Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ донишманди тоҷикро ба асардуздӣ муттаҳам карданд


Баъди ошкор кардани плагиат ва ё асардуздӣ дар иншои рисолаҳои илмӣ, ду муҳаққиқи тоҷикро аз унвонҳои илмӣ маҳрум кардаанд.

Асардузии олимони тоҷикро «Диссернет» - як пойгоҳи интернетии зидди тақаллубкорӣ ва плагиат ошкор кард. Ин ҷамъият панҷ олими тоҷикро, ки аз соли 2010 то 2017 дар риштаҳои гуногун рисолаи илмӣ навиштаанд ва аз ВАК-и Русия унвони илмӣ дарёфт кардаанд, ба асардуздӣ айбдор мекунад.

Ҳоло барномаҳои компютерӣ дар панҷ дақиқа аз куҷо ва чӣ қадар копӣ шудани матни илмиро ошкор мекунанд. Дигар солҳои пешин нест, ки танҳо дар пайи муқоисаи матнҳо дуздӣ ошкор мешуд. М.Қудратов

Аз ин гуруҳ рисолаи ду олими тоҷик - Зафар Тайфуров, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва Назрулло Амиров - доктори илмҳои иқтисодӣ ва намояндаи мардумӣ дар парлумони шаҳри Душанбе, бар пояи шикояти ин ҷамъият дубора мавриди муҳокима қарор гирифт ва бо тасмими шӯроҳои дифоъ ин ду нафар аз унвони илмӣ маҳрум шуданд.

Нарзулло Амиров собиқ раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти кишоварзӣ ва ҳоло муовини раиси ин ниҳод соли 2014-ум дар мавзӯи «Рушди чорвопарварии гӯштӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.

«Ба ҷои хукпарварӣ гусфандпарварӣ»

Нозирони пойгоҳи «Диссернет» дар вебсайти худ навиштаанд, ки дар асл Амиров матни рисолаашро аз асари олими рус Н.З.Гончарова, ки ҳанӯз соли 2008-ум таълиф шудааст, нусхабардорӣ кардааст. Ин пойгоҳ навиштааст, ки Амиров дар рисолааш калимаҳои «Россия»-ро ба «Таджикистан» иваз карда, ибораҳои «российский рынок мяса»-ро ба «таджикский» иваз карда, боқӣ маълумотро бетағйир гузоштааст.

В.Путин ва В.Мединский
В.Путин ва В.Мединский

Ҳамчунон муаллиф аз рисолаи Гончарова калимаи «хукпарварӣ» (свиноводство)-ро пок карда ба ҷои он «гӯсфандапарварӣ» (овцеводство) навиштааст.

Вале нозирон мегӯянд, олими тоҷик дар як ҷои рисолааш иваз кардани калимаи «федератсия»-ро ба республика фаромӯш кардааст, дар ҳоле ки Тоҷикистон ҷумҳурӣ аст, на федератсия.

«Як сӯитафоҳум буд»

Худи Назрулло Амиров рӯзи 19-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маҳрум шудани ӯ аз унвони илмӣ натиҷаи як сӯитафоҳум буд, аммо ҷониби Русия ба нуқтаи назари ӯ гӯш надод ва аз унвони илмӣ маҳрум кард.

Амиров гуфт, матне, ки «Диссернет» мавриди санҷиш қарор додааст, ниҳоӣ набуд ва аммо дар пайи баррасиҳои минбаъда ВАК-и Русия далелҳои ӯро ба инобат нагирифт. Ӯ гуфт:

“Мо аз вазири маориф ва илми Тоҷикистон мактуб гирифтем, ки иддаои онҳо дуруст нест. Мо хулосаи маркази Антиплагиати Русияро дорем, ки 80 дарсади матни мо нотакрор аст. Яъне ба ҳамаи талаботҳо ҷавобгӯ аст. Аммо чун ба касе зарур буд, ҳамин корро дар ҳақи мо раво диданд. Ҳамчунон президенти Академияи илмҳо низ ба унвонии вазири илму маорифи Русия нома навишта хоҳиш кард, ки кори илмӣ бори дигар мунсифона баррасӣ шавад. Аммо, муттасифона касе ба инобат нагирифт. Ҳатто дар маҷлисе, ки унвони илмии маро гирифтанд, ба ман имкони сухонронӣ надоданд”.

