Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гул Шералӣ: “Писару домодамро беасос ҳабс карданд. Ин қасдгирӣ аст, чӣ бало аст?” САДО


Гул Шералӣ (Шералӣ Гулов), вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон
Гул Шералӣ (Шералӣ Гулов), вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон

Гул Шералӣ (Шералӣ Гулов), вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон, ба боздошт ва ҳабси писару домодаш вокуниш кард. Ӯ рӯзи 13-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳамагуна айб алайҳи писару домодашро бепоя хонд ва гуфт, "онҳо бар ивази некӣ бадӣ дидаанд".

Вокуниши Гул Шералӣ ба ҳабси писару домодаш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00
Линки мустақим

Ҳамин қадар кор кардем, ягон касро ягон чиз накардем. Аз пушти мо қасдгирӣ мекарда бошанд? Чӣ гап бошад, мо ҳамин корҳоро нафаҳмидем. Ин қасдгирӣ аст, чӣ бало аст?

Диловар Гулов – писари 22-солаи Гул Шералӣ – ба панҷ рӯз ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст.

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи сешанбе дар як иттилоияи расмӣ Гулов ва 12 нафари дигар, аз ҷумла Дилшод Нуруллозода, домоди Гул Шералиро ба майдаавбошӣ айбдор кард. Мақомот гуфтанд, ки онҳоро саҳари 10-уми март барои нақзи тартибот дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт ва ҳабс карданд.

Асли қазия кадом аст?

Гул Шералӣ гуфт, ба иттиҳоми мақомот бовар надорад ва асли қазия, ба бовари ӯ, тамоман чизи дигар аст. Ӯ гуфт, "асли воқеа ин аст, ки шаби 10-уми март дар назди Театри опера ва балет як нафар бо нозирони роҳ муноқиша доштааст. Диловар рафта, онҳоро ҷудо мекунад ва ба он одам мегӯяд, ки чаро ҳамроҳи милисаҳо хархаша мекунад? Баъдан мехоҳад биравад. Аммо маъмурони милиса ӯро дошта гуфтаанд, ки баёнот навис. Диловар нозирони роҳро халос кардааст. Дар онҷо ҳамин қадар гап шудааст."

Диловар Гулов ва Дилшод Нуруллозода
Диловар Гулов ва Дилшод Нуруллозода

Вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон афзуд, дар ниҳоят, кормандони милиса писари ӯро бурда, санад тартиб додаанд. Гул Шералӣ мегӯяд, домодаш Дилшод Нуруллозода дар ин қазия аслан ҳузур надошт, аз хонааш овардаанд.

"То ин дараҷа ноодамгарӣ даркор нест"

"Ҳамааш айби маъмурони корҳои дохилӣ аст. Дуруст намесанҷанд. Мо ҳамин қадар кор кардем, ба ягон кас ягон кори бад накардем. Аз пушти мо қасдгирӣ мекарда бошанд? Чӣ гап бошад, мо ҳамин корҳоро нафаҳмидем. Ин қасдгирӣ аст, чӣ бало аст? Ба ин дараҷа ноодамгарӣ лозим нест, охир", - гила кард Гул Шералӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Мақомот чӣ мегӯянд?

Саидакрам Давлатшоев
Саидакрам Давлатшоев

Бар хилофи изҳороти Гул Шералӣ, мақомоти умури дохилии пойтахт гуфтанд, писару домоди вазири пешин ва ёздаҳ нафари дигарро дар тарабхонаи “Галакси”, ҳангоми вайрон кардани тартибот боздошт карданд.

Як масъули Раёсати умури дохилии Душанбе рӯзи 13-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, боздоштшудаҳо субҳи 10-уми март дар тарабхонаи “Галакси”, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, якдигарро дашному ҳақорат карда, ба амри пулис итоат нанамудаанд. Ба қавли манбаъ, ҳодиса соати 4-5-и субҳи 10-уми март рух додааст.

“Ин 13 нафар ба тарабхона мераванд ва гапашон мегурезад. Занозанӣ намекунанд, аммо байнашон муноқиша мешавад. Вақте кормандони тарабхона ин ҳолро мебинанд, ба шуъбаи корҳои дохилӣ занг задаанд. Кормандони ШКД-и Исмоили Сомонӣ зуд ба ҷойи ҳодиса рафтаанд, аммо ин гуруҳи ҷавонон ба онҳо итоат накардаанд”, - гуфт манбаъ.

15 рӯз ҳабс ва панҷ соли маҳрумӣ аз ронандагӣ

Дар Раёсати умури дохилии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъд аз онки 13 нафар ба талаби кормандони милиса итоат накарданд, гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ ба тарабхона ҳозир шуд ва ҳамаи онҳоро боздошт кард.

Боздоштшудаҳо ҳангоми иҷрои корҳои ободонӣ
Боздоштшудаҳо ҳангоми иҷрои корҳои ободонӣ

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар РКД Душанбе гуфт, аз миёни 13 нафар танҳо Саидакрам Давлатшоев, ки аз ӯ ронандаи Гул Шералӣ ном бурда мешавад, бо иттиҳоми рондани мошин дар ҳолати мастӣ айбдор шудааст. Манбаъ афзуд, Саидакрам Давлатшоев ба 15 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум ва барои панҷ сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум гардид. Вале Гул Шералӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ронанда доштанашро рад кард. Ӯ гуфт, Саидакрам Давлатшоев ронандаи ӯ нест, танҳо дӯсти писараш аст.

Диловар Гулов, писари Гул Шералӣ, тобистони соли 2015 низ барои нақзи қоидаҳои сиёҳ кардани шишаи мошинааш панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд. Ҳоло ӯ ва ҳамроҳонаш рӯзона ба корҳои ободонӣ машғул шуда, шабро дар боздоштгоҳ паси сар мекунанд.

XS
SM
MD
LG