Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемористон: Саломатии Скрипал барқарор мешавад


Масъулини бемористон дар Инглистон гуфтанд, ки Сергей Скрипал, ҷосуси дугонаи рус дигар дар ҳолати бӯҳронӣ нест ва бо суръати худ шифо меёбад. Кристин Бланшард, раиси тиббии бемористони ноҳиявии Салисбурӣ рӯз 6 апрел дар изҳороти худ гуфт:

“Скрипал хуб муолиҷа мешавад, суръати барқарориаш ҳам хуб аст ва дигар дар ҳолати бӯҳронӣ қарор надорад”.

Рӯзе аз ин пеш Юлия Скрипал ҳам бо пахши изҳороте хабар дод, ки вазъаш рӯ ба беҳбуд овардааст ва аз ҷараёни барқарории саломатиаш қаноатманд аст.

Собиқ ҷосуси дугона ва духтараш Юлия Скрипал рӯзи 4 март ба бемористони Салисбури бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз як маводи кимиёии фалаҷкунандаи асаб интиқол ёфттанд. Бритониё ҳукумати президенти Русия Владимир Путинро дар талоши куштани Скрипал гунаҳгор кард ва гуфт, ки дар ҳамла ба ин мард ва духтараш маводи кимиёии низомии “Новичок” истифода шудааст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ эҷод шудааст. Русия даст доштанаш дар ин ҳодисаро рад мекунад. Ин ҳодиса робитаҳои дипломативу сиёсии Маскаву Ғарбро шадидан сангин кард.

XS
SM
MD
LG