Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эстакадаи дувум дар Душанбе. Чорроҳаи Қаряи Боло 2 сол баста мемонад.ВИДЕО


Аз субҳи 26-уми феврал дар чорроҳаи Қарияи Боло бунёди эстакада ё роҳи нави сетабақа шурӯъ шуд. Тарҳи роҳи мошингарди таркибие, ки пойтахтро бо шаҳри Турсунзода мепайвандад, қарор аст дар давоми ду сол сохта ба истифода дода шавад.

Арзиши бунёди ду чорсӯи сетабақа дар шаҳри Душанбе 38 миллион доллар мебошад, ки 35 миллиони он қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 3 миллиони дигар, кӯмаки фаннии ҳамин бонк аст.

Дар ин мӯҳлат сокинони Душанбе бояд ба шароити нав ботаҳаммул муносибат кунанд, чун баста шудани қитъаи хеле муҳими роҳ ба ҷараёни кору ҳаракати сокинон тағйрири ҷиддӣ ворид мекунад. Бунёди эстакадаи нав бахше аз нақшаи Генплан ё бозсохти куллии симои шаҳри Душанбе аст, ки давоми беш аз 10 соли охир амалӣ мешавад.

Басташавии чорроҳаи азим

Сафина Расуловаи 36-солаи сокини маҳаллаи 82-и пойтахти Тоҷикистон субҳи рӯзи душанбеи 26-уми феврал мехост ба ҷойи кораш биравад, аммо дар кӯчаи Нусратулло Махсум нишоне аз нақлиёти мусофирбар набуд. Зеро, дар ду самти ин ҷода роҳ баста буд.

Хонум Расулова вазъияташро дар субҳи рӯзи душанбеи 26-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин баён дошт: "Маҷбур шудам бо таксӣ тавассути роҳи маҳаллаи Калинин ба маркази шаҳр бирасам. Ҳоло тасмим гирифтам, ки барои худ як мошини сабукрав бихарам, вагарна тӯли ду соли оянда омаду рафт ба ҷойи кор бароям душвор мешавад",- гуфт Сафина Расулова.

Вақте ба маҳаллаи Қарияи Боло расидем, воқеан роҳи мошингард бо насби деворҳои тунукагин баста буд. Троллейбусҳо дар ин маҳал ғайримуқаррарӣ гардиш мекарданд. Мошинҳои сабукрав аз маъмурони пулис роҳи имконпазир барои ҳаракат ва гардишро мепурсиданд.

Як шоҳраги Душанберо бастанд, то васеътар кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Ҳанӯз ҳафтаи гузашта мақомоти Душанбе дар сомонаи расмии худ хабар дода буд, ки ба далели таҷдиди роҳи мошингард аз муҷассамаи Абӯалӣ Сино то дарвозаи ғарбии Душанбе, ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ тавассути маҳаллаи мавсум ба Меҳробод ё Калинин ва сипас аз тариқи роҳи паси Боғи ҳайвонот роҳандозӣ мешавад.

Тарҳе бо арзиши 38 миллион доллар

Саид Қурбонов, мутахассиси роҳсози Душанбе, ки дар маҳаллаи Қарияи Боло ба насби деворҳои тунукагин машғул буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин чорсу барои ду сол масдуд мешавад. Ҷаноби Қурбонов афзуд, ин роҳ ба хотири ободонӣ бозсозӣ мешавад ва умедворӣ кард, ки то ду соли дигар ин чорраҳа зебо такмил мешавад. "То ин дам ба сокинон машварат дода шуд, ки аз роҳҳои дигар ба монандаи роҳи маҳаллаи Калинин ва Вазорати энергетика ва обёрӣ истифода кунанд",-афзуд вай.

Ин дар ҳолест, ки сохтмони нахустин роҳи сетабақа дар Тоҷикистон дар маҳаллаи мавсум ба микрорайони 82-и шаҳри Душанбе тақрибан анҷом ёфтааст. Имрӯз муваффақ шудем, ки болои ин чорсу баромада, марҳилаи ниҳоии онро мушоҳида кунем. Ин роҳ низ тақрибан муддати ду сол аз сӯи роҳсозони чинӣ бунёд шуд ва ҳоло танҳо марҳилаи мумфаршсозии он боқӣ мондааст.

Арзиши бунёди ду чорсӯи сетабақа дар шаҳри Душанбе 38 миллион доллар мебошад, ки 35 миллиони он қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 3 миллиони дигар, кӯмаки фаннии ҳамин бонк аст.

Дастрасӣ ба бемористони марказии пойтахт мушкил шуд

Эстакада дар гардиши маҳаллаи 82-юми Душанбе дар марҳилаи анҷомёбист.
Эстакада дар гардиши маҳаллаи 82-юми Душанбе дар марҳилаи анҷомёбист.

Бештаре аз сокинони ин маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ ҳам аз мушкилоти омаду рафт изҳори нигаронӣ мекунанд ва ҳам аз раванди ободонӣ дар пойтахти Тоҷикистон истиқбол карданд. Ба гуфтаи онҳо, касби симои замонавии шаҳри Душанбе тақозои вақт аст.

Ҳарчанд ронандаҳои таксӣ мегӯянд, ки хароҷоти роҳ барои мусофиркашонӣ бештар мешавад, вале ба хотири сохтмони чунин роҳе омода ҳастанд муддате аз роҳҳои канори шаҳр истифода кунанд. Аммо сокиноне, ки барои муолиҷа озими бемористони Қарияи Боло буданд, гуфтанд, ки бо дарназардошти вазъи саломатиашон, бидуни нақлиёти мусофирбар мондани ин гурӯҳи сокинон душвор аст.

Дар чаҳорчӯби бозсозии ҷодаи мошингард ба макони дигар интиқол додани муҷассамаи Абӯалӣ Сино низ дар назар аст. Ба иттилои мақомоти шаҳрдории Душанбе, муҷассамаи ин мутафаккири қарни 10-11, ки феълан дар ҷаҳорроҳаи Қарияи Боло қомат афрохтааст, ба наздикии бинои нави Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кӯчонида мешавад. Ин муҷассама соли 1980 ба ифтихори ҳазорсолагии Сино дар шаҳри Душанбе гузошта шуда буд.

XS
SM
MD
LG