Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти 49 муҳоҷири бандмондаи тоҷик дар Қазоқистон


Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфтанд, ки ба 49 шаҳрванди бандмондаи кишвар дар вилояти Акмолаи Қазоқистон кумак кардаанд ва ҳоло онҳо дар роҳ ба ватан ҳастанд. Ин гуруҳи шаҳрвандон баъди адои кор аз вилояти Екатеринбурги Русия тариқи Қазоқистон ба Тоҷикистон бармегаштанд.

То шаб ба Қирғизистон расида, рӯзи панҷшанбе вориди хоки Тоҷикистон хоҳем шуд

Суҳроб Ҳафизов, консули генералии Тоҷикистон дар Қазоқистон, рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари хароб шудани муҳаррики автобус муҳоҷирони савори он дар вилояти Акмола дармонда буданд. Дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Ӯ гуфт, ҳам намояндагони сафорат ва ҳам консулгарии Тоҷикистон бо муҳоҷирини корӣ дар тамос шуда, аз ҳоли онҳо огоҳ гардидаанд.

Муҳаррики мусофирбари тамғаи “Мерседес”, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия меовард, дар шоҳроҳи вилояти Акмола аз кор монд. Суҳроб Ҳафизов гуфт, гуруҳи наҷотбахшони ҳолатҳои изтирории ноҳияи Шучинск пас аз чанд лаҳза ба ҷои ҳодиса рафта, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол додаанд ва онҳо савори мусофирбари дигар дар роҳ ба Тоҷикистонанд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз мусофирон бо номи Матлуба Зоҳидова дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъи саломати муҳоҷирон хуб аст ва онҳо ба самти Остона ҳаракат доранд. “То шом ба Қирғизистон расида, субҳи панҷшанбе вориди хоки Тоҷикистон хоҳем шуд”, - гуфт ӯ.

“Дар автобус аслан муҳоҷирони корӣ ҳастанд ва онҳо сокинони ҳар ноҳияи Тоҷикистон, аз ҷумла Хуҷанд, Душанбе, Қӯрғонтеппа, Спитамен, Ҷаббор Расулов ҳастанд”, - гуфт Матлуба Зоҳидова.

Яке аз мусофирони дигар бо номи Икром Садирддинов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, дар маҳалле, ки автобус дармонд, як мавзеи пурбараф ва сард буд. “Ҳарорати ҳаво 31 дараҷа сард буд. Тақрибан 8 кӯдакро кормандони ҳолатҳои фавқулодда ба як мактаб бурданд”, - гуфт ӯ.

Ҳодиса шоми 6-уми март рух дод ва гуруҳи наҷотбахшони марбут ба ҳукумати вилояти Акмола дар ҷои ҳодиса ба ёрии мусофирон шитофтаанд.

Роҳи мошингарди Тоҷикистон - Русия, ки аз қаламрави Қирғизистону Қазоқистон мегузарад, як масири маъмулии ҳаракати муҳоҷирони тоҷик мебошад. Аз ин роҳ онҳое истифода мекунанд, ки барои пардохти харҷи билети ҳавопаймову қатор имкони молӣ надоранд. Вале бисёр ҳолатҳое шудааст, ки бо сабаби риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ ва аз ташхиси техникӣ нагузаштани мусофирбарҳо фоҷиа сар мезанад.

Ҳодисаи мудҳиштарин рӯзи 18-уми январи имсол рух дод. Автобуси навъи “Икарус”, ки аз ҳудуди деҳаи Калибои вилояти Оқтеппаи Қазоқистон дар шоҳроҳи Шимкент-Самара ба самти Русия ҳаракат мекард, аз дохил оташ гирифт. Дар натиҷаи "тамоси барқӣ" дар дохили автобус тамоми ин мусофирбар оташ гирифт ва дар они воҳид 52 шаҳрванди Узбакистон ба ҳалокат расида, танҳо панҷ нафар – ду муҳоҷири узбак ва се шаҳрванди Қазоқистон бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон интиқол ёфтанд.

XS
SM
MD
LG