задани чархбол дар ағбаи Майхӯраи ноҳияи Варзоб" дер сурат гирифт.
- Чархболи президент беш аз ним соат дар Майхура "роҳгум задааст".
Чархболҳо бо як азоб, дар сари роҳ, дар як ҷойи номуносиб фуруд омаданд
Ҷашни имсолаи Наврӯз дар шаҳри Панҷакент бар асоси нақша бояд рӯзи 27-уми март баргузор мешуд ва дар он президенти кишвар иштирок мекард. Аммо ба сабаби номусоидии боду ҳаво онро як рӯз ба таъхир гузоштанд. Рӯзи 28-уми март низ президент бо таъхир ба Панҷакент расид.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, чархболи президент ба таври изтирорӣ дар Майхура фуруд омадааст.
Ӯ гуфт, “он рӯз гуфтанд, ки боду ҳаво хуб мешавад, лекин рӯзи парвоз боду ҳаво вайрон шуд. Ду чархбол пеш аз сафар ағбаи Анзобро гузашт, аммо то Панҷакент рафта натавонист ва дар Айнӣ фуруд омад. Баъд аз ҳаво хуб шудан ба Душанбе хабар доданд, ки ҳаво барои парвоз хуб аст. Ҷаноби Олӣ парвоз карданд, вале ҳаво дар Майхура вайрон шуд. Туману барфу борон буд. Чархболҳо маҷбур шуданд, ки дар Майхура шинанд. Бо як азоб, дар сари роҳ, дар як ҷойи номуносиб фуруд омаданд. Боду ҳаво вайрон буд.”
Ба қавли Шарифзода, имкони дубора парвоз тариқи чархбол набуд ва аз ин рӯ раиси ҷумҳур то ноҳияи Айнӣ бо мошин ва аз Айнӣ то Панҷакент боз ба чархбол рафтааст.
Чаҳор сафари хатарбор
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент афзуд, ҳангоми сафар ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон ҳадди ақал панҷ дафъа Эмомалӣ Раҳмон тариқи чархбол чунин сафарҳои хатарнок анҷом додааст. "Шаш сол пеш ҳангоми сафари президент ба нақби Шаҳристон чунин ҳолат рух дода буд. Президенти кишвар дар ҳавои сард бо вуҷуди мушкилӣ расида суханронӣ карда буданд. Ду дафъаи дигар ҳамин ҳолат ҳангоми сафар ба вилояти Бадахшон рух дода буд. Сарнишинҳо бехатариро кафолат намедоданд, вале Ҷаноби олӣ пойфишорӣ мекард, то ба сӯҳбати мардум бирасанд. Дар яке аз сафарҳо ба Бадахшон Пешвои миллат ба кабинаи сарнишин даромада, ӯро раҳнамоӣ кардаанд, ба болои рудхонаи Панҷ ҳаракат кунанд, ки туман дар боли рӯдхона намешавад."
Масъулони Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, боду ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда буд, вале ба эътибор гирифтан ё нагирифтани пешгӯии онҳо ба салоҳияти мақомоти давлатист. Ҷамила Байдулллоева, масъули Маркази боду ҳавошиносӣ, мегӯяд, се-чаҳор рӯз пеш ҳавои номусоидро пешгӯӣ карда буданд.
"Албатта, маъракаҳои давлатӣ аз моҳҳо пеш ба нақша гирифта мешавад. Мо барвақт боду ҳаворо пешгӯӣ карда наметавонем. Ду-се рӯз пеш боду ҳаворо гуфта будем, ки нохуб аст, вале мақомот худашон тасмим мегиранд, ки чӣ кор кунанд", - афзуд ӯ.
Абдуфаттоҳ Шарифзода мегӯяд, воқеан аз пеш мутахассисон огоҳ карда буданд, ки имкони парвози чархбол бинобар номусоидии ҳаво мавҷуд нест. Ӯ гуфт, вақте чархболи аввал барои фаҳмидани вазъ то ноҳияи Айнӣ сафар кард, хабар дод, ки ҳаво барои парвоз хуб нест.
"Лекин вақте президенти кишвар ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе омаданд, дастури қатъӣ доданд, ки ҳатман бояд парвоз кунанд. Президент борҳо таъкид кардаанд, ки ҳеҷ гоҳ аз сафар пас нагаштаанд. Ин дафъа бо тақозои ӯ чархболҳо маҷбур парвоз карданд ва дар Майхура дигар парвозро давом дода натавонистанд", - гуфт ӯ.
Шарифзода мегӯяд, фуруди чархбол дар Майхура ғайриинтизор буд: "Дар он ҷо ягон нақлиёт аз нигоҳи таъмини амниятӣ омодаи сафар набуд. Ҳар мошине, ки пайдо шуд, тариқи он то фурудгоҳи ноҳияи Айнӣ омаданд. Аз ноҳияи Айнӣ бо чархболе, ки пештар ба он ҷо рафта буд, ба Панҷакент парвоз карданд."
Ағбаи Майхура, ки ҳаракати чархболи президент ба ноҳияи Панҷакентро номумкин кард, дар баландии 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Роҳ аз тариқи ағбаи Майхура, ки пойтахти кишварро ба вилояти Суғд мепайвандад, дар баҳору зимистон хатарнок мешавад. Тақрибан, ҳар сол дар ин ағба бар асари фаромадани тарма ва ё боридани аз меъёр зиёди барф роҳ баста мешавад, ки гоҳе қурбониҳо низ дар пай дорад.