Додситонии шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи марги Абдурасул Назаров, ки пас аз даъваташ ба бинои милиса ба таври мармуз даргузашт, ба ихтиёр гирифт. Тафтиши ин қазияро додситонии ноҳияи Синои пойтахт оғоз карда буд. Як манбаъ аз Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 2-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қазия таҳти назари бевоситаи додситони шаҳр тафтиш мешавад.
"Ҳанӯз дар ин замина парванда боз нашудааст, чун ҳоло натиҷаҳои ташхис ниҳоӣ нашудааст. Муфаттишони додситонӣ ҳоло кормандони милиса, пизишкон ва наздикони Абдурасул Назаровро мепурсанд. Тасмими боз шудан ё нашудани парванда пас аз ниҳоӣ шудани натиҷаи ташхис гирифта мешавад"-гуфт ӯ.
Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар душанбе кору зиндагӣ мекард, шаби 28-уми март пас аз даъваташ ба ШКД ба таври мармуз даргузашт. Садбарг Бобохонова, ҳамсари Назаров, рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маъмурони милиса дар тан либоси шаҳрвандӣ доштаанд.
Наздиконаш мегӯянд, дар баданаш осори лату куб ва шиканҷа ба назар мерасид ва бо эҳтимоли зиёд ӯ дар пайи шиканҷа ба ҳалокат расидааст. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, воқеан дар бадани Назаров "доғҳои шубҳанок" дида мешуд, вале аз куҷо пайдо шудани ин доғҳо дар баданро ташхис дақиқ мекунад.