Амиров бо ин ҳол ният дорад рисолаашро такмил кунад ва бори дигар ба ҳимоя пешниҳод намояд.

"Касе ҳақ надорад маро аз унвон маҳрум кунад"

Ба ҳамин шева, шӯрои дифои Донишгоҳи федеролии Балтика ба номи Имануэл Кант пас аз баррасии дубораи рисолаи номзадии олими дигари тоҷик Зафар Тайфуров («Маҳрумият аз озодӣ: нигоҳдорӣ, мақсад ва воситаҳои расидан ба он бар асоси маводҳои Тоҷикистон») хулоса кардааст, ки гӯё 86 дарсади матни он плагиат аст. Ин шӯро низ ба ВАК тавсия додааст, ки ӯро аз унвони илмӣ маҳрум кунад.

Академияи илмҳои Тоҷикистон
Академияи илмҳои Тоҷикистон

Аммо худи Зафар Тайфуров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ як олими унвондор аст ва касе ҳақ надорад унвонашро аз ӯ бигирад. Тайфуров рӯзи 19 март дар як сӯҳбати мухтасар бо Радиои Озодӣ гуфт:

«Унвони илмиро ба ман ВАК-и Русия додааст ва танҳо ин идора метавонад маро аз унвон маҳрум кунад. Тамом!».

Тайфуров дар робита ба иддаои асардуздӣ нахост изҳори назар кунад.

"Диссернет" дар гузашта плагиатро дар рисолаи илмии Владимир Мединский, вазири фарҳанги Русия ошкор карда хостори маҳрум кардани ӯ аз унвони илмӣ шуда буд.

Фанновариҳои нав асардуздиро зуд ошкор мекунанд

Донишмандони тоҷик аз шумори онҳое, ки дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ғарбӣ рисолаи илмиро дифоъ кардаанд, мегӯянд, фанновариҳои нав асардуздиро зуд ошкор мекунанд ва олимони тоҷик бояд дар ин робита хеле ҳушёр бояд бошанд.

Манучеҳр Қудратов, як пажӯҳишгари тоҷик, ки рисолаи илмиашро дар донишгоҳи Олмон ҳимоя кардааст, мегӯяд, дар ин кишвар асардуздӣ ҷурми бузург ба ҳисоб меравад ва боиси беобрӯгӣ ва истеъфои мақомдорони баландпоя мешавад:

«Ҳоло барномаҳои компютерӣ дар панҷ дақиқа аз куҷо ва чӣ қадар копӣ шудани матни илмиро ошкор мекунанд. Дигар солҳои пешин нест, ки танҳо дар пайи муқоисаи матнҳо дуздӣ ошкор мешуд».

Қудратов мегӯяд, олими ҳақиқӣ бояд аз матни рисолаҳои илмии донишмандони дигар ишора ва иқтибос кунад, дар ғайри сурат асардуздиаш зуд фош ва боиси беобрӯгиаш мешавад.

Ӯ аз моҷарои асардуздии вазири дифои собиқи Олмон - Карл-Теодор су Гуттенберг ёдовар шуд, ки баъди ошкор шудани плагиат маҷбур шуд аз мақомаш истеъфо диҳад.

То як соли пеш пажӯҳишгарони тоҷик барои дарёфти унвони илмӣ маҷбур буданд қисми рисолаҳои худро бо тарҷумаи русӣ дар ВАК-и Русия ҳимоя кунанд. ВАК ва ё Комимиссияи олии аттестатсионии Русия рисолаҳои илмии олимони тоҷикро арзёбӣ ва ба онҳо унвони илмӣ медод. Аммо Тоҷикистон ҳоло ВАК-и худро таъсис дод. Олимон ҳамакнун имкон доранд рисолашҳояшонро барои арзёбӣ ба ин комиссиюн пешниҳод кунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG