Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилола аз деҳа, Нилуфар аз шаҳр. Тафовут аз куҷо то куҷо? ВИДЕО


Нилуфар ва Ҳилола
Нилуфар ва Ҳилола

Ҳилола дар Ҳисор таваллуд шуда, ба воя расидааст. Зиндагии ӯ ба монанди умри садҳо духтари деҳот, бо майли шавҳар ва хонаводааш ҷараён мегирад. "Субҳи барвақт мехезам. Кори хонаро мекунам. Аз субҳ то шом дар хидмати хусуру хушдоман ҳастам. Розӣ нигаҳ доштани хушдоман ва хусур ҳам қарз асту ҳам фарз", - гуфт ӯ рӯзи 10-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Барои ба ягон ҷо дохил шудан маблағ зарур аст. Аз ҳисоби бепулӣ натавонистам, ки шомили донишгоҳ шавам.

"Иштибоҳ мебуд..."​

Нилуфар, қаҳрамони дигари гузориши мо дар шаҳр ба воя расидааст. Вақти зиёди худро дар китобхонаи маркази амрикоӣ дар пойтахт мегузаронад. Дар 18-солагиаш волидон хостанд, ки шавҳар кунад, аммо ӯ нахост.

"То замоне ки духтар ҳавасҳову ҳадафҳои худро маълум накунад, наметавонад оила барпо созад. Ин иштибоҳ мебуд, чунки ҳадафҳои худро мушаххас накардаӣ, боз дар ин сардаргумӣ оиларо зам месозӣ", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҳилола аз деҳа, Нилуфар аз шаҳр. Тафовут аз куҷо то куҷо?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:16 0:00

Нилуфар барои гурез аз ин вазъ, ки сардаргумиаш меномад, барои ташкили зиндагии баъдӣ дурнамое сохтааст. Ӯ гуфт, "ба назари ман, беҳтар аст, духтарон дар 25-солагӣ шавҳар кунанд. Дар ин син ӯ возеҳ медонад, ки аз зиндагӣ чӣ мехоҳад."

Ҳилола
Ҳилола

"Пул надоштем, ки шомили донишгоҳ шавам"

Ҳилола 25-сола ва аз Нилуфар як сол калон аст. Се моҳ пеш шавҳар кардааст. Ҳангоми мактабхониаш орзу дошт, ки табиб шавад. Падараш розӣ буд, "аммо барои ба ягон ҷо дохил шудан маблағ зарур аст. Аз ҳисоби бепулӣ натавонистам, ки шомили донишгоҳ шавам." Ҳилола умед дорад, ки шавҳараш барои амалӣ шудани орзуяш кумак мерасонад.

Нилуфар хаёли таъсиси як мактаби хусусиро дорад. Барои расидан ба ин ҳадаф пайваста мекӯшад: ба дарсҳои иловагӣ меравад, забон меомӯзад. Ӯ бар ин ақида аст, ки ҳар духтар барои сохтани фардои хеш бояд ба худ такя намуданро омӯзад.

Ҳилола чун аз кори хона фориғ шуд, паси дастгоҳи дӯзандагӣ менишинад. Мегӯяд, дар хонаи падар аз ҳисоби ин касб ризқашро меёфт. Барои фаромӯш накардани ҳунараш, гоҳе машқ мекунад.

Иттиҳоди ду нафар

Нилуфар
Нилуфар

Нилуфар оиларо иттиҳоди ду нафар медонад, ки баробарҳуқуқанд ва дар бораи ташкили зиндагии якҷоя баробар тасмим мегиранд. Зан бояд барои иҷрои масъулиятҳои худ омода бошад. "Ба кӯдаконат бояд чизе биомӯзӣ. Бо надоштани маълумоти даркорӣ, мо нохудогоҳ, барои ояндаи фарзандонамон заминаҳои ноустувор мегузорем", - гуфт ӯ.

Нилуфар мегӯяд, аз зиндагии ҳамсолонаш, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, бохабар аст. Мегӯяд, дар муқоиса бо ӯ озодиҳояшон маҳдуд аст ва дар расидан ба орзуҳояшон мустақил нестанд. Нилуфар ба нерӯи худ умед дошта бошад ҳам, барои чӣ духтари шаҳрӣ ва чӣ деҳотӣ, як ҳамфикри мушфиқро лозим мешуморад. Касе ки пойбанди тасаввурҳои пешин набошад.

XS
SM
MD
LG