Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон барканор шуд, Помпео – котиби давлатии Амрико


Рекс Тиллерсон ва Майк Пампео
Рекс Тиллерсон ва Майк Пампео

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – гуфт, ки Котиби давлатӣ Рекс Тиллерсонро аз мақом барканор ва ба ҷойи ӯ раҳбари Идораи истихбороти ИМА Майк Помпеоро таъйин кард. Ноиби Помпео Ҷина Ҳаспел ба мақоми раҳбари Идораи истихборот мегузарад. Ҳаспел нахустин занест, ки раҳбарии чунин идораи калидиро бар дӯш мегирад.

  • Трамп қарори истеъфои Тиллерсонро баъди он эълон кард, ки Котиби давлатӣ сафари Африқоро қатъ кард ва ба Вашингтон баргашт.
Як мақоми баландпояи Кохи Сафед бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, Трамп бо Помпео - узви пешини Конгресс аз аёлати Канзас, нафари содиқ ба маъмурият, хубтар кор мекунад.

Барканории Тиллерсон, пеш аз мулоқот бо Ким Чен Ун

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар беруни Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, истеъфои Тиллерсон “қарори худи президент” буд ва афзуд, ин тасмим Тиллерсонро “бештар хушҳол хоҳад кард”. Трамп гуфт, ӯ ва Тиллерсон дидгоҳҳои мухталиф доранд. Рекс Тиллерсон дар мақоми Котиби давлатии ИМА як сол кор кард.

Як мақоми баландпояи Кофи Сафед гуфт, Доналд Трамп мехоҳад, тими нави ӯ қабл аз оғози музокирот бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун ва гуфтушунидҳои тиҷоратӣ вориди кор шавад.

Овозаҳо пас аз як моҳ тасдиқ шуд

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Истеъфои Тиллерсон баъди сарусадои чандмоҳа, ки мегуфтанд, собиқ раҳбари ширкати нафтии ExxonMobil аз мақоми Котиби давлатии ИМА канор меравад, расмӣ шуд. Рафтани Тиллерсон аз мақом дар пасманзари ташаннуҷ бо Русия дар робита ба дахолаташ ба умури Украина, кумакаш ба президенти Сурия Башор Асад ва иттиҳоми ахир, ки корманди пешини Идораи истихборот Сергей Скрипалро эҳтимол Русия бо гази фалаҷкунандаи асаб заҳролуд кард, сурат мегирад.

Як мақоми баландпояи Кохи Сафед бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, Трамп бо Помпео - узви пешини Конгресс аз аёлати Канзас, нафари содиқ ба маъмурият, хубтар кор мекунад. Ҳамчун раҳбари Идораи истихбороти ИМА Майк Помпео “барои модернсозии дифоъ, қобилиятҳои таҳоҷумӣ, бунёди равобити наздик бо шарикони мо ва ҷомеаи истихбороти байналмилалӣ, мавриди ситоиши намояндагони ҳарду ҳизб аст”, - гуфтааст Трамп дар изҳороте, ки Кохи Сафед пахш кард.

Помпео: Бесаброна интизорам, ки...

Ӯ афзудааст, “Помпео барномаи моро дар заминаи эҳёи мавқеи Амрико дар ҷаҳон, таҳкими эътилофҳои мо, муқовимат ба душманони мо, ҷустуҷӯи роҳи аз силоҳи ҳастаӣ пок кардани Кореяи Шимолӣ идома медиҳад.”

Майк Помпео гуфт, агар қонунгузорон номзадии ӯро ба мақоми Котиби давлатии ИМА тасдиқ кунанд, “бесаброна интизорам, ки барои шукуфоии Амрико аз ӯ ва мардуми Амрико дар ҷаҳон намояндагӣ кунам”.

Ҷина Ҳаспел, ки дар мақоми раҳбари Идораи истихборот Майк Помпеоро иваз мекунад, фаъолияташро дар ин идора соли 1995 оғоз кард ва то ба ҳол дар мақомҳои баланди ин ниҳод дар хориҷ ва дохил кор кардааст.

XS
SM
MD
LG