Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ҷашни Наврӯзро ба ҳамаи касоне, ки таҷлил мекунанд, табрик гуфтааст. Трамп рӯзи 19-уми март дар паёми идонаи худ гуфт, "таърихчаи Наврӯз дар Эрон реша дорад. Ҷое, ки кишваре пурифтихор барои ҳазорон сол, бо қудрати фарҳанг ва истиқомати мардумаш, аз паси чолишҳои бузурге баромадааст."
Интиқод аз ҳукумату Сипоҳи посдорон
Ин ҷашн пас аз касби мақоми байналмилалӣ, ҳамакнун дар кишварҳои дигари берун аз ҳавзаи Наврӯз низ ба таври густурда таҷлил мешавад.
Раиси ҷумҳури Амрико афзудааст, "бисту панҷ қарн пеш Дориюши бузург аз Худованд хост, ки Эронро аз хатар ҳифз кунад -- аз лашкари душман, хушксолӣ ва дурӯғ".
Ӯ аз ҳукумат ва Сипоҳи посдорони Эрон интиқод карда, гуфтааст, мардуми он кишвар таҳти фишори ҳокимоне ҳастанд, ки ба ҷои хидмат ба мардум, ба худ хидмат мекунанд. Вай таҳдид кард, ки Амрико аз созишномаи ҳастаӣ берун мешавад.
Доналд Трамп, инчунин, Сипоҳи посдорони Эронро як артише хонд, ки аз мардуми Эрон медуздад, то харҷи терроризм намояд. Ӯ гуфтааст, Сипоҳи посдорони Эрон беш аз 16 миллиард доллар барои нигоҳ доштани ҳукумати Сурия ва ҳимоят аз ниманизомиён ё ба гуфтаи вай, ба террористҳои Сурия, Яман ва Ироқ харҷ кардааст. Доналд Трамп дар паёми наврӯзии соли гузаштаи худ ба масъалаҳои сиёсӣ ишорае накарда буд.
Наврӯзи ҷаҳонӣ. Аз Тоҷикистон то...
Дар моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО - муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид кард. Дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлоси 64-уми худ қарореро ба тасвиб расонид, ки минбаъд 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ Наврӯз таҷлил мешавад.
Наврӯз дар кишварҳои форсигӯи Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин дар Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Покистон, Озарбойҷон, Туркия ва минтақаҳои курднишини Ироқ ба таври густурда таҷлил мешавад. Ин ҷашн пас аз касби мақоми байналмилалӣ ҳамакнун дар кишварҳои дигари берун аз ҳавзаи Наврӯз низ ҷашн гирифта мешавад.