Сухангӯи эътилофи низомӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ бо муттаҳам кардани Теҳрон ба ҳимоят аз ҳамлаҳои мушакии ҳусиҳо ба хоки подшоҳии Саудӣ, Эронро таҳдид кард, ки ҳамлаҳои мушакии ҳусиҳоро бепосух нахоҳад гузошт. Турки Ал-Малакӣ, рӯзи 26-уми март гуфт, "мо инро аз ҳаққи худ медонем, ки ба Эрон дар замони дуруст ва дар ҷои дуруст посух диҳем."
Амалиёти низомии Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш дар Яман, то кунун 10 ҳазор кушта ва 52 ҳазор захмӣ дар пай доштааст.
Арабистони Саудӣ мегӯяд, ки системаи дифоии он кишвар ҳафт мушакеро, ки гурӯҳи Ҳусиҳо дар Яман ба Арабистони Саудӣ партоб карданд, сарнагун кардааст. Тибқи гузоришҳо, бар асари суқути як мушак дар яке аз минтақаҳои аҳолинишин, як нафар ҷон бохтааст. Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин мушакаҳо, Риёз -- пойтахти Арабистони Саудӣ будааст. Дар пайи сарнагун кардани ин мушакҳо дар осмони Риёз, як шаҳрванди мисрӣ кушта шуд ва ду шаҳрвандии мисрии дигар захмӣ шуданд.
Турки Ал-Малакӣ дар паҳлӯи яке аз боқимондаҳои ин мушакҳо дар рӯбарӯи хабарнигорон ҳозир шуд ва гуфт, баррасиҳои дақиқ нишон медиҳад ин мушакҳо сохти Эрон аст. Ӯ афзуд, эътилофи низомӣ бо раҳбарии Арабистон дар Яман як анбори мушакиро дар фуруддгоҳи Санъо мавриди ҳадаф қарор додааст.
Турки Ал-Малакӣ гуфтааст, шӯришиёни Ҳусӣ муттаҳиди Эрон аз ин мушакҳо барои ҳамла ба Арабистони Саудӣ истифода карданд. Ҷумҳурии исломии Эрон ҳар гуна иттиҳоми фиристодани аслиҳа ва мушакҳо ба Ҳусиҳо дар Яманро радд кардааст.
Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, ки масъули назорат бар иҷрои таҳримҳои Яман ҳастанд, ду навбат як бор дар моҳи май ва июни соли 2017 ва сипас дар ноябр ва декабри ҳамон сол барои баррасии боқимондаҳои мушакҳои "Замин ба Замин"-и партобшуда аз сӯи Ҳусиҳо ба Арабистони Саудӣ, бар Саудӣ рафтанд. Ин коршиносон ба ин натиҷа расиданд, ки маншаи ин ҷангафзорҳо Эрон мебошад ва пас аз оғози таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ дар моҳи марти соли 2015, ба дасти Ҳусиҳо расидааст.
Ҳамлаҳои мушакии Ҳусиҳо ба хоки Арабистони Саудӣ, дар савумин соли оғози амалиёти эътилоф ба раҳбарии Риёз алайҳи онҳо, анҷом шудааст. Амалиёти низомии Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш дар Яман, то кунун 10 ҳазор кушта ва 52 ҳазор захмӣ дар пай доштааст.