Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешвози Шералӣ Ҷӯраев дар даромадгоҳи Кохи Борбад

Субҳи 8 март дар Кохи Борбади Душанбе мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳунармандони саршиноси Узбакистонро пешвоз гирифтанд. Яке аз онҳо Шералӣ Ҷӯраев, овозхони собиқадор ва маъруф аст.

Ҳайати беш аз 100-нафараи санъаткорони Узбакистон шаби 8-уми март ба Душанбе расид. Дар миёни меҳмонон ҳунармандони саршинос, аз ҷумла Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев, Озодбек Назарбеков ва Фаррух Зокиров низ шомиланд.

Мирзоолим Саидов, як масъули вазорати фарҳанги Тоҷикистон 8-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳавопаймои махсуси самти Тошканд-Душанбе, ки дар он даҳҳо раққосону навозандаҳо низ буданд, соати 1-и шаб дар фурудгоҳи Душанбе поин шуд. Рӯзи 8 март ҳунармандон барои консерти калони муштараки “Шоми дӯстӣ” дар Кохи Борбад тамринро оғоз хоҳанд кард.


Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG