Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав: "Британия бо оташ бозӣ мекунад ва пушаймон хоҳад шуд"


Сафири Русия дар СММ.
Сафири Русия дар СММ.

Василий Небинзия, сафири Русия дар СММ дар нишасти Шӯрои Амният гуфт, Британия бо муттаҳам кардани кардани Маскав ба даст доштан дар заҳролудшавии ҷосуси пешини рус, бо "оташ бозӣ" мекунад ва "аз ин кор пушаймон хоҳад шуд". Лондон Русияро дар заҳролуд кардани Сергей Скрипал, ҷосуси дуҷонибаи рус ва духтараш Юлия дар рӯзи чаҳоруми март дар ҷануби Бритониё, муттаҳам кардааст.

Мақомоти Британия пас таҳқиқот ва озмоиши маводи истифодашуда дар ин ҳамла ба натиҷае расиданд, ки ин заҳр дар Шӯравии собиқ тавлид шудааст. Русия, ки хостори нишасти вижаи рӯзи панҷшанбеи Шӯрои Амният дар бора шуда буд, ин иттиҳомро рад мекунад. Шӯрои амнияти СММ қаблан бо дархости Бритониё 14-уми март дар бораи ҳамла ба Сергей Скрипал ва духтараш Юлия ҷаласа баргузор карда буд.

Собиқ ҷосуси рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия рӯзи 4-уми март дар ҳолати мадҳушӣ дар шаҳри Салисбури Инглистон пайдо ва дар ҳолати сангин ба бемористон интиқол дода шуданд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Василий Небинзия рӯзи панҷшанбе дар суханронии 30-дақиқаии худ дар Шӯрои Амният гуфт, "мо ба ҳамкорони британиягии худ гуфтаем, ки шумо бо оташ бозӣ мекунед ва пушаймон хоҳед шуд."

Сафири Русия дар СММ афзудааст, маводе, ки Британия мегӯяд, дар ҳамла ба Скрипал ва духтараш истифода шуд, дар кишварҳои зиёде тавлид мешавад. Вай дар идома гуфтааст, "ин як намоиши масхараомез аст. Магар натавонистед достони тақаллубии беҳтар аз ин бисозед?"

Британия: "Мо чизе барои пинҳон кардан надорем"

Ин дар ҳолест, ки Карен Перс, сафири Британия дар СММ дар посух ба изҳороти намояндаи Русия гуфт, "тамоми талошҳои Британияро метавон ба таври дақиқ арзёбӣ кард. Мо ҳеҷ чиз барои пинҳон кардан надорем. Аммо нигаронем, ки Русия эҳтимолан чизҳои барои тарс дошта бошад."

Русия рӯзи чаҳоршанбе аз Созмони манъи аслиҳаи кимиёвӣ хоста буд, ки дар таҳқиқоти заҳролуд шудани Сергей Скрипал ва духтараш, иштирок кунад. Аммо Русия барои мушорикат дар ин таҳқиқот раъи кофӣ ба даст наовард.

Сергей Скрипал ва духтараш Юлия.
Сергей Скрипал ва духтараш Юлия.

Дар айни ин моҷаро, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбе дар Анкара бори дигар хостори узрхоҳии Ғарб шуд. Оқои Путин як рӯзи пеш аз нишасти Созмони манъи густариши силоҳҳои кимиёвӣ ибрози умедворӣ кард, ки натиҷаҳои мусбат дар ин нишаст, қаламрави худ берун карданд. Русия низ дар посух чанди дипломати ғарбиро ихроҷ кард.

Скрипал кист?

Ҷосуси пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия рӯзи 4-уми март дар ҳолати мадҳушӣ дар шаҳри Салисбури Британия пайдо шуданд ва дар ҳолати сангин ба бемористон интиқол ёфтанд. Мақомоти Британия гуфтанд, ки ба эҳтимоли ғолиб ин кори Маскав аст ва ин ақидаро Иттиҳодияи Аврупо ҳам такрор кард.

Скрипали 66-сола, афсари собиқи сохторҳои иктишофии Русия, соли 2006 барои хиёнат ба ватан маҳкум шуд. Додгоҳ гуфт, ки Скрипал ҳуввияти ҷосусони русро ба хадамоти иктишофии Бритониё - MI6 фош кардааст. Соли 2010 ӯ яке аз чаҳор зиндониҳои рус буд, ки бар ивази 10 ҷосуси руси пинҳоншуда дар ИМА иваз карда шуд.

Ин бузургтарин амалиёти табодули зиндониҳо аз замони Ҷанги Сард будааст. Скрипал ва духтараш Юлияи 33-сола баъди бозгашти ахирӣ Маскав, бо газаи фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шуда, ҳоло дар ҳолати сангин қарор доранд. Хабаргузории Франс-пресс рӯзи панҷшанбеи 29-уми март навишт, Юлия аз бахши нигаҳдории вижа берун оварда шуд ва ҳолаш рӯ ба беҳбуд аст.

XS
SM
MD
LG